Падар корманди соҳаи савдо буд ва барои илмомӯзии фарзандон талош меварзид, то ҳар яке таҳсилдидаву соҳибкасб бошем. Модари озодаамон, агарчи хонашин буд, суханҳои падарро тасдиқ намуда, аз сахтгириҳояш дастгирӣ мекард. Мегуфт, ки ҳар ҳарфе падар гӯяд, барои ояндаи нек аст ва ҳеҷ ваҷҳ аз гуфтаҳояш сар матобед. Қиблагоҳи сахтгирам талқин менамуданд, ки аз пайи баланд бардоштани савияи дониши худ бошем. Ё худ касберо соҳиб шавем, то дар давоми зиндагӣ ба Ватан ва халқ хизмати арзанда намоем. Панди зодмандон раҳнамоямон шуд, - гуфт дар аввал Саида Ҳамрозода.
Талошҳои падар баръабас нарафтанд ва 5 фарзанд таҳсилдида ва соҳибкасб шуд. Дар самтҳои гуногун фаъолият намуда, имрӯз саҳми худро дар пешрафту ободӣ ва шукуфоии кишвар гузошта истодаанд. Аз миёни фарзандон Саида ба соҳаи ҳуқуқ шавқу рағбати зиёд дошт. Ӯ хеле закию ҳушманд ва кунҷкоб буд. Завқ аз либоси низомипӯшон мебурд ва тааҷҷуб аз рафтору гуфторашон мекард.
- Дар ҳамсоягӣ хеши наздикамон мезист, ки корманди соҳаи ҳуқуқ буд. Меҳмонони хонадонаш асосан одамони низомипӯш мешуданд. Онҳо аз одамони муқаррарӣ бо рафтору гуфтор ва сарулибос куллан тафовут доштанд. Албатта, барои як наврас, ки дар айёми камолот аст, дидани ин манзараҳо боиси пайдо шудани орзу мегардад. Аз ҳамон замон пеши худ азм намудам, ки ҳатман корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мешавам, - иброз дошт Саидабону.
Соли 1985, пас аз хатми мактаби миёнаи №1–и шаҳри Конибодом, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (пештара УДТ ба номи В.И. Ленин) супурд.
- Бо дастгирии хонавода таҳсилро дар Донишгоҳ ба итмом расондам. Дар давоми донишҷӯӣ оиладор ва фарзанди нахустинамон ҳамон овон ба дунё омада буд. Аз ин хотир, нисбат ба дигар ҳамсабақонам бештар ба ёрӣ ниёз доштам. Пас аз хатми Донишгоҳ чанд муддат чун корманди техникӣ ва баъдан дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи коргузорӣ будам. Ҳамин тавр, корам аз прокуратура оғоз ёфту то имрӯз дар ин самт идома дорад, - гуфт бону.
Соли 1991 ёрдамчии прокурори ноҳияи Октябр (ҳоло ноҳияи Исмоили Сомонӣ) таъин шуда, 12 сол ифои вазифа намуд. Солҳои 2003 - 2009 ҳамчун прокурори калони шуъбаи назорати санадҳои судӣ вобаста ба парвандаҳои гражданӣ ва иқтисодӣ дар прокуратураи шаҳри Душанбе кори худро идома дод.
- Соли 2016 сардори шуъбаи қабул ва муроҷиати шаҳрвандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудам. Кори ҳаррӯзаи шуъба бевосита ба ташкили қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, назорати баррасии муроҷиатҳо аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура, санҷиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки аз вазорату идораҳо, муассисаҳо ва шахсони алоҳида ба суроғаи Прокуратураи генералӣ ворид мешаванд, иборат аст, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Бо мақсади амалӣ намудани барномаи «Ҳукумати электронӣ» дар дастгоҳи Прокуратураи генералӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа Барномаи автоматикунонии низоми бақайдгирӣ ва гардиши мукотибот ба роҳ монда шудааст. Барномаи мазкур ба сарфаи вақти корӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон, дуруст тақсим намудани вақти корӣ, амалӣ гардондани низоми коргузории муосир, таъмини назорат аз болои фаъолияти ҳар як корманд, раванди баррасӣ, интиқол ва дар маҷмуъ, сифату самаранокии ҳаллу фасли ҳар як ҳуҷҷат муосидат намуда, барои муосиркунонии коргузорӣ, тезондани робита ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо бо истифода аз технологияҳои навин, ки ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо равона шудааст, хизмат хоҳад кард. Ба иқрори Саидабону роҳандозӣ намудани телефони боварӣ (235- 11–11), ки аз соли 2015 фаъол аст, низ яке аз воситаҳои амалисозии барномаи давлатӣ мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо тараққии технология фаъолияти мақомоти прокуратура низ ба набзи замони муосир мутобиқ гардида, қабулу баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, санҷиши мавод ва пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ тариқи электронӣ роҳандозӣ шудаанд.
Чӣ мушкилот шаҳрвандонро водор месозад, ки гоҳе сарфи назар аз он ки пурра муошират бо шаҳрвандон ба таври электронӣ сурат мегирад, боз ба даргоҳи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ барои арзу шикоят меоянд? Воқеан, имрӯз мушкилиҳое, ки дар хонаводаҳо ё байни шаҳрвандон ба миён меоянд, на ҳар вақт дар мақомоти поёнии ин ё он сохторҳо ҳалли худро меёбанд. Ба мисоли тақсими молу мулк, баҳси замин, манзил, вайрон шудани муносибатҳои меҳнатӣ байни коргару корфармо, норозӣ будан аз ҳукми суд, ҷанҷолҳои оилавӣ, рӯёндани алимент ва, инчунин, вобаста ба оғози парвандаҳои ҷиноятӣ шаҳрвандон арз мекунанд.
- На ҳар вақт ҷавобҳои мақомотҳои поёнии ин ё он сохтор вобаста ба арзу шикоятҳо талаботи шаҳрвандонро қонеъ менамояд. Аз ин хотир, шаҳрвандон гоҳе тариқи телефони боварӣ ё ташриф овардан ба Прокуратураи генералӣ шикоят пеш меоранд. Вале нуктаеро бояд ба инобат гирифт, ки ҳар мақомот бевосита кори худро анҷом медиҳад. Бахусус, дар рафти тафтишот касе ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти муфаттиш халал ворид созад, ба ғайр аз прокуратураи болоӣ, ки ҳуқуқи санҷидан ва дастур доданро дорад. Мутаассифона, на ҳар шаҳрванд инро мефаҳмад. Надонис¬тани ҳуқуқ ва қоидаҳои муроҷиат ва баъзан бо роҳнамоии шахсони тасодуфӣ шаҳрвандон саргардон мешаванд, - меафзояд ӯ.
Дар фарҷом Саида Ҳамрозода аз фаъолияти 37-солае, ки дар мақомоти прокуратура дорад, изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин гуфт:
- Ҳар заҳматеро подошест. Роҳбарияти мақомот вақте бо қадрдонӣ аз корманд ёд менамояд, ҳисси масъулиятшиносӣ дучанд меафзояд. Соли 2021 бо фармони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи олии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал – майори адлия мушарраф шудам, ки хурсандии маро ҳадду канор набуд. Агарчи бо ифтихорномаҳо ва Корманди фахрии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуда будам, ин подош бароям ғайриинтизор буд. Сарфарозам, ки имрӯз саҳми худро дар яке аз самтҳои муҳими давлату Ватан гузошта истодаам.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО