12

Июл, 2025
Шанбе

12

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИБОДАТИ ЗАНҲО ДАР МОҲИ РАМАЗОН

- Аз ин тоифаҳо танҳо пиронсолон, ки дигар умед бар доштани рӯза надоранд, Рамазон аз души онҳо бардошта мешавад. Вале 5 тоифаи дигар ҳамин ки ба ҳолати муқарарии зиндагиашон баргаштанд, қарзи рӯзҳои Рамазонро бо гирифтани рӯза адо мекунанд, - меафзояд Ҷамолиддин Хомӯшӣ.

Ин масъули Маркази исломӣ мегӯяд, моҳи Рамазон саросар савобу шарофат аст ва ҳар мусалмон муваззаф аст, ки ба анҷон додани амалҳои нек дар ин моҳ талош кунад. Нахуст, бояд фаризаҳои диниро адо кард ва дар рӯзҳои Рамазон рӯза дошту шабҳо намози таровеҳ хонд.

- Албатта, занҳо метавонанд дар манзилашон намози таровеҳ хонанд. Бе шак, агар ин амалҳоро анҷом бидиҳанд, дар номаи аъмоли онҳо савоби бузурге навишта мешавад. Ба болои ин, агар корҳои хайри дунявиро бо нияти холис анҷом диҳанд низ касби савоб мекунанд, - илова мекунад Ҷамолиддин Хомӯшӣ.

Бино бар гуфтаи ин масъули Маркази исломӣ, занҳо дар дини мубини ислом мартаба ва манзалати баланд доранд. Вай мегӯяд, дар Қуръони азиммушаън сурае бо номи занон нозил шудааст. Ин ҳам шаҳодат медиҳад, ки зан аз дидгоҳи дини ислом фазилату мартабаҳои зиёд дорад. Дар умури ибодат низ ба занҳо хеле осонӣ дода шудааст.

- Масалан агар зани ҳомила бар худ ё фарзанди батни худ бим дошта бошад, ки рӯза зиён мерасонад, дар ин сурат метавонад рӯзаро бихурад. Ҳамчуноне, ки Пайғомбар алайҳи салом фармуданд, Худованд аз мусофир рӯза ва нисфи намоз ва аз зани ҳомила ва ширдеҳ рӯзаро бардоштааст, -меафзояд ҷаноби Хомӯшӣ.

Ёдрас мешавем, бо қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 2 июли соли ҷорӣ, дар Тоҷикистон 9 июл рӯзи нахустни моҳи шарифи Рамазон эълон шуда буд. Бино ба иттилои ин Шӯро, бо наздик шудани охири моҳ иловатан поёни Рамазон эълон хоҳад гардид.

:.  Хабарҳо 10.07.2013 11:18 2165

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz