12

Июл, 2025
Шанбе

12

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КИТОБЕ АЗ ҲАЁТИ МУҲОҶИРОНИ КОРИИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ НАШР ШУД

Ба гуфтаи муаллиф, «Паррандаҳои муҳоҷир» маҳсули тадқиқоти анҷомшуда дар чанд шаҳри Русия аст, ки чаҳор қисса – «Бозгашт аз он дунё», «Доми фиреб», «Паррандаҳои муҳоҷир» ва «Рӯзи сиёҳи муҳоҷир»-ро дар бар мегирад. Қиссаҳо воқеӣ буда, аз ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия навишта шудаанд.

Муаллиф дар асоси далелу арқоми воқеӣ мушкилоти муҳоҷирон, аз қабили поймолшавии ҳуқуқҳои онҳо дар муҳоҷират, беасос нигоҳдории муҳоҷирон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва маҳбасхонаҳо, куштори муҳоҷирони тоҷик аз тарафи тоссарҳо ва миллатгароёни рус, фасод дар сохторҳои қудратии Русияро инъикос намудааст.

Китоби мазкур аз 144 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 1000 нусха нашр гардидааст. Муаллиф мегӯяд, «Паррандаҳои муҳоҷир» дар рӯзҳои наздик барои истифодаи васеи омма дар китобхонаҳои кишвар паҳн мешавад.

Адиб ва рӯзноманигори тоҷик тасмим дорад, ки давоми соли ҷорӣ асари навбатии худро ба нашр расонад. Ин китоб низ дар шакли қиссаву саргузаштҳо аз кору зиндагии ҳамватанони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ нақл мекунад.

Қобили зикр аст, ки Холиқназар Ҷумъаев тӯли солҳои 2004-2008 ба ҳайси хабарнигори махсуси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия фаъолият намуда, ҳаминак мушоҳидаву таассуроти хешро аз ҳаёти ҳамватанон дар ҳиҷрат рӯйи сафҳа меорад.

:.  Хабарҳо 05.07.2013 10:43 1742

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz