15

Июл, 2025
Сешанбе

15

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХАЛАБОНҲО ОЗОД ШУДАНД

Дар оғози мурофиа ёвари додситони вилояти Хатлон Толибҷон Азимов ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро нисбат ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро вазнин хонда, аз Коллегияи додгоҳи вилояти Хатлон талаб кард, ки ин ҳукмро камтар кунад.

 Аммо Ғулом Бобоев, вакили мудофеи халабонҳо аз додгоҳ хост, ки нафарони таҳти ҳимояти ӯро аз толори додгоҳ озод ва ҳамчунон "сафед" кунад. Вале на намояндаи додситонии Хатлон ва на вакили мудофеи халабонҳо дар бораи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" ва як муҳаррике, ки ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шудааст, ҳарфе нагуфтанд. Ҳатто дар шикояти кассатсионии ду халабон дар ин бора ишорае нарафтааст.

Аз рӯйи маълумоти пешӣ дар таърихи 8-уми ноябр  Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа  ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ва қочоқ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард.

Ҳарчанд, намонядаи додситонӣ ва муҳофизи ҳуқуқии халабонҳо мегуфтанд, ки ин парванда ангезаи сиёсӣ надорад, аммо таъсири он ба робитаҳои Тоҷикистону Руссия будубошти муҳоҷирони кори мо бе таъсир намонда буд.

Дар берун аз панҷараҳои додгоҳи вилояти Хатлон теъдоди зиёди шаҳвандони Тоҷикистон ҷамъ шуда буданд, ки ҳукми додгоҳро интизор буданд. Сафарали Раҳматов як сокини Хатлон гуфт:  «Мо интизори онро дорем ки халабонҳо озод шаванд то фарзандони муҳоҷири мо аз таҳхонаҳои Руссия баромада, озодона аз пайи кору зиндагӣ шаванд. Мо ҳукми додгоҳро шунидан замон ба фарзандонамон телефонӣ хабар медиҳем».

:.  Хабарҳо 23.11.2011 04:45 3860

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz