15

Июл, 2025
Сешанбе

15

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САРЧАШМАИ АХБОР БОЯД МАХФӢ БИМОНАД

Ӯ барои муқоиса аз қонунгузориҳои ҷумҳуриҳои Укроин ва Гурҷистон мисол овард, ки барои пинҳон доштани сачашмаи иттилоот ба журналист имконият фароҳам оварда, аз назари қонун манофеи кишвар ва рӯзноманигорро ҳимоят менамоянд. Ба назари И. Иноятов бояд қабл аз қабули қонуни нав доир ба матбуот камбудиҳои мавҷудаи ин қонун, ки солҳои аввали 90 – ум дар ҷумҳурӣ қабул шуда буд, ба инобат гирифта шаванд.

Марат Мамадшоев, муҳарири ҳафтаномаи «Азия плюс» дар мавзӯи «Сарчашмаи ахбор – тухми низоъ миёни идораи рӯзнома ва мақомоти тафтишотӣ, натиҷагирӣ ва мурофиаи судии ҳафтаномаи «Азия плюс» сухан гуфта, таъкид намуд, ки вазоратҳо ва идораҳои қудратӣ ҳангоми пеш омадани баҳс миёни тарафҳо, қабл аз ҳама кушодани сарчашмаҳои газетаро талаб мекунанд, ки аз назари қонун нақз шудани ҳуқуки журналист ва сарчашмаи ахбор мебошад. «Бояд қонунгузорӣ тавре сурат бигирад, ки идораи ҳафтанома ҳангоми рух додани баҳс миёни ҷонибҳо битавонад номи сарчашмаи иттилои хешро ошкор насозад, зеро ин ҳам аз назари этикаи журналистӣ, ҳам инсонӣ  ва ҳам қонуни матбуот нохушоянд аст», – гуфт М. Мамадшоев.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, муовини раиси АМАВОТ бошад, дар масъалаи «Бархӯрди манофеъ ва ё нокомии қонун?» ба ҳозирин  гузориши худро пешниҳод намуда, ёдовар гардид, ки дар таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бархӯрди манфиатҳо дар додгоҳҳои кишвар миёни журналистон, газетаҳо ва идораҳои қудратӣ ба нафъи сохторҳои қудратӣ анҷом ёфта, рӯзноманигорон ё ба ҷаримаҳои вазнин муттаҳам шудаанд,ё ҳафтаномаҳо баста шудаанд. «Ин вазъ боиси латма хӯрдан обрӯйи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилал мегардар, - таъкид намуд ӯ.

Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯро оид ба ВАО –и Ҷумҳурии Тоҷикистон пиромуни масъалаи «Ҳудудҳои салоҳияти маънавию ахлоқии рӯзноманигор, ки пас аз он амали Кодекси ҷиноятӣ шурӯъ мешавад» гузориш пешниҳод  намуд, ки боиси барангехтани баҳси доманадоре миёни ширкаткунандагони мизи мудаввар гардид.

Сергей Романов, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон» дар бораи меъёр ва стандартҳои байналмилалии танзимкунандаи масъалаҳои марбут ба махфияти сарчашмаи ахбор сухангӯйӣ  намуд.

Ширкаткунандагони мизи мудаввар оид ба масъалаҳои мазбур изҳори назар намуда, ба таъсисидиҳандагони он тавсия доданд, ки механизме таҳия гардад, ки натиҷаҳои ин нишаст ба Парлумон расонида гардад. Зеро таҷриба тасбит менамояд, ки аксаран нишастҳо анҷом мешаванду пешниҳод пазируфта мегарданд, аммо онҳо рӯйи коғаз монда, ба гӯши масъулин намерасанд. Ҳол он ки бе доштани қонуни мукаммал оид ба матбуот ва ҷавобгӯ ба шароити муосир на журналистика ба дарди ҷомеа мехураду на сарчашмаи ахбор аз ҷониби қонун ҳимоя мешавад.

:.  Хабарҳо 24.11.2011 09:59 4022

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz