14

Июл, 2025
Душанбе

14

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТОҶИКИСТОН ВА ОЗОДИИ БАЁН

Зиёда аз 120-нафар журналистони ВАО аз марказ ва вилояти Хатлон дар ин ҳамоиш ширкат варзиданд.

Пеш аз шурӯъи кори конфронс филме перомуни ҳаёт, фаъолият ва сарнавишти баъдии оилаҳои бархе аз қаламкашони шаҳид ва фавтидаи тоҷик намоиш дода шуд. Лаҳзаи сукут ба хотири журналистони фавтида низ чун ҳамасола риоя шуд.

Дар оғози конфронс, ки баъдан кори он дар се гурӯҳ идома ёфт, сарварони бархе аз созмонҳои журналистӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карданд.

Аз ҷумла Акбари Саттор-раиси иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, ки баъдан ҳамчун сервазифатарин шахси сол соҳиби дипломи созмони «Афрӯз» гашт, чунин гуфт:

«Хеле хушоянд аст, ки созмонҳои ҷамъиятии журналистӣ сол аз сол ба ҳам тифоқтар мегарданд ва шарикиро дар корҳои ҷамъиятӣ хуб ба роҳ мемонанд, ки мисолаш ин ҳамоиши имрӯза аст.»

Мавсуф бо табрики аҳли нишаст ба муносибати Рӯзи озодии баён ибрози андеша намуд, ки: «Се омил таъмингари озодии баён аст. Ҷасорат, касбият ва риояи одобу ахлоқи касбӣ.»

Сарвари анҷумани Миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Н.Қаршибоев аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки қазияҳои судӣ нисбати журналистон ва нашрияҳо имсол кам гаштаанд. Вале сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки новобаста ба муроҷиат ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи нави қонуни матбуот аз ҷониби Парлумон баррасӣ нагаштааст. Масъалаи дар ниҳодҳои гуногун ба қайдгирии нашрияҳо низ то ҳол номушаххасу нигаронкунанда арзёбӣ гардид.

То ҳанӯз даъвоҳои судӣ ва талаби маблағҳои гӯшношуниди даъвогарон боқӣ буда, танҳо бурди нашрияи «Миллат» дар мурофиаи судиро метавон аз муваффақияти журналистон дар чунин даъвоҳо шумурд.

Нафаре, ки нахост номаш зикр шавад, ибрози назар намуд, ки ин ҳама ҳангомаҳо сохта буда, баъдан аз ин тариқ нашрияҳо аз созмонҳои байналмилалӣ грантҳои калон мегиранд.

Вале Хуршеди Атовулло бо овардани чандин сабаб ва далелҳо гуфтаҳои хешро тақвият бахшид, ки озодии баён дар Тоҷикистон зери хатар аст. Мавсуф набудани қонун, номуайянии литсензиягирӣ, бастани торномаҳои интернетӣ, бо роҳи сунъӣ монеаэҷодкунӣ барои баъзе нашрияҳо ва ҳатто таҳдид ба ҷони бархе аз журналистонро аз зумраи чунин хатарҳо шуморид. Вале барои ҳозирин номушаххас буд,ки воиз ба ин гуфтаҳои баъдӣ чи мисоле дорад.

Дар ин ҳамоиш масъалаҳои: эҳтиром нагузоштани ҳуқуқи инсон аз ҷониби бархе аз журналистон, риоя нашудани одоби корӣ, матлабҳои тиҷоратиро чун мақолаҳои журналистӣ пешниҳоди хонанда намудан, пастии сатҳи маоши рӯзноманигорон, хабардӯздӣ ва чандин мушкилоти дигар чун масоили ҳалталаби соҳаи журналистика эътироф шуданд. Як пурсиши аҳли нишаст аз ҷониби сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Индем» Саймиддин Дӯстов собит намуд, ки ҳамагон бар ин назаранд, ки озодии баён дар Тоҷикистон ҳаст, вале бархе   ҳам бар ин назар буданд, ки ким-чи  хатаре барои аз байн рафтани онро ҳам,  набояд нодида гирифт.

Ҳуриннисо Ализода

PS: Чанд ташкилоти журналистӣ бо истифода аз ин ҳамоиш озмунҳои худро ҷамъбаст намуда,  ғолибонро мукофот доданд. Ҳарчанд аз  рӯйи «реплика»-ҳои аҳли қалами  онҷобуда,  чун ҳамсола баъзе аз  мукофотонӣ боз «аввал хешону баъд дарвешон» шуд, вале ҳамаи эътирофшудагонро аҳли қалами «Бонувони Тоҷикистон» муборакбод мекунад.

:.  Хабарҳо 04.05.2012 11:38 2297

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz