Музаффарияти бузурги тамаддуни муосир, бешубҳа, ноил гардидани занон ба ҳуқуқҳои баробар бо мардон ба шумор меравад. Ин музаффарият ба ҳавасмандии устувор ҷиҳати тадқиқи нақши занон дар
таърихи инсоният оварда расонд.
Дар таърихи халқи тоҷик, сиёсатмадорон, донишмандон, ходимони санъат буданд, ки ҳар яке аз онҳо нақши таърихии худро боқӣ мондаанд. Онҳо аз ҷумлаи аввалин ашхосе буданд, ки касбҳои комилан мардонаро аз худ карданд, дар зинаҳои гуногуни ҳокимият: мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ кор карданд, диловариҳои муҳорибавӣ ва илмӣ нишон доданд, дар майдони варзиш, адабиёт ва дигар соҳаҳо низ шуҳратёб гардиданд. Томирис, Пантеа, Зебуннисо, Мастура Авезова, Соро Юсуфова, Ойгул Муҳаммадҷонова, Мамлакат Наҳангова, Низорамоҳ Зарифова, Малика Собирова, Майрам Шарифова, Софя Ҳакимова, Муҳиба Яқубова, Роҳатой Набиева, Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мусоева, Бозгул Додхудоева, Қимат Рустамова, Ойниҳол Бобоназарова, Мунира Иноятова, Ҳусноро Мирзоева, Зебуннисо Рустамова, Раҳмон Озода Эмомалӣ, Мавзуна Чориева, Гулрухсор Сафиева, Зулфия Атоӣ, Фарзона, Рудобаи Мукаррам ва дигарон бархе аз шахсоне ҳастанд, ки мо онҳоро ҳамчун намунаҳои олии ибрат, занони пешқадами Тоҷикистон меҳисобем.
Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал (соли 1995) дар кори Конфронси чоруми ҷаҳонии занон дар шаҳри Пекин тоҷикзанон ширкат варзиданд. Самараи истиқлолият аст, ки садои бонувони тоҷик, ҳамчун тарафдорони сулҳи устувор дар ҷаҳон, сарфи назар аз мансубияти миллию иҷтимоӣ, эътиқоди сиёсиашон дар сайёра ба гӯш мерасад. Акнун бонувон аз минбарҳои конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ аз дастоварду комёбиҳои давлати тоҷикон дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, пешрафти илмию фарҳангӣ ва мақому мартабаи баланди занону духтарони кишвар сухан меронанд.
Яке аз тадқиқоти бениҳоят муҳим, ки ба рушди ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон бахшида шудааст, монографияи номзади илмҳои ҳуқуқ Раҳмон Озода Эмомалӣ мебошад, ки соли 2014 ҳамчун як китоби мукаммал ба нашр расида, соли 2015 ба забони англисӣ низ, ба чоп расид. Дар монография ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ ва назариявӣ-ҳуқуқии рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои занон на танҳо аз нигоҳи рушди таърихӣ, инчунин аз нигоҳи таҳаввулоти сифатии он, аз ҷумла замони муосир, бо назардошти дастовардҳои навини илми ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба Комиссияи СММ оид ба мақоми занон пазируфта шуд, ки ин қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи сиёсати гендерии давлат маҳсуб мегардад. Бояд зикр намуд, ки новобаста аз мавҷудияти мушкилоти гуногун Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар самти амалисозии нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳим ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ҳамчунин, Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз аввалинҳо шуда, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз қабили Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон» ва «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро ба тасвиб расонд.
Барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат бо ташаббуси Президенти кишвар то имрӯз силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки онҳо дар баланд бардоштани мақоми занон нақши муҳим мебозанд. Аз ҷумла, соли 1998 бо қарори Ҳукумати мамлакат «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998–2005» ва соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гаштанд.
Фаъолияти пурсамари бонувон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам фармони сарнавиштсози зикршуда самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Баъдтар бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2030» тасдиқ гардиданд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» заминаи ҳуқуқиро баҳри қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дигар замина гузошт.
Дар ин робита, даҳҳо дигар фармоишу қарорҳо, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.
Ҳамчунин, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи миллии амал оид ба татбиқи қатъномаҳои 1325 ва 2122 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки ба масъалаҳои зан, сулҳофарӣ ва ҳимояи ҳуқуқи занон дар шароити низоъ бахшида шудаанд, таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Тибқи онҳо, қабл аз ҳама, тақозо мешавад, ки занон дар раванди татбиқи он фаъол бошанд.
Тамоми санадҳои қабулгашта ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Нигина АЛИЗОДА,
муовини якуми вазири адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон