Бо Ганҷина Сайфиддин замоне ҳамсуҳбат шудем, ки ӯ акнун аз мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба Иди Артиши миллӣ бо афсарон доштанд, фориғ гардид. Сарфароз аз он буд, ки иштирокдори ин вохӯрии бошукӯҳ аст. Бо эҳсосоти зиёд аз ин вохӯрӣ сухан ронд. Аз ҳарфҳои пуршӯри ватанхоҳаш чеҳрааш кушодатару чашмонаш пурнур мегаштанд…
Ганҷина алҳол ҳамчун афсари шуъбаи робитаҳои хориҷии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Роҳ сӯи забономӯзӣ
Ба кори низомӣ пайвастанаш тасодуфӣ набуд. Падар, ки корманди ин соҳа буд, шавқу рағбатро дар қалби кӯчаки ҷигарбандаш аз хурдӣ ҷой намуд. Касе аз аҳли хонавода намеандешид, ки рӯзе Ганҷина ба сафи низомиён мепайвандад ва либоси афсарӣ ба бар менамояд. Завқаш аз он боз нисбат ба пеша афзуд, ки бародар ва амакаш низ, корманди ҳифзи ҳуқуқ шуданд.
- Зодмандон талош доштанд, то сатҳи забондониам хуб шавад. Ҳамеша талқин мекарданд, ки бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шуғл варзам, зеро замони муосир ин талаботро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, бо тавсияи қиблагоҳам аз МТМУ №37 - и шаҳри Душанбе ба Литсейи тоҷикӣ – туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол гузашта, таҳсилро идома бахшидам. Маслиҳати падар хушам омад, зеро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқ доштаму орзуи тарҷумонӣ кайҳо дар дилам маскан гирифта буд.
Дар ин муассиса аз синфи 7 ба омӯзиши забонҳои туркӣ, русӣ ва англисӣ пардохт. Таҳсил барояш роҳи донишандӯзиро ҳамвор кард. Саъй намуд, то ҳар чи бештару беҳтар забонҳои хориҷиро аз бар намояд.
Талошҳояш бесамар намонд. Ганҷина дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, ки аз фанни забонҳои хориҷӣ доир шуданд, ширкат варзид. Ифтихорномаҳо ва мукофотҳо аз муваффақ гардиданаш гувоҳӣ доданд. Ӯ хушнуд аз пирӯзиҳо ва волидон сарфароз аз пешрафти духтарашон буданд.
Ганҷина барои боз ҳам сайқал бахшидани сатҳи забондонӣ ба курсҳои махсуси забономӯзии кишварҳои Қазоқистону Чин ба бозомӯзӣ рафт. Таҳсил ва бозомӯзии пай дар пай шавқашро афзун менамуду барои дарёфти роҳҳои такмили дониш аз сомонаҳои интернетӣ истифода мебурд.
Забондонӣ ба кор омад
Пас аз хатми муассисаи таълимӣ шомили факултаи таъминоти барқи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ гардид. Дар баробари таҳсил дар Донишгоҳ ва касб омӯхтан, ӯ дар маҳфилҳо ширкати фаълона дошт. Ташаббускору кордон буд, ки устодону ҳамсабақон нисбаташ таваҷҷуҳи хосса доштанд.
Пас аз хатми Донишгоҳ дар бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба кор пардохт.
- Ҳангоми фаъолият дар бахш бо сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии кишвар зиёд мерафтем. Бо барномаҳо ва нақша – чорабиниҳои ҷолиб байни ҷавонон дар васфи Ватан ва ватандорӣ баромадҳо мекардем. Ширкат дар барномаҳо бароям неру бахшид. Воқеан, чунин ҷамъомадҳо ва маҳфилҳо, ки барои даъвати ҷавонон барои ҳимояи Ватан ва ободу шукуфон нигоҳ доштани диёр доир мегардиданд, хеле самимӣ ва руҳбахшанда буданд, - ёд аз замони гузашта овард ҳамсуҳбатам.
Вале Ганҷина тағйири пеша намуд. Забондониаш ба кор омад. Фаъолияти низомиашро аз шуъбаи корҳои сиёсӣ - тарбиявии Гимназияи «Ворисони Куруши Кабир» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшид.
Афсар шудам…
- Ибтидои ҳар кор таърихе дорад. Афсар шуданам хотираест, ки ҳеҷ наметавон онро аз дафтари зиндагӣ хат занам. Ҳангоми дар Муассисаи ҳарбии таълимии «Ворисони Куруши Кабир» фаъолият доштанам, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин даргоҳ ташриф оварданд. Аз синфхонаҳо дидан намуданд ва бо хонандагони литсей аз наздик суҳбат оростанд. Барои муаррифии синфхонаи забони туркӣ ман масъул будам. Пешвои миллат вориди синфхона шуда, пас аз суҳбати чандлаҳзаина аз мушкилоти кор пурсиданд. Бо қалби лабрез аз шодӣ ба суолҳояшон посух мегуфтам… Ба шарофати ин дидор рутбаи афсарӣ насибам гардид, - мегӯяд Ганҷина Сайфиддин.
Имрӯз ва фардо
Ганҷинабону дар шуъбаи робитаҳои хориҷии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4 сол аст, ки фаъолият дорад. Кораш таъмин намудани кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои мақомоти қудратӣ бо ғизо, сӯзишворӣ, сарулибос ва маводи зарурӣ аст.
- Барои расидан ба ҳадафҳои хеш ҳар шахс¬ро касе сабаб мегардад, ки ниҳоят орзуҳо амалӣ шуда, муваффақият ба даст меояд. Агар дар синни наврасӣ дастгирии волидон боиси расидан ба мақсад шуда бошад, минбаъда пешравиҳои кориам аз дастгирии аҳли хонадон, хусуру хушдоман ва ҳам шавҳарам мебошад, - бо қаноатмандӣ иброз менамояд Ганҷина Сайфиддин.
АНОҲИТО