Оила иттифоқи хурдест, ки дар асоси муҳаббати зану мард бунёд ёфта, идомабахшандаи наслҳо мешавад. Оилаи солим асоси ҷомеаи солим аст. Оид ба мақоми бонувон дар ҷомеа мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Варзоб Хуршеда Азиз ибрози андеша намуд.
- Фаъолияти роҳбарӣ барои зан ҳамзамон дар тарбияи фарзанд, оиладорӣ, кадбонугӣ ва ғайра, ки масъулияти бештарро тақозо менамояд, халал намерасонад?
- Мавқеи зан-модар дар пойдории оила хеле муҳим аст. Агар зан баробари роҳбар будан ҳалиму меҳрубон, соҳибҳунар ва дорои одобу рафтори шоиста бошад, метавонад мураббии аввалини кӯдак дар зиндагӣ бошад. Агар модар дар қалби фарзанд муҳаббати покро парвариш диҳад, кӯдак чун шахси шоиста ба воя мерасад. Модарро синаи раҳм мегӯянд, ки хуршедсон нур пошидан дорад. Дарси муҳаббат, самимият ва инсонгароиро модарон ба мо меомӯзанд.
- Оилаи солиму устувор дар ташаккули давлат нақши муҳим мебозад. Дар мавриди никоҳи хешутаборӣ ва дарёфти бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ байни никоҳшавандагон чӣ оморе ба даст доред?
- Нахуст бояд гуфт, ки дар моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ байни хешовандони наздик, байни фарзандхондагон манъ карда шудааст. Имрӯз баъзе волидону ҷавонон мехоҳанд ба ин тариқ, пайванди хешутабориро мустаҳкам намоянд.
Дар САҲШ-и ноҳияи Варзоб дар нуҳ моҳи соли равон сабти ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва инчунин сабти ақди никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта нашудааст. Кормандони бахш имсол дар зарфи нуҳ моҳ 10 маротиба бо аҳолии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» кормандони бахш дар якҷоягӣ бо кормандони бахши кор бо занон ва оила, бахши дин, бахши омор, шуъбаи корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбӣ пайваста ҳамкорӣ менамоянд. Оид ба иҷрои тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар - машварат бо кормандон ва котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот гузаронда шуд. Рӯзҳои 7 -16 августи соли равон бо фаъолон, раисони маҳалла, роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Чорбоғ, Варзоб-Қалъа, Лучоб, С. Айнӣ, Деҳмалик, Зидеҳ ва Такоб 7 машварату вохӯриҳо доир намудем…
- Манъ ва беэътибор донистани ақди никоҳ як қатор мушкилиҳои ҳуқуқиро ба миён меорад, ки боиси нофаҳмии тарафҳо мегардад. Дар ин бобат чӣ маслиҳат медиҳед?
-Дар асоси муқаррароти моддаи 16 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ метавонад дар ҳолатҳои зерин қатъ гардад:
Вафоти яке аз ҳамсарон;
Аз тарафи суд фавтидашуда эълон намудани яке аз ҳамсарон;
Дар асоси аризаи зан ё шавҳар ва ё ҳар ду тараф, васии зан ва ё шавҳаре, ки суд ӯро ғайри қобили амал эътироф намудааст.
Дар ҳолати вафоти яке аз ҳамсарон кофист, ки тарафи дигар ба мақомоти САҲШ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи вафотро пешниҳод намояд.
Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ду тарзи бекор кардани ақди никоҳ мавҷуд аст:
а) бекор кардани ақди никоҳ ба тарзи судӣ;
б) бекор кардани ақди никоҳ ба тарзи маъмурӣ.
Ҳангоми аз тарафи суд бекор кардани ақди никоҳ қонунгузорӣ баъзе маҳдудиятҳоро муайян намудааст, ки он бояд риоя карда шавад. Шавҳар ҳуқуқ надорад:
1. Дар давраи ҳомилагии зан ва якумин соли таваллуд бе ризояти зан ба суд дар бораи бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намояд;
2. Дар давраи то таваллуд фавтидани кӯдак ва то синни яксолагӣ вафот кардани кӯдак ба суд дар бораи бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намояд.
Агарчи зан дар ҷараёни ҳаёти оилавӣ дар ҳеҷ ниҳоде фаъолият накарда бошад ҳам, вай ба тарбияи фарзандон ва корҳои хона саҳми худро гузоштааст. Бинобар ин, ба моликияти хона дар баробари мард ҳаққи баробар дорад. Инро моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст: амволи дар давраи оиладорӣ бадастовардаи зану шавҳар моликияти муштараки онҳо эътироф карда мешавад. Бинобар вақте ки ақди никоҳ байни марду зан баста ва дар САҲШ ба қайди давлатӣ фаро гирифта мешавад, байни зану шавҳар ҳуқуқу уҳдадории муайянеро ба миён меорад.
Никоҳ низ чун иттифоқи озод ва баробарҳуқуқ байни зану мард мебошад. Ҳар ду низ бояд аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии бунёди оила бохабар бошанд…
Шарифгул Ҳусейнова,
ноҳияи Варзоб