15

Июл, 2025
Сешанбе

15

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШАҲРДОРӢ ВА РӮЗИ МОДАР

     Дар қатори даҳҳо занони фаъоли шаҳр боз 41-нафар ҳамсарон ва  модарони афсарону аскарон -   шаҳидони ҷангҳои шаҳрвандӣ ва баъди он даъватӣ  буданд.
     Чуноне  ки шаҳрдор зимни сухангӯйии хеш  таъкид намуд,  ба ин ҷашн намояндагони (бригадирҳои) занҳои кӯчарӯб даъват шуда буданду ин ба хотири он аст, ки поккориву гулкорӣ ва дар сармои қаҳратуни имсола аз барфу яхбандӣ тоза кардани кӯчаҳои шаҳр ҳосили заҳмати эшон аст.
     Ҷаноби Убайдуллоев дар навбати худ дар ҳаққи занону модарон бо эҳтиром сухан гуфт, аз мушкилоти шаҳру шаҳрдорӣ  барояшон  қисса кард. Раис инчунин қайд намуд, ки ба ин толор он  журналистоне даъват шудаанд, ки «моро бисёр танқид мекунанд».  Мавсуф  ба  суроғаи журналистон барои нашри матолиби интиқодии беасос таҳдидҳо фиристод  ва  ба занҳо «ваъда» дод, ки чакдону дегдону танӯрҳо (ҳар шакле, ки бошанд) аз маҳаллаҳо канда мешаванд, то пойтахт намуди шаҳр дошта бошад.
     Мавсуф қайд кард, ки шаҳр макони зисти онҳое буда метавонад, ки қудрати молии зистро дар пойтахт доранд. Яъне, агар зӯри касе ба хариди нон, ки то рафт қимматаш меафзояд ва ё сохтани хонаҳои ба талаботи шаҳрдорӣ  ҷавобгӯ  буда, намерасад, бояд дарк  созад, ки ҷойи ӯ пойтахт  нест.
     Шаҳрдор дар суханронии хеш борҳо таъкид бар он дошт, ки чун як шахси худотарс тамоми фаъолияти хешро ба хидмати мардум мебахшад ва ҳар амале, ки мекунад дар доираи қонун ва имон амалӣ мешавад.
     - Барои Убайдуллоев ба ғайр аз талаботи қонунҳо дигар на маҳаллу миллат, на шиносу хешутаборбозӣ ва на илтимосу миёнаравии касе таъсиргузор нест - гуфт ӯ. Мавсуф  ҳамчунини таъкид бар он дошт, ки аввал аз Худо метарсад, баъдан сиёсату ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ месозад ва ахиран ӯ ҳамон нафари принсипнокест, ки барои хидмат дар вазифа ҳама чиро қурбон мекунад.
     Ид-маҷлиси (дар суханронӣ аз табрикот дида, перомуни масъалаҳои ҳалталаб бештар сухан гуфта шуд) раиси шаҳр  дар  хотираам  андешаеро зери суол  кард: «Убайдуллоев  ҳангоми ҷашну маърака ҳам  ба худ иҷозаи  фурсате тафреҳ доштан  ё  «озод будан»-ро  намедиҳад.  Аҷабо ин хислати модарзодӣ бошад ё сиёсатмадорӣ?»
     Меҳмонони  раиси шаҳрро тӯҳфаҳо, «як пиёла чой» ва консерти идона низ интизор буд. Модарон рақсиданд, аз раис сипосгузорӣ карданд, ба ӯ суолҳо доданд ва ҳалли мушкилоташонро низ талаб карданд.
  Ҳ. Ализода
:.  Хабарҳо 12.03.2012 12:18 3679

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz