Аз овони мактабхонӣ дар дил орзуи табиб шудан мепарварид ва оташи ин меҳр ҳанӯзам дар қалбаш побарҷост, то рӯзе тавонад ба пайвандон мадад расонад.
Гарчанде баъди хатми мактаб ба ҷойи Донишгоҳи тиббӣ идомаи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро интихоб намуд, маҳз ҳамон шавқу лаёқатҳои айёми бедорӣ дар ташаккули маънавӣ ва марому тасмимҳои пешгирифтааш ба вай хираду руҳияи ногуфтание бахшида буд, ки бо донишу заковат, амалҳои солеҳу фарҳанги волои муошират миёни ҳамсолону устодонаш маҳбубият дошт. Ангезаи пешрафти касбӣ, хушбахтиву саодати рӯзгораш ҳам аз баракати заҳмати софдилона ва донишу касбияти баландаш об мехӯрад, ки дар шебу фароз ба марому ормонҳои зиндагӣ азму иродаи матин дорад.
Мушоҳидаҳои овони фаъолият дар шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Бохтар, ки бо ҳамкории дигар бахшҳои мақомоти иҷроия баҳри пешгирӣ аз равандҳои хатарзо кор мебурданд, диққати Бунафшаро ба мушкилоти ҷудошавии оилаҳо ва муаммоҳои печидаву омилҳои таназзули фарҳанги хонаводагӣ бештар ҷалб намуд.
-Афзоиши рӯзафзуни ҳодисаҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дар чорсӯи зиндагӣ ятиму бепарастор мондани кӯдакони бешумор мисли захми носур ҷомеаро ба гирдоби мушкилиҳое мекашид, ки оқибати ногувори онро дар ҳаёти имрӯза таҷриба карда истодаем, - оғоз кард суҳбатро Бунафша Раҳимзода. – Муддате дар филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Бохтар фаъолият доштам, валекин афкору маънавиёти аз илми ҷомеашиносӣ ва риштаи ҳуқуқ бардоштаам, ҳамеша зеҳнамро ба равандҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои азҳампошхӯрии оилаҳои ҷавон равона мекард. Ин буд, ки айни пешрафту такмил дар зинаҳои роҳбарӣ аз соҳаи бонкдорӣ канор рафта, барои ишғоли вазифаи мутахассиси шуъбаи САҲШ-и шаҳри Бохтар ҳуҷҷат супурдам.
Дар баробари ахбори вазъи оилаҳо таваллуди атфолу нуфуси аҳолӣ ва дигар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баҳсу баррасии масоили хонаводагӣ майлу рағбатамро ба кору масъулиятҳои навинам меафзуд. Аз сӯи дигар, дар раванди фаъолияти рӯзмарра аз ҳолу аҳволи оилаҳои ҷавон, омӯзиши сабабҳои баҳсу ҷанҷол миёни навхонадорон ӯро таҳрик медод, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ ба модарони оилаҳои пошхӯрда маслиҳат диҳад, то баъди бекор шудани ақди никоҳашон беҳаққу ҳуқуқ намонанд.
Суҳбату машваратдиҳӣ бо занони мавриди хушунату зӯроварӣ қарор гирифта, омӯзишу иллати бетафовутии мардон нисбат ба тақдири ояндаи собиқ ҳамсарон ва фарзандони падарятими онҳо тақозо дошт, ки на танҳо роҳбарон, балки ҳар корманди соҳаи САҲШ дар баробари донишҳои илмҳои иҷтимоиву ҷомеашиносӣ, маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ҳам дошта бошанд. Ин буд, ки давоми фаъолият дар ин ҷода Бунафша факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро низ ғоибона хатм кард.
Мурури собиқаи корӣ ва такмили ихтисосу азбар намудани тору пуди соҳа соли 2017 мудири бахши САҲШ-и шаҳри Левакант таъин шуда, ҳамакнун ваколатдори рисолати муҳиме буд, ки метавонист бо донишу фарҳанги таҳаммулгароӣ барои ба муросо овардани оилаҳои дар ҳоли баҳсу азҳампошӣ муваффақ гардад.
-Новобаста ба саъю талошҳои масъулону мутахассисони соҳа ва тадбирҳои муштараки дар ин самт роҳандозӣ гардида, комилан пешгирӣ намудани раванди ҷудошавии оилаҳои ҷавон ғайриимкон менамуд, - ба ёд меорад Бунафша Раҳимзода. – Чунин ба назар мерасид, ки роҳҳои ҳаллу фасли мушкилиҳои оилаҳои ҷавон муаммои сарбастаро мемонад. Зеро ҳар гоҳе чорабиниҳои маърифатнокиро дар самти омодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона тақвият мебахшидем, ҳамоно омилҳои дигари афзоиши талоқ миёни навхонадорон рӯ мезад.
Барои пешгирӣ аз оқибатҳои ин буҳрони иҷтимоӣ, ки кишварҳои Ғарбу дигар манотиқи ҷаҳонро даҳсолаҳои пештар фаро гирифта буд, саъю талоши зиёд мебоист, то афкору дидгоҳи ҷомеаро ба масоили оиладорӣ тағйир дод. Чун солҳои мудирияти бахши САҲШ–и ноҳияи Вахш мушоҳида мекардам, ки ба хушунату дигар мушкилиҳои сангин дучор шудани оилаҳои осебпазир ва занону кӯдакони ятиму бесаробон монда, аз хурофот маншаъ мегирад. Мутаассифона, аз таъсири ин ҳолатҳо на фақат модарони бебахт осеби руҳӣ мебинанд, балки зиёни он ба наслҳои оянда таъсир гузошта, асабоният ва дигар нуқсонҳои равонии онҳо дар фарзандонашон низ такрор мешавад.
Бунафша Раҳимзода аз тобистони соли 2022 сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон аст. Яке аз аввалин тасмимҳояш ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳо ин ҷалби мутахассисони равоншинос ва ҳуқуқшиносони варзида ба соҳаи САҲШ–и шаҳру навоҳии вилоят мебошад. Чаро ки ба боварӣ ӯ, оила ҳамчун ячейкаи меҳварии ҷомеа бо мурури равандҳои ҳаётӣ рушду ташаккул ёфта, ҳамакнун дар аҳди фаъолгардии бонувон дар истеҳсолот, тақозои баробарии гендерӣ ва ноомодагиҳои ҷавонон дар пешорӯи ин таҳаввулоти иҷтимоӣ боиси ноустувории оилаҳо, коҳиши фарҳанги хонаводагӣ мегардад. Биноан, дар пешгирӣ аз ин падидаи хатарзо, ки омилҳои зиёди иҷтимоӣ дорад, зарурият ба ҳамкориҳои муштараки мақомоти марбута пеш омадааст.
Сол аз сол зиёд гардидани омори ба қайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ далели боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон арзёбӣ мегардад, ки моҳияти ба расмият даровардани санадҳои шаҳрвандии худро дарк кардаанд. Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 25 ҳазору 396 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, омори бекоркунии он ба 3 ҳазору 907 ҳолат мерасад. Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии бобати пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо масъулони САҲШ чорабиниҳои воқифгардониро густариш дода, тавассути васоити ахбори омма 503 гузоришу матлабҳо интишор намуда, миёни мардум 1650 вохӯрӣ доир намудаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, ҷавонон ба дарки ин нукта расидаанд, ки таҳсилоти оливу касбиро дар мадди аввал гузошта, нахуст соҳиби моликияти кифоя ва манзили истиқоматӣ шуда, пас оила барпо намоянд. Дар ин росто, вобаста ба сабабҳои гуногуни пошхӯрии оилаҳо, теъдоди равоншиносону ҳуқуқшиносонро дар муассисаҳои таълимӣ ва бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дучанд бояд кард.
-Баланд бардоштани боҷи давлатии ақди никоҳ ва бекор кардани он роҳи ҳалли масъала шуда наметавонад. Аммо дар мавриди пешгирӣ аз душаҳрвандии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба ин хотир ақди никоҳи бо ҳамсарони асосиашон дош¬таро бекор мекунанд, бояд тадбирҳои ҷиддӣ андешид. Зеро то кунун қишри таҳсилнодидаи ҷомеа оқибатҳои хатарзои ин кирдори худро дарк намекунанд, ки ба хотири дарёфти кору шароити иҷтимоӣ никоҳи расмии худро бекор карда, теша бар решаи бунёдии фарҳангу арзишҳои миллӣ мезананд. Таҳлилу натиҷагириҳо дар ин самт собит менамоянд, ки бо гузашти андак муддат то 40 дарсади оилаҳои пошхӯрда, аз карда пушаймон мешаванд ва бо мурури солҳо ин арқом дучанд меафзояд. Биноан, модарону хушдоманҳоро мебояд, барои омодагии духтарон ба ҳаёти мустақилона саҳми пешоҳангӣ дошта бошанд. Ҳамчунин, фаъолияти дастаҷамъонаи мақомоти марбута, марказҳои ҳуқуқиву равоншиносӣ ва руҳониёну шахсиятҳои обруманди маҳалро дар самти пешгирӣ аз ҷудошавии оила тақвият дод, то ин ки сатҳи пошхӯрии оилаҳо то ҳадди ниҳоӣ коҳиш ёбад, - гуфт Бунафша Раҳимзода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар