04

Сентябр, 2025
Панҷшанбе

04

Сентябр, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Фаттоҳ Саидов: Чашму гӯшамон дар сохтмони «Роғун» аст

Аз ҷумла, 585 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки 188 тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳанд.

Ба иттилои Фаттоҳ Саидов, аз ҷумлаи ҷиноятҳои ошкоргардида 302 тоаш ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азхудкунӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ мебошанд. Инчунин, 37 адад ҷинояти сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 60 адад ҷинояти гирифтан ва додани пора, 8 адад ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 11 адад ҷинояти гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ошкор гардидаанд.

Ҳамчунин, дар мавриди дуздии маслоҳеи Нерӯгоҳи обии барқии «Роғун» Фаттоҳ Саидов иттилоъ дод, ки аз ҳисоби маслоҳеи сохтмонии нерӯгоҳ дар ноҳияи Файзободу шаҳри Роғун мағозаҳои ғайрирасмӣ фаъолият мекарданд. Пас аз тафтиши кормандони оҷонсӣ ин мағозаҳо баста шудаанд.

«То якуним соли гузашта ҳангоми дуздӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кормандони масъули ҳукуматӣ низ боздошт шудаанд. Ӯ барои мисол сарвари шӯъбаи муҳофизати ҳукумати шаҳри Роғунро зикр намуд, ки бо як километр кабели баландсифати сохтмонӣ дастгир шудааст. Ҳоло ҳама нерӯи мо ба негрӯҳи Роғун равона шудааст. Яъне, чашму гӯшамон дар сохтмони «Роғун» аст»,- зикр намуд Фаттоҳ Саидов.

Ғайр аз ин, қайд шуд, ки бо иттиҳоми дуздӣ дар нерӯгоҳи Роғун афсарону сарбозони қисми низомии Горд ё Гвардияи миллии Тоҷикистон низ боздошт ва муҷозот шудаанд.

Аз ин рӯ, бо фармони худи президент ҳоло ҳар семоҳа вазъи молии нерӯгоҳ аз сӯи комиссияи махсус санҷида мешавад.

:.  Хабарҳо 27.07.2011 08:17 3617

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz