Дар қаламрави Хатлон омори ҷудошавии оилаҳо афзоиш ёфтааст, аммо ҳолатҳои бастани аҳдномаи никоҳ, ки гарави баробарҳуқуқии зану мардро дар моликияти оилавӣ таъмин мекунад, ангушшумор аст.
Суҳроб Азизов сардори идораи нотариалии давлатии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ҳанӯз сокинони вилоят ба бастани шартномаи никоҳ таваҷҷӯҳ надоранд. Ба гуфтаи ӯ бастани аҳдномаи никоҳ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ихтиёрӣ аст. Аммо дар асоси тағйиротҳои нав дар кодекси оила барои ҷавонмардони хориҷие, ки бо бонувони тоҷикистонӣ оила барпо мекунанд, бастани аҳдномаи никоҳ шартӣ аст.
Бояд гуфт, ки мақсад аз тасвиби Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бастани аҳдномаи ақди никоҳ ин таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар соҳиб шудан ба моликияти оила мебошад.
Коршиносони масоили иҷтимоӣ иброз медоранд, ки гарчанде тибқи қонунҳои мавҷуда бастани аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ аст, аммо мебояд оилаҳоро барои бастани чунин шартномаи никоҳ ҷалб намуд. Зеро дар бештар мавридҳои аз ҳампошии оилаҳо занон ва ҳатто тифлони онҳо аз моликияти оила маҳрум шуда, дар кӯча мемонанд.
Аз рӯи маълумотҳои мудири САҲШ вилояти Хатлон Саодат Сироҷова дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 743 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳолат зиёд мебошад. Аз 743 ҳолати ҷудошавии оилаҳо 440 ҳолат ба қарори судҳо анҷом шудааст. Инчунин дар ин давра омори бастани ақди никоҳ дар нисбати шаш моҳаи соли гузашта 2037 ҳолат зиёд мебошад. Сабаби афзоиши омори оилаҳои аз ҳам ҷудошуда ин аст, ки бештари оилаҳо дар солҳои пеш ҷудо шудаанд ва то пайдо нашудани зарурият мардону занон барои расман ҷудо шудан ба шӯъбаҳои дахлдор муроҷиат намекунанд.
Ба гуфтаи Бедилхон Одинаев сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон бастани аҳдномаи никоҳ барои оилаҳои аз ҳам ҷудошуда имкон медиҳад, ки бидуни баҳсҳои судӣ моликияти оиларо байни ҳам баробар тақсим намоянд. Бастани шартномаи никоҳ дар пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо низ таъсири мусбат мерасонад.
Аҳдномаи ақди никоҳе, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи ба қайдгирии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариуси давлатӣ тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.
Дар асоси моддаи 42 кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба амволи умумии муқарарнамудаи қонунро бо дастрасии (моддаи 34 ) Кодекси мазкур тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми амволи дар давоми ақди никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он, ё худ ҳама гуна низоми амволи умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд. Аҳдномаи ақди никоҳ метавонад вобаста ба амволи мавҷуда ва ҳам нисбат ба амволи дар оянда пайдошудаи зану шавҳар баста шавад.
Ҷамолиддин Сайфиддинов