14

Июл, 2025
Душанбе

14

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

100 000 СОМОНӢ БА БОНУИ МУВАФФАҚ

                БОНУИ МУВАФФАҚБа гуфтаи  Гулбаҳор Маҳкамова раиси АМЗСТ ба василаи ин озмун дастандаркорон мехоҳанд занҳоро ба соҳаи соҳибкорӣ  ҷалб намуда, дар рушди соҳа кӯмак намоянд. «Ҳадафи мо ин аст, ки бонувон соҳиби ҷойи кор гардида, вазъи иқтисодиашонро беҳтар намоянд. Мутаасифона,  дар Тоҷикистон занони роҳбар дар бахши соҳибкории хурду миёна ниҳоят камшуморанд. Ҳол он ки дар кишваҳое мисли Руссия 45 фоизи соҳаи соҳибкории хурду миёнаро бонувон роҳбарӣ менамоянд. Ин рақам дар давлатҳои Малайзия, Филиппин ва Ҷумҳурии мардумии Чин 70 фоизро ташкил медиҳад. Бештари занҳои мо ба муваффақ шуданашон дар соҳаи тиҷорат бовар надоранд».

                Ба гуфтаи масъулин ин озмун аз рӯи шаш номгӯй:  соҳаи хизматрасонӣ, истеҳсолот ва хӯроки умумӣ; ҳунармандӣ; хоҷагии қишлок;  оғози тиҷорат (старт ап);  соҳаи зебоӣ, мӯд ва дизайн; соҳаи хизматрасонии тиббӣ ва таълимӣ баргузор гардида, ғолиби он  соҳиби  тӯҳфаи пулӣ мегардад.

                Замирахон Қаҳҳорова, соҳибкор аз ноҳияи Ашт, ки дар бахши кишоварзии озмун иштирок дорад, иброз дошт, ки чунин озмунҳо дар омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар байни соҳибкорзанони кишвар нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, ин озмун барои  рушду пешрафти занҳои соҳибкор мусоидат намуда, дар  ҳалли бисёре аз мушкили онҳо нақши муҳим мебозад.

                Салима, як соҳибкори дигар дар бахши ҳунармандӣ мегӯяд, ки дар рӯзи нахустини ин озмун аллакай роҳи ҳалли бисёр аз мушкилиҳои фаъолияти соҳибкории худро пайдо кард. Маҳз дар ин ҳамоиши бонувони соҳибкор ӯ харидорони маҳсулоти ҳунарҳои дастии истеҳсолнамудаашро аз ҳисоби иштирокчиёни озмун дарёфт намуд.

                Дилбар Турсунова, раиси кулли маркази зебоии «Шоира-Люкс» иштирокчии бахши мӯд ва зебоӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки дар ҳоле талабот ба сару либоси арусӣ зиёд аст, аммо дар кишвари мо ширкати истеҳсолкунандаи ин намуди либос вуҷуд надорад. Мо  барои таъсиси чунин як ширкати истеҳсолкунандаи сару либоси арӯси шарикони худро меҷӯем.

                Дар ҳамин ҳол Гулбаҳор Маҳкамова роҳбари АМЗСТ ташкил ва баргузории чунин  як озмунро барои  истифодаву табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ хеле зарур арзёбӣ намуд.

                Дар шароити кунунӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи бонувони соҳибкор ба муаррифӣ ниёз дорад, мегӯянд коршиносони соҳа.  

                Мунира Тағоева, донишҷӯи соли 5-уми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат қайд намуд, ки натиҷаи иштирок дар озмуну тренингҳои зиёд буд, ки  лоиҳаеро дар мавзӯи туризм ва муҳити зист, ки соҳаи сердаромаду муҳим барои ҷомеа дониста мешавад, таҳия намудааст. Ӯ бовар дорад, ки имконияти дар ҷодаи туризм муваффақ шудани бонувон  зиёдтар аст.

                – Ман чанд лоиҳа доир ба туризм ва муҳити зист дорам, ки барои амалӣ намудани он  тасмим гирифтам ба Олмон рафта, фаъолиятамро идома диҳам. Олмон яке аз кишварҳои аз нигоҳи туризм пешрафта аст, мегӯяд Мунира Тағоева.

                Бояд қайд кард, ки хазинаи озмун барои ғолиб 100 000 сомонӣ муайян шуда, дар назар аст, ки озмуни «Фараҳ-2012» моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷамъабаст гардад.                                                                                                                                      

:.  Хабарҳо 13.07.2012 10:51 2587

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz