Замони донишҷӯиро даврони тиллоии умр, хотирмону фараҳбахш унвон додаанд, аммо ҳини саҳифагардонӣ аз ин айём дар чеҳраи ӯ аз хушҳолиҳо нишоне эҳсос нагардид. Бо як дунё орзуҳо аз русто сӯи шаҳр гом ниҳод. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуда, дар риштаи забони англисӣ таҳсилро оғоз намуд. Дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ домон густурду рӯзгори вазнин ба сари мардум омад.
Гулнора, ки дар хонаводаи табиб ба воя расида, шикастнопазирӣ, ҳақиқатҷӯиву заҳ¬матдӯстиро аз волидон омӯхта буд, барои беҳгардонии шароити зист пас аз дарс ба 15 нафар завқманд забони англисӣ меомӯхт. Имтиҳони зиндагӣ Гулнораро пухта кард, имкон дод, то худро дар ҷомеа бисозад. Дар МТМУ № 27-и шаҳри Душанбе кор мекарду ҳам шогирдони инфиродӣ дошт. Соли сеюми таҳсил (1996) ба Суди конститутсионӣ омада, ҳамчун мутахассиси дараҷаи I ба фаъолият пардохт.
Айёми мактабхонӣ Гулнора яке аз хонандагони фаъоли мактаби миёнаи 9-и шаҳри Кӯлоб буд. Ба тенниси рӯи миз мароқ дошт. Дар мусобиқаҳои варзишӣ соҳиби мақомҳои гуногун мегардид. То кунун аз варзиш дур нашудааст, узви Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон аст. Ҳама ин ифтихорномаву ҷомҳои зиёд, ки ҳуҷраи корияшро зеб медиҳанд, бозгӯи суханони болоянд.
Гулнора соли 1998 барои маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифтан, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бомуваффақият поён бурд. Вай аз зинаҳои сармутахассиси дараҷаи I ва II, ёрдамчии судя, иҷрокунандаи сардори шуъбаи умумӣ, сардори шуъбаи ҳуқуқ то ба зинаи сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии Суди конститутсионии кишвар расид.
-Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон ҳамчун падидаи муҳими давлати ҳуқуқ¬бунёду демократӣ ва мақоми махсуси назорати конститутсионӣ дар давраи фаъолияти начандон тулониаш зарурат ва аҳамияти худро собит намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши намоёни худро гузошт. Суди конститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон низ қисми ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ маҳсуб меёбад ва табиист, ки фаъолияти он вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори конститутсионӣ, боло рафтани аҳамияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд беҳбудӣ ва таҳким бахшиданро тақозо менамояд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад, - мегӯяд Гулнора Нурляминзода.
Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ бевосита бо судяҳо кор мебарад. Маводи аслро аз корхонаву идораҳо ҷамъ оварда, ба судяҳо нишон медиҳад, зеро судяҳо нусхаи маводро қабул намекунанд. Суди конститутсинӣ масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки ба тамоми шаҳрвандон иртибот дошта бошад.
Суди конститутсионӣ аз соли 2011 узви Конфронси ҷаҳонии адолати конститутсионӣ мебошад ва бо мақсади табодули таҷриба бо Қазоқистон, Ӯзбекистон, Полша, Молдова, Арманистон, Олмон, Италия, Ҷумҳурии Корея, Франсия, Туркия ва ғайра робитаҳоро ба роҳ мондааст. Ин ҳамкориҳо бо судҳои конститутсионӣ, махсусан бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сол аз сол рушд меёбанд. Онҳо майдонеро мемонанд, ки дар он оид ба таҷрибаи фаъолияти судҳои конститутсионӣ, қабули санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба мурофиаи назорати конститутсионӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Федератсияи Россия ба имзо расид, ки аввалин санади байналмилалие мебошад, ки байни мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар ба тасвиб расидааст.
Бону Гулнора дар як қатор курсҳои омӯзишии давлатҳои пешрафта, чун намояндаи Суди конститутсионии Тоҷикистон ширкат варзидааст. Маҳсули боздиди иштирокчиён бо забони англисӣ китоб шудааст, ки дар он исми Нигора Нурляминзода низ сабт ёфтааст. Ба андешаи ӯ, донистани забонҳои хориҷӣ барои ҳар соҳибватан зарур аст…
Ӯ аз он меболад, ки имрӯзҳо сафи ҷавонони забондон дар кишвар рӯ ба афзоиш аст. Вай ҳафтае ду маротиба аз забони англисӣ ба ҳампешагон ройгон дарс медиҳад ва ифтихорманд аст, ки саҳми ночизи худро дар пешрафту ободии Ватан мегузорад.
Г. Нурляминзода дар таҳияи номаҳои Суди конститутсионӣ (солҳои 1996 - 2012) ширкат дошт. Барои комёбиҳои корӣ бо медали Хидмати шоиста сарфароз гардид.
- Аз оғози фаъолият баҳри рушди низоми қонунгузорӣ диққати махсус зоҳир менамоем. Мекӯшем, то баҳри халқу миллат кори хуберо ба сомон расонем. Аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, ки баҳри бонувон равона гаштааст, сарфарозем. Мо аз эҳтирому самимият, дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, пайи ободии Ватан камар бастаем, - бо қаноатмандӣ мегӯяд мусоҳибам.
Гулнора модари меҳрубон барои фарзандон, ҳамсари ғамгусор барои шавҳар аст. Вай ба ояндаи неки кишвар бовар дораду чун модар баҳри тарбияи солими фарзандон саъю талош меварзад.
Фарзона ВОСЕЕВА