14

Июл, 2025
Душанбе

14

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МЕВАИ ХУШКИ ТОҶИКИСТОН БОЗОРГИР АСТ

                Дар ин бора Сироҷиддин Валиев, сардори Раёсати «Тоҷикматлубот» зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

                Ба гуфтаи манбаъ ҷониби Украина барои минтақаи кӯҳистони вилояти Хатлон ба маблағи 300 ҳазор доллар дастгоҳи коркарди меваи хушкро ваъда кардааст.

­                – Бо назардошти захираи фаровони мева дар вилояти Хатлон дастрасӣ ба чунин дастгоҳҳои замонавӣ бар манфиати кор хоҳад буд. Дар ин ҳол сокинони вилоят имкон доранд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.

                Масъулин бар ин назаранд, ки имрӯзҳо тавассути соҳибкорони тоҷик меваи хушки Тоҷикистон дар бозори давлатҳои аврупоӣ низ харидор пайдо намудааст. Меваи хушки мо дар байни давлатҳои Осиёи Миёна ҳам харидорони худро дорад. Масалан, содироти хушкмева аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон соли равон 269 тоннаро ташкил додааст.

                Кишоварзони вилояти Суғд аз пешсафони соҳа ба ҳисоб рафта дар нишаст махсус қайд карда шуд, ки агар истифодаи самараноки замин ва парваришу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар дигар минтақаҳо низ мисли онҷо ба роҳ монда шавад, Тоҷикистон дар содироти меваю сабзавот дар минтақа мавқеи хос пайдо мекунад. 

                Гуфта мешавад, ки то соли 2011 харидори асосии меваи хушки Тоҷикистон Федератсияи Россия ба ҳисоб мерафт. Аммо баъди эроди мақомоти ин кишвар ҳукумати Россия содироти хушкмеваи Тоҷикистонро ба кишвараш манъ намуд. Имсол аз маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Федератсияи Руссия танҳо сабзавот, ба хусус пиёз содир шудаасту халос.

:.  Хабарҳо 19.07.2012 09:00 2476

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz