14

Июл, 2025
Душанбе

14

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОМИЛҲОИ РӮ ОВАРДАНИ ҶАВОНОН БА ТАМОКУ

            Набудани ҷойи кор, никоҳи бармаҳал, дастрасӣ надоштани ҷавонони деҳот ба иттиллооти зарурӣ, зиёд шудани нашъамандӣ ва бемориҳои ВНМО миёни онҳо, риоя нашудани ҳуқуқи ҷавонон аз ҷониби сохторҳои қудратӣ,   муҳоҷирати ҷавонон, дастрасӣ надоштан  ба омӯзиш ва хизматрасониҳои тиббӣ аз мавзуъҳое буданд, ки зимни ин нишаст баррасӣ шуданд.

тренинг
          Якеа аз масъалаҳои дигари марбут ба ҳаёти ҷавонон, яъне майли онҳо ба тамокукаширо дар ин нишаст  Фарангис Аминова, намояндаи созмони «Нидои аср»,  маҳкум карда, қайд намуд, ки тамокукашии ҷавонон ва роҳҳои пешгирии онро тариқи ВАО журналистон ба таври ҳамешагӣ инъикос намекунанд.

            Иштиркчиёни нишасти мазкур сабаби афзоиш ёфтани шумораи тамокукашонро миёни ҷавонони Тоҷикистон  ба 4 омил рабт дода,  яке аз омилҳои  асосии онро таъсири муҳит унвон намуданд. Гуфта мешавад дар бархе  мактабу донишгоҳҳо  даст задани як гурӯҳ ҷавонон ба истеъмоли тамоку боиси он шудааст, ки ҳамсолони дигари онҳо низ аз онҳо «ибрат» мегиранд. Боиси таассуф аст, ки духтарон низ аз ин амали манфӣ дар канор нестанд.

            Омили дуюми рӯ овардани ҷавонон ба тамоку дастрас будани он аст. Ба қавли ширкаткунандагон ҳар мактаббачаву донишҷӯ озодона метавонад аз бозору мағоза дилхоҳ маҳсулоти тамокуро харидорӣ намояд.

            Мавриди зикр аст, дар Амрико қонуне амал менамояд, ки тибқи он ба ҷавонони то синни 21- сола кашидани сигору нӯшидани шароб манъ аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бархе аз коршиносони масоили иҷттимоӣ пешниҳод мекунанд, ки Дар Тоҷикистон ҳам чунин қонун ба тасвиб расад.

            Афтодарӯҳии наврасон омили сеюми истеъмоли тамоку миёни ҷавонон дониста шуд.  Яъне вақте наврас ба рӯҳафтодагӣ дучор мешавад роҳи наҷотро дар кашидани тамоку мебинад.

            Сабаби дигари тамокукашии ҷавонону наврасон худнамоишдиҳии онҳо дониста мешавад. Кайд гардид, ки бархе наврасон мехоҳанд бо кашидани сигор ва ё нос худро «одами калон»  ва «зӯр»  нишон диҳанд.

                                                                                                      Раҳимаи Аъзам

:.  Хабарҳо 24.10.2012 11:47 2917

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz