16

Июл, 2025
Чоршанбе

16

Июл, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДУШАНБЕ БО ШАКУРӢ ВИДОЪ ГУФТ

            Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон, Алиасғари Шеърдӯст, ки низ дар ин маросим ширкат ва суханронӣ намуд, аз академик Шакурӣ ба унвони васлгари 3 кишвари форсигӯ – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон – ном бурд. Шеърдӯст ҳамчунин гуфт, фавти академик Шакурӣ барои ҷумҳурии Эрон низ талафоти бузург буда, дар ин мусибат мардуми Эрон ба аъзо нишастаанд.

            Дар ҳамин ҳол, сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон Абдулғаффори Орзу бо намояндагӣ аз мардуми афғон ширкат ва суханронӣ намуда, таъзияи раисҷумҳури ин кишварро ба хонадон ва дӯстони академии Шакурӣ расонид.

Муҳаммадҷон Шакурӣ дар сини 87 солагӣ субҳи рӯзи 16- уми сентябр дар бемористони Ибни Синои Душанбе даргузашт
          Зимнан, Муҳаммадҷон Шакурӣ дар сини 87 солагӣ субҳи рӯзи 16- уми сентябр дар бемористони Ибни Синои Душанбе даргузашт. Вай дар чанд соли охир бештар аз дарди гурда ранҷ мебурд.

            Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1925 дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945 хатм намуда, фаъолияти кориашро аз нашрияи «Тоҷикистони Сурх» шурӯъ кардааст.

            Шакурӣ тӯли шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ кор кардааст. Дар ин муддат ним ҳазор мақола ва 45 асари таҳқиқотӣ дар риштаиҳои адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ таҳия намудааст. Намунаҳои осори ӯ аз ҷумла «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», «Хуросон аст ин ҷо», «Садри Бухоро», «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» дар солҳои мухталиф дар Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар ба нашр расидааст.
:.  Хабарҳо 17.09.2012 11:59 2836

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz