14

Июл, 2025
Душанбе

14

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТҲО БА ТАНЗИМ ДАРОВАРДА МЕШАВАД

         Дар ин бора Рустам Менглиев вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба адвокатура ниёз ба тағйиру иловаҳо дорад. Қонуни қаблии адвокатура бошад, аз соли 1995 амал мекунад.

                То кунун як қисми адвокатҳо аз тариқи литсензияе, ки аз тарафи вазорати адлия дода мешуд, ба кор қабул мешуданд. Қисми дигари адвокатҳоро коллегияи адвокатҳо иҷозаи фаъолият медод.

                – Мақсад аз ҷорӣ намудани механизми ягонаи ба кор қабул кардани адвокатҳо ҷиддитар намудани фаъолияти касбии онҳост. Давлат кафолати таъмини ёрии ҳуқуқии шаҳрвандонро медиҳад, корафтодагон бояд дилпур бошанд, ки ҳуқуқҳояшон аз ҷониби адвокати ҳирфаӣ ва донишманди соҳа ҳимоя мешавад, – қайд кард Р. Менглиев.

                Дар илова ба зарурияти тағйири қонун дар бораи адвокатура вазири адлия иброз дошт, ки дар кишвар ҳамчунин системаи ягонаи меъёри пардохти музди хизматрасонӣ барои ёрии ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Имрӯз гурӯҳи корие дар масъалаи муайянкунии ҳаққи хизматрасонии ягона кор мебаранд.

                – Расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз самтҳои мураккаб ва ҳамчунин кӯмакҳои оддӣ иборат аст. Аз ин рӯ муайян намудани меъёри пардохти ягонаи ҳаққи хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки аз шаҳрвандони эҳтиёҷманд барои кӯмакҳои ҳуқуқӣ маблағи аз ҳад зиёд ситонида нашавад. Масъалаи расонидани кӯмакҳои ройгони ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони камбизоат низ баррасӣ шуда истодааст, - гуфт вазири адлия.
:.  Хабарҳо 24.07.2012 10:05 2369

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz