14

Июл, 2025
Душанбе

14

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

           Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз рӯзҳои сахти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла бесарусомониҳои солҳои 1991 ва 1992, ҷанги бародаркуш, қурбон шудани беш аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрванд ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти минбаъдаи давлату миллати мо нақши ҳалкунанда гузошт. Он барои раҳоии давлати навбунёд аз оташи ҷанг ва ҳамчунин, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам_овард.
           Тазаккур дода шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар мафкураи ҳар як сокини Тоҷикистон нақши муҳим гузошта, мардуми кишварро ба корҳои созандагӣ ҳидоят намуд, орзуву ормони халқро ба сохтори давлати демократӣ ва ташкили зиндагии осоишта қавӣ намуда, боиси афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба ояндаи орому осуда ва пешрафту тараққиёти давлат гардид. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи иштирокдорони иҷлосияи таърихӣ ва ҳар як нафаре, ки дар ташкил ва гузарондани он саҳм гузошта буданд, арзи сипос намуд. Сипосу миннатдории самимӣ, ҳамчунин ба Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳамаи созмонҳою давлатҳое, ки дар барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон ва таъмини рушди босуботи ҷомеа саҳм гузоштаанд, баён карда шуд.
           Дар фароварди сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки сарфи назар аз тадбирҳои зиёди созандаи давлату ҳукумат, ҳанӯз камбудиву масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Аз ин хотир бо изҳори бовару эътимод ба иродаи қавӣ, нерӯи созанда ва хиради азалии мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик таъкид гардид, ки “дар ояндаи наздик мо ҳама якҷо бо заҳмати созандаву ободгарона мушкилоти мавҷударо тадриҷан бартараф карда, зиндагии шоистаи мардуми кишварро таъмин менамоем».
:.  Хабарҳо 19.11.2012 16:39 2357

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz