15

Июл, 2025
Сешанбе

15

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Гурӯҳҳои дастаҷамъӣ

Чӣ бояд кард, то  фаъолияти гурӯҳҳои ҳамдастӣ устувору пойдор гардад  ва аъзои он битавонанд  кооперативҳо таъсис диҳанд? Барои баррасии ин ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти гурӯҳҳои  ҳамдастӣ дар шаҳри Исфара бо ибтикори Иттиҳодияи «Зан ва ҷомеа» ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара мизи гирд дар мавзӯъи: «Ҷалби ичтимоии оилаҳои  муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон, Дурнамои рушди гурӯҳҳои ҳамдастӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони гурӯҳҳои ҳамдастӣ, созмонҳои байналхалқию ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Гурӯҳҳои дастаҷамъӣ

Назар ба суханони сарвари Иттиҳодияи ҷамъиятии «Зан ва ҷомеа» Муяссара Бобохонова моҳи сентябри соли 2010 иттиҳодияи онҳо аз ҷониби созмони байналмилалии Бонувони Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси шарики миллӣ оид ба татбиқи Барномаи минтақавии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ пазирифта шудаанд. Яке аз бахшҳои лоиҳаи мазкур фарогирии иҷтимоии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
-Мо барои ҷалби ҳарчи бештари бонувони бекор ба гурӯҳҳои хамдастӣ як силсиладарсҳои омӯзишӣ доир карда истодаем,- мегӯяд Муяссара Бобохонова.- Азҷумла, мавзӯъи дарсҳои тамринотии моро  омилҳои рушди гурӯҳхои ҳамдастӣ, гендер ва сабабҳои хушунати оилавӣ, истифодаи оқилонаи буҷаи оилавӣ, роҳхои расидан ба муваффақият, бонуи соҳибкор, барномарезии тиҷорат ташкил медиҳанд.
Барои устувору пойдории гурӯҳҳои хамдастӣ созмонҳои байналмилалию миллии молиявӣ, ки дар Точикистон фаъолият доранд,  дасти кӯмак дароз намуда истодаанд.
 Сокини ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара Мунирахон Юлдошева, ки  солҳо бекор буд, баъд аз фаро гирифтани дарсҳои  омӯзишӣ тасмим гирифт, то чунин як гурӯҳро таъсис диҳад. Алҳол ӯ дар атрофи худ чаҳор нафар бонувони бекори маҳалларо сарҷамъ намуда, ба шикастани донаки зардолу ва фурӯши мағзи он машғул аст.
-Мо бо соҳибкорони афғону туркман ҳамкорӣ дорем ва маҳсулоти хешро ба онҳо пешкаш менамоем,- иброз медорад Мунирахон.- Ният дорем, ки гурӯҳи худро ба кооператив табдил диҳем ва таҷҳизоти нави замонавӣ бихарем. Ба ин васила соҳаи тиҷорати хешро васеъ намуда, теъдоди ҳарчӣ бештари одамони бекорро ба кор ҷалб созем.
Назар ба суханони ҳамоҳангсози лоиҳаҳои  созмони Бонувони СММ дар Тоҷикистон хонум Вилоят Мирзоева хадафи ниҳоӣ аз бароҳандозии лоиҳаи мазкур ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба гурӯҳҳои хамдастӣ ин беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва бо ин роҳ  паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аст.
-Мо умед бар он дорем, ки сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо низ таҷрибаи гурӯҳҳои ҳамдастиро омӯхта, онро дар маҳалҳои худ таъсис хоҳанд дод, - афзуд Вилоят Мирзоева. Бояд гуфт, ки дар мизи гирди мазкур чахор нафар аз бонувони қирғиз, ки ҳамоҳангсозони миллии лоиҳаи мазкур дар вилоятҳои Ботканду Ӯш, Таласу Чуй мебошанд ширкат варзиданд.                                                                                              
 
Тилав Расулзода
:.  Хабарҳо 02.04.2012 07:47 2821

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz