14

Июл, 2025
Душанбе

14

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

5 ОКТЯБР – РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

            Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст аҳли толор ва мардуми кишварро бо Рӯзи забон, ки аз соли 2009 ба ин ҷониб  таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муҳими тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номид.
            Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун дар қаламрави васеи Мовароуннаҳру Хуросон ёдовар шуда, ворисони имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят намуд.
            
Эмомалӣ Раҳмон
 
          Риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ, ба хусус барои кормандони матбуоти даврӣ, радио, телевизион, муассисаҳои табъу нашр, омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ва ҳамчунин ба падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон таъкид гардид.
             Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зикри супоришҳои иҷрошудаи худ доир ба таҳияи Барномаи рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар назди сохторҳои масъули давлатӣ вазифаҳои нав гузошт. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои нашри Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад.
            Вазорати маориф вазифадор шуд, ки дар иртибот ба таҷдид ва такмили усули таълими забони давлатӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва олӣ дар кӯтоҳтарин муддат тадбирҳо андешад.
            Бо таваҷҷуҳ ба фарҳанги номгузории ноби тоҷикӣ таъкид гардид, ки ба номгузории корхонаю муассисањо, ширкатҳо, мағозаю дӯконҳо ва навиштани шиору овезаҳо дар кӯчањову  хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забонҳои хориҷӣ роҳ дода нашавад.
            Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар мактабҳои деҳот низ бояд шароит фароҳам оварда шавад , то ки ҷавонони мо аз омӯхтани чанд забони хориҷӣ баҳраманд  гарданд.
:.  Хабарҳо 05.10.2012 05:41 3350

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz