12

Июл, 2025
Шанбе

12

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАҶЛИЛИ ИДИ МАТБУОТ

Чорабинии идона дар театри драммавии ба номи Лоҳутӣ бо намоиши маводи чопии корхонаҳои табъу нашр, рӯзномаву маҷаллаҳои расмию давлатӣ ва хусусӣ огоз шуда, бо маҷлиси тантанавӣ ва маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони озмунҳои эълоншуда ва консерти идона чамъбаст гардид.

          Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков кормандони воситаҳои ахбори оммаро ба идашон табрик намуда аз роҳи тайкардаи матбуоти тоҷик мухтасар ёдовар шуд ва ба чанде аз идораҳои чопӣ ва рӯзноманигорони алоҳида диплому туҳфаҳои хотиравии вазоратро такдим намуд. Ҳамчунин, муовини аввали вазир Маҳмадсаид Пиров, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия М.Бандишоев ва раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба  ғолибони озмуни эълоншуда дар мавзӯи коррупсия диплому мукофотҳои пулӣ ва хотиравӣ  супориданд. Дар  чорабинии матбуотчиён аҳли нишаст мукофоти аз ҳама асосӣ - ҷоизаи ба номи устод Лоҳутиро интизор буданд,ки  онро кадом журналистон соҳибӣ мекунанд. Ва дар охир ин ҷоиза ҳам соҳибони худро ёфт. Дар боби маводи таҳлилии матбуот ба Гул Шарифов, намояндаи нашрияи «Чашмаи ҳаёт» ва мухбири рӯзномаи «Садои мардум» Ҳусейни Назрулло , барои барнома ва очеркҳои радиою  телевизионӣ ба Ғайратшоҳи Аҳмадзод ва Моҳсафар Яҳёева, ба корманди радио Алихон Зарифӣ ва барои асарҳои илмию публисистӣ дар соҳаи журналистика ба номзади илм Мирзоалӣ Ҷӯраев зери кафкӯбиҳои аҳли толор  ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ супорида шуд.

Ҳунарнамоии сарояндаҳои маҳбуби халқи  точик  Зикриоллоҳи Ҳаким. Нигора Холова, Нигина Амонқулова, Сирочиддин Фозилов ва дигар санъаткорони варзида хотири матбуотчиёнро шод ва дилҳоро фараҳ бахшид.

Р.НАЗИР

:.  Хабарҳо 12.03.2014 11:41 2463

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz