Аз баракати Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузоштанд.
Пойдории ҳама гуна давлат ба арҷгузорӣ, эҳтиром ба волоияти қонун иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар Тоҷикистон дар асоси таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тавассути рушди институтҳои давлатдорӣ низоми идоракунӣ ва пешрафти босуботи ҷомеа таъмин гардид. Дар ин замина боварии мардум ба ҳокимияти судӣ ва мақомоти иҷро зиёд шуда, раванди ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ба таври назаррас тавсеа ёфт.
Истеҳсолоти иҷро дар кишвар собиқаи тулонӣ дошта, аз 6 майи соли 1925 бо таъсиси Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалис¬тии Тоҷикистон оғоз ёфтааст, вале таҷдиду ислоҳоти ҷиддии он дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз соли 2007 дар асоси «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007–2010» шуруъ гардид, ки тибқи он истеҳсолоти иҷро аз тобеияти судҳо ва Шурои адлия ба тобеияти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ вогузор гашт.
Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва самараноки санадҳои судӣ, инчунин, васеъ кардани кафолатҳои ҳуқуқҳои шахсони иштирокчии истеҳсолоти иҷро аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар давоми даҳ сол ислоҳоти истеҳсолоти иҷро гузаронда шуд. Дар ин давра як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи истеҳсолоти иҷро таҳия ва қабул гардид, ки фаъолияти иҷрочиёнро ба танзим дароварданд.
Минбаъд бо рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба вуҷуд омадани муаммоҳое, ки ба иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот бетаъсир набуданд, зарурати боз ҳам такмил додани онҳо ба миён омад. Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадами механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ, дидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини фаъолияти собиқ иҷрочиёни суд баҳри таъсиси ниҳоди алоҳида ба Ҳукумати кишвар санади дахлдор таҳия ва пешниҳод намоянд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, №1043 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Шуруъ аз 1 июли соли 2018 истеҳсолоти иҷро аз тобеияти Вазорати адлия ба тобеияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Хадамоти иҷро роҳбарият ва кормандони он диққати асосиро ба беҳтар намудани ҳолати иҷрои воқеии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расондашуда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона намуда, натиҷаҳои назаррасро ноил гардиданд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки сифати иҷро, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилоту муассисаҳо сол ба сол хубтару беҳтар гардида, аз давраи таъсисёбии Хадамот ҳамасола бештар аз пештар рушду густариш меёбад.
Аз моҳи апрели соли 2018 то семоҳаи аввали соли 2023 ба истеҳсолоти иҷрочиёни Хадамот 244 726 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ворид шуда, бо татбиқ намудани чораҳои иҷрои маҷбурӣ, иҷрои воқеии 196 871 (ё 80,4 %) ҳуҷҷати иҷро ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ таъмин гардида, маблағи зиёда аз 720 млн сомонӣ, 8,7 млн доллари ИМА, 55,1 млн рубли Федератсияи Россия, 2,6 млн сӯми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 49,9 ҳазор соми Ҷумҳурии Қирғизистон, 9 ҳазор евро, 13 518 рубли Ҷумҳурии Беларус, 13,4 млн риёли Арабистони Саудӣ ва 200 ҳазор фунт стерлинги Британияи Кабир ситонда шудааст.
Аз маблағҳои рӯёндашуда 179 млн сомонӣ, 33,2 млн рубли Федератсияи Россия, 1,3 млн доллари ИМА, 13,4 млн риёли Арабистони Саудӣ, 200 ҳазор фунт стерлинги Британияи Кабир ва 306,1 ҳазор сӯми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба манфиати давлат интиқол ёфтанд.
Хадамот дар давраи сипаришуда дар таҳия ва омодасозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа низ, корҳои назаррасро анҷом додааст. Дар ҳошияи иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 тасдиқ гардидааст, кормандони мақомот дар ҳайати гурӯҳи корӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» - ро дар таҳрири нав таҳия намуданд, ки аз 13 июни соли 2022 мавриди амал қарор гирифт. Ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони Хадамот 27 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо таҳия гардиданд ва айни ҳол мавриди амал қарор доранд.
Ҳамзамон, бо мақсади муайян кардани рӯзи кормандони мақомоти иҷро аз тарафи Хадамот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҳия ва пешниҳод гардид. Минбаъд ҳамасола 5-уми апрел ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти иҷро таҷлил мегардад.
Кори муҳими дигаре, ки дар ин давра ба сомон расонда шуд, баҳри иҷрои талаботи қисми 2, моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон» таҳия гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, №73 тасдиқ карда шуд.
Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 9 343 нафар қарздор маҳдудият ҷорӣ шуда, кор дар ин самт ҷоннок гардидааст. Соли 2022 дар натиҷаи дидани тадбирҳои мушаххас дар ин самт 1192 (2021 – 45) нафар қарздор натавонист сарҳадҳои кишварро убур бикунад ва онҳо маблағҳои қарзиро ба андозаи зиёда аз 9 миллиону 400 ҳазор сомонӣ пардохт намуданд. Ба ин васила, иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ таъмин гардида, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағҳо ситонда мешаванд.
Тибқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон» бо мақсади ба низом даровардани ин падидаи номатлуб ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он, айни замон ба ин феҳрист 7151 шахсони воқеӣ ва 203 шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд.
Иҷрочиёни мақомоти иҷро бобати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҷиҳати ситондани маблағҳои алимент аз ҳисоби волидайн мунтазам амалҳои иҷрои таъхирнопазир гузаронда, баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Дар истеҳсолоти иҷрочиён дар маҷмуъ, 87 627 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дошта, ҷиҳати иҷрои онҳо дар соли 2022 дар ҳаҷми 39 989 035 сомонӣ (2021 – 21 507 842) маблағ ситонда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 18 481 193 сомонӣ зиёд аст.
Дар давраи семоҳаи аввали соли 2023 бо дидани тадбирҳои саривақтӣ ва роҳандозии амалҳои иҷро барои таъминоти фарзандони ноболиғ ба манфиати ситонандагон дар маҷмуъ, 13 351 774 сомонӣ ситонда шудааст.
Хадамот бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ), Бюрои иҷрои маҷбурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус муносибат ва ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст, ки ҷиҳати омӯзиш ва аз худ намудани таҷрибаю малакаи пешрафтаи касбии кормандон мусоидат менамояд. Лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Россия» бо ҷониби Россия ба мувофиқа расонда шуда, баимзорасонии он дар нақша аст.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон имрӯз заминаи қавии ҳуқуқӣ дошта, коргузории худро бо корбурд аз технологияи навину усули ба талаботи рӯз ҷавобгӯ ба роҳ монда, аз иқтидори зеҳнии кофӣ бархӯрдор аст ва минбаъд низ, қодир аст, ки рисолати бардӯшдоштаи худро ба ваҷҳи аҳсан анҷом дода, дар раванди иҷрои саривақтии қарорҳои судӣ ва таҳкими волоияти қонун саҳми боризи худро гузорад.
Б.С. САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-майори милитсия