Аз тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 20 сол сипарӣ мешавад. Ин муддат дар доираи иҷрои фармони мазкур чандин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ ба имзо расида, мавриди амал қарор гирифтаанд.
Бо вуҷуди таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар бобати тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, то имрӯз ҳузури бонувон дар баъзе сохторҳои давлатӣ ҷавобгӯи талаботи ин фармон нест. Мониторинги натиҷаҳои амалигардонии сиёсати пешгирифтаи давлат оид ба таъмини баробарии мардону занон дар ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ нишон медиҳад, ки дар сатҳи зарурӣ амалӣ нашудани он ҳадафҳои мазкур сабабу омилҳои гуногун доранд.
Мутаассифона, то кунун иддае аз масъулон омилҳои камшумории занону духтаронро дар вазифаҳои роҳбарии баъзе соҳаҳо, ба хусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тафаккуру қолабҳои шахшудаи ҷомеа, хусусиятҳои ҷисмонию равонӣ ва имкониятҳои иҷтимоии бонувон рабт медиҳанд. Ҳол он ки ҳанӯз соли 1999 зимни суханронии хеш дар нахустин Форуми занони кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: «Бонувон аз уҳдаи ҳамаи вазифаҳои ба зимма доштаашон ба хубӣ мебароянд».
Қабл аз матраҳ намудани мавзӯи ҳузури бонувон дар вазифаҳои роҳбарии ҳокимияти судӣ лозим ба ёдоварист, ки башарият аз аҳди қадим намод (символ)-и мизони адолатро ба дасти намояндаи ҷинси латиф - Фемида раво дида буд, ки имрӯз лавҳаи рамзии он рӯйи мизи кории судяҳои олам дида мешавад.
Ҷойгоҳи зан дар ҳокимияти судӣ
Бинобар гуфтаи Абдуманон Додозода, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 380 нафар судяе, ки дар сохтори ҳокимияти судии кишвар фаъолият мекунад, ҳамагӣ 75 нафар ё худ 19,7 % -ро бонувон ташкил медиҳанд. Аз шумораи бонувони додгустар 6 нафар ба симати раиси судҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳамин теъдод дар вазифаҳои муовинони якуми раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолият дошта, як нафар муовини раиси суди вилояти Суғд мебошад.
- Айни ҳол 22 дарсади хизматчиёни давлатии дастгоҳҳои судҳои кишварро бонувон ташкил медиҳанд. Имрӯз аз 58 коромӯз - судяҳо 16 нафар ё худ 27,5 дарсади онҳо бонувонанд, ки ин аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Суди Олии ҷумҳурӣ ба афзудани сафи бонувон дар сохтори мазкур дарак медиҳад,- изҳор намуд Абдуманон Додозода.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки иҷрои Барномаи давлатии тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон дар сохтори ҳокимияти судии на ҳама шаҳру вилоятҳои кишвар ҷавобгӯйи талабот аст. Тибқи омори расмӣ аз теъдоди умумии бонувони додгустар 11 нафар дар Суди Олӣ, 20 тан дар судҳои шаҳри Душанбе, 19 кас дар судҳои вилояти Суғд фаъолият доранд. Аммо ин нишондод дар судҳои ВМКБ 2 нафар ва дар сохтори мазкури шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳамагӣ 7 нафарро ташкил медиҳад.
Хатлон: аз назария то амалия
Дар заминаи фароҳам овардани шароити таҳсилу фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа солҳои соҳибистиқлолии кишвар садҳо духтарони маҳаллаҳои дурдасти вилояти Хатлон тариқи Квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии кишвар, аз ҷумла факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудаанд. Аммо то кунун дар ҳокимияти судии вилояти Хатлон ҳузури занон нисбат ба мардон буду шуд 6,7 дарсадро ташкил медиҳаду халос.
- Аз 103 нафар судяи фаъолияткунандаи сохтори судии Хатлон 7 бону ва аз 27 нафар раисони судҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ як нафар зан мебошад, - иброз медорад Рустам Мирзозода, раиси суди вилояти Хатлон.
– Тақозои роҳбарияти Суди Олии кишвар низ ин аст, ки сол аз сол теъдоди судяҳо аз ҳисоби бонувон биафзояд. Ба ин хотир, аз моҳи феврали соли 2017 ҳамчун раиси суди вилояти Хатлон 3 нафар кадри лаёқатмандро аз ҳисоби ҷавондухтарон ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ ба кор қабул карда, минбаъд низ бобати зиёд намудани шумораи бонувон дар ҳокимияти судӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд,- мегӯяд Р. Мирзозода.
Ҳуқуқшиносон дар мавриди камшумории бонувон дар сохтори ҳокимияти судии вилоят андешаҳои гуногун доранд. Агар иддае таъмини ҷобаҷогузории кадрҳоро дар сохтори мазкур ба ваколати бевоситаи Суди Олии кишвар иртибот бидиҳад, бархе аз собиқадорони соҳа ҷудо намудани бурсҳои иловагии таҳсил дар факултети ҳуқуқшиносиро роҳи ҳалли масъала мешуморанд. Ин дар ҳолест, ки қариб даҳ сол пеш бинобар набудани талабот ба кадрҳои ҳуқуқшинос бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Квотаи президентӣ барои довталабони таҳсил дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ маҳдуд карда шуда буд.
Зебонисо Сатторзода, судяи суди ноҳияи Вахш, аз зумраи бонувони ангуштшумор дар вилояти Хатлон аст, ки ба ҳайси судя фаъолият дорад. Ба гуфтаи ӯ ҳузури бонувон дар ҳокимияти судӣ, қабл аз ҳама, аз шавқу рағбат ва донишу малакаи худи онҳо иртибот дорад.
- Шахсан дар рафти фанҳои соҳавӣ ва омӯзиши ваколатҳои кормандони мақомоти додситонӣ, суд ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар бораи пешаи ояндаам таассурот пайдо карда, пасон мақсад гузоштам, ки дар оянда судя мешавам. Пас аз оғози фаъолият ба ҳайси мутахассис оид ба иҷрочиёни суди Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба фаъолияти ҳокимияти судӣ эътибори ҷиддӣ медодам. Он овон кор дар сохтори мазкур осон менамуд, вале дар асл судя будан, хосса барои зан-модар кори саҳлу осон нест, - иқрор меояд Зебонисо Сатторзода.
Довталабдухтарон куҷо мешаванд?
Бо вуҷуди камшумории донишҷӯдухтарони хатлонӣ дар риштаи ҳуқуқшиносӣ ва ҳузури нокифояи бонувон дар сохтори ҳокимияти судии вилоят боз ҳам баъзе духтарон баъди хатми ихтисоси мазкур дар пойтахт зиндагӣ ихтиёр мекунанд, ки ин масъала боиси нигаронӣ аст.
Бинобар гуфтаи Назира Бобоева, номзади илми ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, айни замон аз 3860 нафар донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ 716 нафар духтаронанд, ки аз ин 508 тани онҳо дар шуъбаи рӯзона, боқӣ дар шуъбаҳои ғоибонаву фосилавӣ таҳсил доранд. Вале дар идомаи таҳсил аз рӯи ихтисосе, ки минбаъд дар ҳокимияти судӣ фаъолият намоянд, шумораи донишҷӯдухтарон коҳиш меёбад.
Аз суҳбат бо донишҷӯёни факултети мазкур бармеояд, ки ҳарчанд нисбат ба солҳои пешин шарту шароитҳои таҳсил аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ мушкил шуда бошад ҳам, аммо сатҳу сифати таълим ва омодасозии кадрҳои ҷавон ҷавобгӯи талаботи замони муосир нест. Чаро ки тибқи меъёрҳои низоми кредитии таҳсилот дар синфхонаҳои муассисаҳои олӣ набояд аз 15 нафар зиёд дарс омӯзад. Ҳамин тавр, имрӯз дар донишгоҳҳо талаботу меъёрҳои низоми нави таълим ҷорӣ карда шудааст, вале усулу шароитҳои таълим тағйир наёфтаанд. Аз сӯи дигар, иддае аз донишҷӯён танҳо баъди хатми соли савуми ин ё он ихтисос тариқи интиқол таҳсилро дар факултети ҳуқуқшиносӣ идома медиҳанд, ки дар натиҷа бо донишу малакаи нокифоя ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ роҳхат мегиранд.
Мусаллам аст, ки таъмини баробарии гендерӣ дар ҳама сохторҳои ҷомеа имконнопазир аст, аммо барои зиёд намудани сафи бонувон дар сохтори ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ лоақал тасмимҳои зерин ногузир аст: мутобиқгардонии низоми таҳсил бо меъёрҳои муосири таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ; гузарондани ислоҳоти ҷадид дар сохтори ҳокимияти судӣ ва ҷудо намудани квотаҳои иловагӣ барои таҳсили духтароне, ки баъди хатми факултети ҳуқуқшиносӣ ҳатман дар ҳокимияти судии минтақаҳои зарурӣ фаъолият намоянд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН