Ҳавои гарму тоқатфарсое буд. Миёни бонувони зиёди низомипӯш ногаҳон чашмам ба ӯ афтод, ки пас аз тамрину омодагиҳо бахшида ба Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, аз майдони Маҷмааи «Истиқлол» берун мешуд. Чун духтараки рӯгарм буд, шавқи суҳбат бо ӯ рӯ зад. Замони муколама гуфт, сарфароз аз он аст, ки иштирокдори ҷашнҳои пуршукӯҳ асту пайваста дар сафороиҳо ширкат меварзад. Аз ҳарфҳои пуршӯри ватанхоҳаш чеҳрааш болидаву чашмонаш пурнур мегаштанд…
Ӯ соли 2001 ба тариқи экстернат Литсейи №55-и Роҳи оҳани Тоҷикистони ноҳияи Шоҳмансурро бо аттестати сурх хатм менамояд. Аз овони мактабхонӣ, ки шеър эҷод мекард, орзуи рӯзноманигор шуданро дар дил мепарварид. Бо ин ният ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд ва замони донишҷӯӣ низ, ба эҷоди ғазалу рубоиҳо идома доду миёни эҷодкорони ҷавон шинохта гардид. Дар чандин озмунҳои шеър ширкати фаъол дошт ва ғолиб ҳам мебаромад.
Пас аз итмоми соли сеюми таҳсил тасмим гирифт, то хонданро ғоибона идома бахшад. Ногаҳон дар қалбаш орзуи фаъолият кардан дар мақомоти қудратӣ пайдо гардид. Азбаски саводи кофӣ дошту маҳорати коргузорӣ, ӯро дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур ба ҳайси коргузор ба кор пазируфтанд. Муддати 6 сол дар комиссариат обутоб ёфту тамоми нозукиҳои кор дар мақомоти қудратиро омӯхт.
Дар ин миён ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи тиббӣ супурд, мехост нозукиҳои пешаи табибиро низ аз бар намояд, то тавонад дар лаҳзаҳои зарур ба кӯдакон ва аъзои оилааш ёрии аввалини тиббӣ расонад. Дар ин пеша низ, то ҷое муваффақ гардид.
Соли 2012 ӯро ба сафи Гвардияи миллӣ даъват менамоянд. Ибтидо дар шуъбачаи махфии раёсати фармондеҳӣ корро оғоз мебахшад ва сипас сардори бойгонии раёсати корҳои фармондеҳии Гвардия таъин мегардад. Аз соли 2019 ҳамчун афсар оид ба ташкили кор ва баррасии аризаву муроҷиати шаҳрвандони шуъбачаи коргузорӣ ва назорати раёсати корҳо фаъолият бурда истодааст.
- Ибтидои ҳар кор таърихе дорад. Афсар шуданам хотираест, ки наметавонам онро фаромӯш бисозам. Ман ҳамон вақт касбамро интихоб кардам, ки Ватан ба фарзандони бо нангу ор ниёз дошт. Шояд, эҷодкор ё журналисти хубе мешудам. Вале имрӯз, ки тақдир рисолатамро муайян кардааст, ягон зарра пушаймон нестам, - бо ифтихор иброз медорад Гулрӯ Насимзода.
Гулрӯ мегӯяд, хизмат дар мақоми низомӣ фақат ба бар кардани либоси ҳарбиву ҳавас шикастан нест. Аз мушкилиҳои корӣ наҳаросида ба пеш рафтанро тақозо дорад. Талабот барои корманди низомӣ сахт аст. Вале бонуи тоҷик, ки пок аст, дар ҳама ҷо мавқеи худро меёбад. Аз он меболад, ки рӯз ба рӯз сафи занони ҷасуру қавиирода дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла Гвардияи миллӣ бештар меафзояд.
- Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои нахус¬тини соҳибистиқлолӣ ба занону духтарон эҳтирому эътибори хосса зоҳир намуда, ба заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳаёти ҷомеа арҷ мегузорад. Ҳангоми баргузории озмунҳо дар мақомоти қудратӣ довталабон аз ҳисоби занон низ бештар гардида истодаанд. Аз ҷумла, дар Гвардияи миллӣ беш аз 100 нафар бону ифои вазифа менамояд. Аз ин бармеояд, ки ҳар як бонуи тоҷик мехоҳад барои ҳифзи марзу буми Ватан нақши боризи хешро гузорад. Ин нишон аз ҳувияти баланди миллӣ ва ватандӯстдорист, - чунин мепиндорад Гулрӯбону.
Воқеан, ҳузури ҷинси латиф дар ниҳоду сохторҳои қудратӣ бозгӯи шуҷоату озодманишӣ ва дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбияву ба воя расидани бонувон аст, ки дар ҳимояи марзу буми Меҳан ва риояи адлу таъмини осоиштагии ҷомеа ҳамраҳи мардони Ватан хизмати шоиста анҷом медиҳанд.
-Зиёданд афсароне, ки ба хотири сулҳу суботи кишвар, осоиши мардум на аз ҷавонӣ андешиданду на аз зиндагӣ. Ватандороне, ки барои ҳифзи Меҳан сина сипар намудаанд. Имрӯз дар Ватан сулҳ тантана дорад. Ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки бо ҷоннисориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мебояд расид, - хушҳолона меафзояд ҳамсуҳбатам.
Рутбаи Гулрӯ Насимзода лейтенанти калон буда, барои хизматҳои бенуқсон ва бисёрсола бо медали ҷашнии 20 – солагии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, медали 15-солагӣ, 20-солагӣ, 25-солагии Гвардияи миллӣ ва Раҳматномаву Ифтихорномаҳо барои иштирок дар Паради ҳарбӣ сарфароз шудааст.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ