13

Июл, 2025
Якшанбе

13

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР ХУҶАНД ЗАРДОЛУИ НАВРӮЗӢ ГУЛ КАРД

- Соли гузашта Раиси вилоят як гурӯҳ рӯшанфикронро аз қабили меъморону рассомон, ҳайкалтарошону тарроҳон ва масъулини шаҳрдориро даъват карда,пешниҳод карданд,то  дар маркази шаҳр  яке аз рамзҳои баҳори тоҷикона интихоб ва насб карда шавад,- иброз дошт  Бахтиёр Қосимов.- Мутахассисон, баъд аз машварат ба чунин натиҷа расиданд, ки бояд дарахти зардолуи шукуфон сохта ва насб гардад. Зеро ҳарчанд дар Хуҷанд ва атрофи он нахустин шуда бодом гул мекунад ва он як навъ аз расидани баҳор мужда медиҳад, он рамзи баҳор буда наметавонад, зеро имкон дорад баъд аз шукуфтани бодом боз барф борида сардиҳои зимистон такрор шавад. Вале чун зардолу бишкуфт, баҳор  ва гармиҳои он бебозгашт меояд ва мардум бо баробари гул кардани зардолу ба кишти баҳории зироат шурӯъ мекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дарахти бузургу сершохаи зардолуро кормандони муассисаи ободонии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳнамоии мутахассисин аз қубури оҳанин омода сохта, тана ва  шоҳаҳои онро бо симтӯр печондидаанд. Муғҷаву гулҳои навшукуфтааш аз давлати Чин оварда насб шудаанд. Дарахти зардолуи рамзӣ то ба охири моҳи март дар ҷойи насбшуда хоҳад истод.

Сайру гаштҳои асосии наврӯзии имсола дар Хуҷанд дар Боғи Ғалаба, ки дар канори дарёи Сайҳун  воқеъ аст,  баргузор хоҳад шуд.

 

:.  Хабарҳо 20.03.2013 06:28 2249

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz