13

Июл, 2025
Якшанбе

13

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОМОДАГӢ БА ФЕСТИВАЛ

Намоишномаи ҳунармандони Хоруғ  ба қалами   дромнавис Абдувадуд Файзиев тааллуқ дошта, ҳунармандони ҷавон порае аз онро бо унвони «Шоҳ ва дузд»   саҳнавӣ гардонданд. Нақшҳои шоҳ, вазир ва дуздро ҳунармандон   Саидназар Ҳаловатов,  Ҷамшед Ҳаимов ва Сураҷ Сафаралибеков бозӣ мекунанд.

Коргардони намоишнома Ҷамшед Ҳакимов мегӯяд, ки ҳадафи аслии намоиш мубориза бо коррпусия буда,  бо ин саҳнача  онҳо мехоҳанд, дар  тафакури тамошобин моҳияти зарбулмасали мардумии «намак хӯрдӣ намакдон  нашикан»-ро ҷо кунанд.

Дузди айёре аз роҳи зеризаминӣ ба хазинаи шоҳ роҳ меёбад ва дар байни ҷавоҳирот ва зару  зевар ногоҳ дасташ ба ҷисми сахт бармехӯрад ва чун ламс мекунад ва мефаҳмад, ки намак аст, ба хотири пос доштани ҳаққи намак аз нияташ даст мекашад.

Ҳунармандон бо суханони буро ва пандомез,  ҳаракат ва тасвирҳои ҷолиб  аз  афроде, ки нону намаки давлат ва мардумро мехӯранд,   даъват  менамоянд, ки чун  ба ин неъмат онҳоро сазовор донистанд,   ба хазина ва хазинадори он бояд хиёнат накунанд ва вазифаашонро софдилона иҷро намоянду ҳаққи намакро  пос доранд.

Ҳунармандони ҷавон бовар доранд, ки намоишнома  писанди тамошобинон гардида,  бо зинда кардани   моҳияти зарбулмасали халқӣ  дар ҷилавгирӣ аз фасод  саҳм мегузоранд.

:.  Хабарҳо 14.05.2013 06:12 2031

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz