12

Июл, 2025
Шанбе

12

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҶАШНВОРАИ АТЛАС ВА АДРАСИ ТОҶИК УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ ХОҲАД ШУД

Ҳамон тавре дар Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд иброз доштанд,  ҳадаф аз баргузории ҷашнвораи "Атлас ва адраси тоҷик"  тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик ба шумор меравад. Дар  ҷашнвораи мазкур 9 нафар тарроҳ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  бо истифода аз 30 навъ матои атласу адрас либосҳои гуногуни миллиро, ки аз навъҳои гуногуни атласу адрас барои кӯдакону навҷавонон  дӯхта шуда буданд, ба намоиш гузоштанд. Ба  ғолибони озмун аз рӯйи бахшҳои гуногун  ҷоизаҳо дар ҳаҷми 10 ва 8 ҳазор сомонӣ муайян шуда, онро  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард. Ёдовар бояд шуд, ки ҳамакнун дар 18 шаҳру навоҳии  вилояти Суғд 80 маркази атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, дар назар аст шумораи онҳо то охири сол ба 150 адад расад.  Дар ҳоли ҳозир наздик ба  600 нафар занону духтарон ба омӯзиши  асрори ҳунари атласу адрасбофӣ  ҷалб гардидаанд. Назар ба андешаи коршиносон, баргузории ҷашнвораи атласу адрас бо баробари такони ҷиддие додан ба рушди ин ҳунари аҷдодӣ, эҳёи суннатҳои миллии либосдӯзиву либоспӯшӣ, пешрафти иқтисоди миллии кишвар ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ барои бонувон, заминаи воқеиро барои шомил намудани ин матоъҳои миллии тоҷикӣ ба феҳрасти мероси фарҳанги  ғайримоддии Бахши  маориф, ҳунар ва илми  СММ  (ЮНЕСКО) фароҳам хоҳад  овард.

:.  Хабарҳо 26.10.2015 04:30 1714

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz