14

Июл, 2025
Душанбе

14

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ТАШАББУСИ БОНУИ СОҲИБКОР ИСТИҚБОЛ КАРД

                Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иттилоъ дод. Назар ба суханони ӯ дар ин корхонаҳо беш аз ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

                Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави вилояти Суғд 276 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, тайи ним соли соли ҷорӣ онҳо ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сесад миллион сомонӣ зиёд аст.

                – Мо бояд барои таъсиси корхонаҳои хурду миёна тамоми шароитҳоро фароҳам оварем, – таъкид дошт сарвари вилоят. – Зеро ин корхонаҳо хусусианд ва соҳибкорон мекӯшанд, ки корхонаашон аз кор намонад.

                Дар мавриди бунёдкориву ободкориҳо аз ҷониби соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, раиси вилоят қайд кард, ки саховатмандон дар қаламрави вилоят кам нестанд. Онҳо аз ҳисоби маблағҳои худ мактабу толорҳои варзишӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд мекунанд.

                – Ба ман ғолиби даври чоруми экстрасенсҳои Россия, бонуи соҳибкор Турсуной Зокирова пешниҳод кард, ки  дар паҳлӯи маҷмааи фароғатии «Манижа», ки соли гузашта дар шаҳри Қайроққум худ бунёд карда буд, хонаи истиқоматии панҷошёнае бисозад. Ин нафар ният дорад, ки 40 дар сади ҳуҷраҳоро барои оилаҳои камбизоат ба таври ройгон тақдим намояд. Мо дар ин иқдом барояш муваффақият таманно намудем, - гуфт  Қ. Расулзода.

                Аз рӯи гуфти масъулин  то охири сол дар қаламрави вилояти Суғд дар назар аст 100 корхонаи нав бунёд гардад.

:.  Хабарҳо 17.07.2012 07:02 2342

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz