13

Июл, 2025
Якшанбе

13

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КУМИТАИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН НАФАҚАХӮРОНРО АЗ КОР ОЗОД КАРД

            Зимнан, иттилоъ дода шуд, ки дар нимаи дувуми соли ҷорӣ Кумитаи радио ва телевизион қасд дорад як шабакаи варзишии телевизиониро роҳандозӣ кунад. Раиси кумитаи мазкур гуфт, барои таъсиси чунин як шабака феълан шароит фароҳам аст.

            - Дар солҳои охир чандин толори варзишиву варзишгоҳҳо аз ҷониби соҳибкорон ва аз ҷониби худи Ҳукумат сохта шуд. Тақрибан ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ мусобиқоту чорабиниҳои варзишӣ доир мегардад. Фикр мекунам, аллакай заминаи таъсиси телевизиони варзишӣ дар Тоҷикистон муҳайё аст, - илова кард А. Раҳмонов.

            Хабари таъсиси телевизиони варзишӣ дар ҳоле эълон мегардад, ки соли 2012 аз ҷониби Комиссияи  литсензионии назди Кумитаи радио ва телевизион ба 5 шабакаи радио-телевизионӣ дар саросари кишвар иҷозаи фаъолият дода шудааст. Аз ин шумор 4 радио дар вилояти Суғд ва 1 шабакаи телевизиони тафреҳӣ дар Душанбе иҷозаи фаъолият дарёфт кардаанд.

            Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) барои таъсиси шабакаи радио-телевизионӣ ба Комиссияи литсензионӣ муроҷиат кардааст. Дар ин маврид А. Раҳмонов гуфт:

            - Дар санаи 14-уми декабри соли 2012 аз ҷониби ин ҳизб ба Комиссия ариза пешниҳод гардида буд. Мо посухи худро ба раҳбарияти ин ҳизб навиштем. Барои таъсиси шабакаи радио-телевизионӣ бояд маҷмӯи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кард, ки ҳоло ҲНИТ ҳуҷҷатҳои лозимаро таҳия накардааст. Дар сурати таҳия ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои лозима барои таъсиси шабакаи радио-телевизионӣ мо онро ба қайд хоҳем гирифт.

            Бино ба иттилои ин кумита, феълан дар Тоҷикистон 57 ширкати радио-телевизионӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор 9 шабакаи телевизиони давлатӣ ва 24 телевизиони ғайри давлатӣ, 9 радиои давлатӣ ва 15 шабакаи радиоии ғайри давлатӣ мебошанд.
:.  Хабарҳо 11.01.2013 09:50 2662

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz