13

Июл, 2025
Якшанбе

13

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДУХТАРОН АЗ ИДОМАИ ТАҲСИЛ ДАСТ МЕКАШАНД

            Дар ин бора тайи як нишастаи матбуотӣ Саидмухтор Ҷалолов сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд иттилоъ дод. Назар ба суханони ӯ масъалаи ҷалби духтарон ба зинаи саввуми таҳсил ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти марбута мебошад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на дар хама шаҳру ноҳияҳо дар ин самт ба пешрафт ноил шудаанд. Ҷалби духтарон барои зинаи саввуми таҳсил нисбат ба солҳои пешин дар шаҳрҳои Хуҷанд 2,1%, Қайроққум 3,6%, Истиқлол 4,9%, Чкалов 0,1%, Исфара 0,3% коҳиш ёфтааст.

            Дар соли хониши гузашта  дар вилоят синфи 11-ро 28226 нафар хатм кардаанд, ки аз он  13860 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ҷумлаи хатмкардагон 32,5% ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ки нисбат ба соли 2011 3,9% зиёд аст. Аз ҷумла, шомилшавии духтарон ба муассисаҳои олии таълимӣ нисбат ба соли пешин 3,1% афзудааст. Вале бо ин ҳама ин чиз боиси нигаронист, ки дар баробари духтарон  як қисм писарон низ хоҳиши идомаи таҳсилро дар синфҳои 10-11 надоштаанд.

            Коршиносон бар ин назаранд, ки коҳиш ёфтани теъдоди хоҳишмандони идомаи таҳсил дар зинаи саввум аз ҷумлаи духтарон аз як сӯ  марбут ба фаро гирифта шудани  онҳо ба касбу ҳунарҳо бошад, аз сӯйи дигар  ба иродаи  волидон вобаста аст. Волидайн мехоҳанд ҳарчӣ зудтар духтарони худро «бо номи нек» ба шавҳар бидиҳанд ва худро аз «ташвишҳои иловагӣ» халос созанд.

:.  Хабарҳо 14.01.2013 11:51 2046

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz