14

Июл, 2025
Душанбе

14

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАҒОЗАИ «ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ»

                Дигар имкони ба фурӯш баровардани маҳсули ҳунарҳои дастии  бонувону духтарони ҳунарманд, амсоли гулдӯзӣ, зардӯзӣ, рӯйҷо, тоқию пероҳан ва либосҳои гуногуни мардонаю занона фароҳам омад.

                Раъно БобоҷоноваНазар ба суханони раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раъно Бобоҷонова Маркази иттилоотию машваратӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи ду барнома: «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои ҷавон дар соҳаи шуғлу меҳнат» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои болаёқат аз бонувон дар солҳои 2008-2015» таъсис дода шуда он дар арафаи Иди модарону духтарон ба фаъолият шурӯъ карда буд.

                Барои амалӣ шудани ин барномаҳо ва фаъолияти марказ  имсол аз ҳисоби буҷа, 21 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Дар назди маркази мазкур дафтари ёрии ҳуқуқӣ низ фаъол буда, тайи чанд моҳи фаъолият, беш аз 50 нафар аз ӯ маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ гирифтаанд. 

                Ҳамчунин, дар марказ маҳфили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, хайётӣ, рӯзгордорӣ, омӯзиши забони англисӣ ва таълими Алифбои форсӣ фаъолият менамоянд, ки асосан бонувону духтарони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд, ашхоси хушунатдида, занони бекору  иштиёқманди ҳунаромӯзӣ аз аксар шаҳру навоҳии вилоят ҷалб карда шудаанд.

                Маҳсули дастони ҳунармандон то харидор пайдо кардан, бо пешниҳоди  раиси вилоят,  аз ҷониби  корхонаҳои буҷавӣ, ки ба ин навъ маҳсулот ниёз доранд, харидорӣ мешаванд.

                – Мо умед бар он дорем, ки бонувон ва духтароне, ки дар ин марказ таҳсил мегиранд, дар оянда фаъолияти истеҳсолии худро дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ хоҳанд монд. Дар нақша аст, ки барои қисман рӯйпӯш намудани хароҷотҳои марказ Интернет-мағозаи фурӯши  корҳои дастии ҳунармандон таъсис дода шавад.  Ба ғайр аз ин, дар назди марказ як ширкате бо номи «Озодакор» таъсис дода мешавад, ки кормандони он ба тозаву тамиз кардани коргоҳҳои давлативу хусусӣ машғул хоҳанд шуд. Ин ҳама иқдомҳо ба хотири пурқувват кардани хазинаи марказ аст, – хушбинона изҳор менамояд, Р.Бобоҷонова.

                Дар назар аст, ки дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чунин марказҳо фаъол шаванд. Гуфта мешавад, ки бинои маркази иттилотию машваратии назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо кӯмак ва дастгирии созмонҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои давлатию  хусусӣ, соҳибкорони ватанӣ  аз таъмир бароварда шуда, хароҷотҳои марбут ба барқу об, маоши мураббиён ва хариди ашёи хом барои чаҳор сол бар зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вогузор шудааст.

:.  Хабарҳо 25.07.2012 12:05 2512

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz