12

Июл, 2025
Шанбе

12

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СУҒД: САРВАРИ БОНУВОНИ ВИЛОЯТ БО «ДУХТАРОНИ ПРЕЗИДЕНТ» МУЛОҚОТ КАРД

Сарвари бонувони вилоят ибтидо аз баланд гардидани мақом ва манзалати зан дар ҷомеаи кунунии тоҷик, нақши ӯ   дар таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, шукуфоии ҳарчӣ бештари кишвар ҳарф зад. Таъкид дошт, ки бо пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2015 ҳамчун Соли оила як иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ  мешавад.

Сипас, Фирӯза Раҳимова бо камоли таассуф иброз дошт, ки дар вилоят бо вуҷуди баргузории иқдомоти лозима теъдоди ҷинояткорӣ  миёни занону духтарон, аз ҳам пошидани оилаҳо рӯ ба афзоиш аст. Аз ҷумла, дар соли сипаришудаи 2014 дар вилоят 565 ҷиноят  ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаи 2013  92 адад зиёд аст.   Соли 2014 шумораи умумии даст ба худкушизадагон  263 нафарро ташкил додааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2013  18 ҳодиса кам мебошад. Аз ҷумла, байни занону духтарон 125 ҳодисаи худкушӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки   нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда  - 3 ҳодиса кам аст.

Ҳамон тавре сарвари бонувони вилояти Суғд  Фирӯза Раҳимова ба хабарнигори «БТ» иброз дошт, ҳадаф аз баргузории силсиламулоқотҳо бо донишҷӯдухтарон ва устодонашон  омӯзиши андеша ва афкори онҳо дар мавриди мушкилоти доғи ҷомеа, таҳлилу баррасии онҳо ва қабул намудани иқдоми лозима ва мушаххас ҷиҳати рафъи он мушкилот дар ҷомеа аст.

Шарҳи мо:  Раиси Кумитаи занон ва кор бо оилаи  вилояти Суғд ҳафтае қабл ба иҷрои вазифаҳои хеш шуруъ кардааст. Вай 36 сол дошта, номзади илми ҳуқуқ мебошад. Қаблан вай мудири бахши дини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ифои вазифа намудааст. Оиладор, модари се фарзанд.

:.  Хабарҳо 06.02.2015 11:01 2359

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz