09

Мая, 2025
Ҷумъа

09

Мая, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Матлабҳои тиҷоратӣ аз дигар маводҳо бояд фарқ ва ишораи махсус дошта бошанд

 

zdrexc  33

 Дар «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» интишор гардидааст, ки маводҳои тиҷоратӣ бояд аз дигар мақолаҳо фарқкунанда ва нишонаи махсус дошта бошад, то хонанда дарк созад, ки ин мавод хусусияти рекламавӣ дорад. Бо ин роҳ мо эҳтироми хонандаро ба ҷо меорем ва вақти ӯро намегирем. Ба ин масъала дар тренинге, ки 22 сентябри соли ҷорӣ аз тарафи Шурои ВАО-и кишвар гузаронда шуд, устодон Раҷаби Мирзо ва Сангин Гулов барои иштирокчиён хеле возеҳ шарҳ доданд. Барои ман ҳамин нуқта ҷолиб намуд, ки ҳоло дар аксари мақолаҳои ВАО як хусусияти рекламавиро пайхас кардан мумкин аст. Ва журналист онро хеле пардапӯшона ба қалам медиҳад. Вале ҳастанд ҳолатҳое, ки мо аксаран барои инъикоси дастоварде мехоҳем аз коргоҳе бигӯем, ки аксарияти ин кормандон бонувон ҳастанд. Ин мавод барои маҷаллаи мо заруриву саривақтӣ ба шумор меравад. Вале бисёриҳо маводро мебинанд, ки коргоҳ аст, меандешанд, ки ин мавод рекламавист, аммо мақсади мо бо ҷойи кор таъмин намудани занҳо буду мавод ҳеҷ хусусияти тиҷоратӣ надорад.

Дар рафти тренинг мо маълумот, андешаҳои зиёдеро баррасӣ намудем. Ҳар иштирокчӣ уҳдадор буд, ки оид ба ин ё он масъала фикри худро баён намояд. Ва дигарон ба ин андеша суханпардозӣ менамуданд. Ироа шуд, ки риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО аз масъалаҳои баҳсталаби ҷомеаи имрӯз ба шумор меравад. Мутаассифона, баъзан барои ҳаллу фасли ин баҳсу муноқишаҳо ба мақомоти судӣ низ муроҷиат карда мешавад…

Дар шароити кунунӣ бисёр журналистон ҳуқуқҳои худро хуб намедонанд ва барои дифои онҳо истодагарӣ карда наметавонанд. Ҳарчанд дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Тавре дида мешавад, дар ин моддаи Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд озодии ақида ва сухан ва ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ кардан, ба даст овардан, интишор ва паҳн кардани иттилоъро бо ҳама гуна роҳи қонунӣ кафолат додааст.

      Хуб мешуд, ки тренингҳо бештар дар самти ёрии ҳуқуқӣ расонидан ба журналистон равона гарданд, то ҷомеаи журналистӣ барои дифои худ кореро сомон дода тавонанд.                                                                                                                    

                Фарзона ВОСЕЕВА

 

 

 

:.  Ҳуқуқ 15.11.2022 11:52 522

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz