06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАКТАББАЧАҲО ВА ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ

 

tatil1Баъди ба анҷом расидани ду моҳи таҳсил – моҳҳои сентябр ва октябр дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагон ба муддати 10 рӯз ба таътил баромадаанд. Суоле ба миён меояд, ки дар ин давра мактаббачагон вақти фориғи хешро бештар ба чӣ корҳо мебахшанд? Роҷеъ ба ин мавзӯъ  чанд тан аз волидон нуктаи назари хешро иброз доштанд.

 

tatil2

Моҳшариф Холиқова, сокини шаҳри Душанбе:

- Агар вазъи иқтисодиям хуб мебуд, шароит муҳайё месохтам, то рӯзҳои таътили фарзандонам воқеан ҳам бофароғату истироҳати хуш гузаранд. Эҳсос менамоям, бахусус писари хурдиям Синоҷон, ки ҳанӯз дар синфи якум мехонад, сахт хаста шудааст. Аз ин рӯ, тамошои филмҳои тасвириро барояш тавсия додам. Ба расмкашӣ ҳам ҳавасу шавқи зиёд дорад. Маслиҳаташ медиҳам, ки то аз кор омадани ман манзараҳои дилхоҳашро тасвир намояд. Ба фарзандони калонам ҳар субҳ, пеш аз хона баромадан хондани китобҳои бадеиро тавсия медиҳам. Масалан, имрӯз мутолиаи китоби «Калила ва Димна»-ро ба духтарам, Фархунда тавсия додам. Писарам Фаридун дар синфи 10 мехонад ва вақти бештари ӯ ба омӯзиши иловагии фанҳои дақиқ ва забони англисӣ сипарӣ мешавад.

Хуллас, новобаста аз он ки ман корманди давлатӣ ҳастам, тариқи телефонӣ зуд-зуд аз ҳолашон пурсон мешавам ва назорат мебарам, - иброз медорад ҳамсуҳбатам. 

 

tatil3Заррина Ғиёсова, сокини ноҳияи Лахш:

- Давраи таътили кӯдаконам ба давраи ҷамъоварии себу картошка ва чиндани ҳезум рост меояд, аз ин рӯ, вақти бештари онҳо дар боғ ва таллу теппаҳо мегузарад. Фурсати тамошои телевизорро ҳам пайдо наменамоянд. Машғули корҳои хоҷагидорӣ хаста низ мегарданд ва  бо хӯрдани хӯроки шом сар ба болин мемонанд. Бо дамидани субҳ боз аз пайи кор мешаванд. Бархе аз писаракону духтаракони деҳа ҳосили ҷамъовардаи хешро дар сари роҳҳо ба фурӯш мебароранд ва маблағ ба даст меоранд. Ин маблағро сарфи сару либоси гарм ва пойафзол барои зимистон менамоянд. Дар ин давра кам кӯдаконе метавон вохӯрд, ки дар хона бекор нишинанд ва ё машғули бозӣ шаванд.     

 

Фаридун, хонанда, сокини шаҳри Душанбе:

- Оғози олимпиадаҳо асосан дар давраи таътил шурӯъ мешавад ман  аз фанни математика дар ин олимпиада ширкат меварзам. Сайъю талош менамоям, ки ҳатто лаҳзаякеро барои омӯзиши ин фанни дӯстоштаам аз даст надиҳам. Дарсҳои иловагӣ мехонам, бештар ба мутолиа машғул мешавам. Барои омӯзиш ба мо, ҷавонону наврасон ҳама шароит муҳайёст. Фақат омӯхтан лозим аст. Боварӣ дорам, дар ин даври олимпиада, ки байни мактабҳои ноҳияҳои пойтахт гузаронда мешавад, муваффақ мегардам, - мегӯяд ӯ.

Боиси тазаккур аст, ки дар давраи таътили тирамоҳӣ дар асоси нақша – чорабиниҳо дар аксар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар омӯзгорон ба омӯзиши курсҳои технологияи муосир ҷалб карда мешаванд.

Ба гуфтаи Гулчеҳра Хоҷаева, сарвари муассисаи таҳсилоти умумии № 55-и ноҳияи Шоҳмансур, дар ин рӯзҳои таътил омӯзгорони мактаби мазкур бо хонандагони сустхон машғулият гузаронда, барои беҳтар намудани сатҳи саводнокии онҳо саҳм мегиранд. Хонандагон барои хондани асарҳои бадеӣ ҷалб шуда, ҳар рӯз аз китобхонаи мактаб даҳҳо нафар хонанда китобҳои дилхоҳро дастрас карда, мутолиа менамоянд.

- Дар давраи таътил бо мақсади пешгирии оворагардӣ ва дигар корҳои ношоям, ки аз бекорӣ байни мактаббачаҳо рух медиҳад, озмуни «Китобхони беҳтарин»-ро роҳандозӣ намудем. Ба ин васила, ҳам завқу шавқи кӯдакон ба китобу китобхонӣ бедор мегардад ва ҳам хотири мову волидонашон ҷамъ мешавад. Зеро медонем, ки кӯдак бо шуғли манфиатнок фаро гирифта шудааст. Аз 1-уми ноябр олимпиадаҳои байнимактабӣ аз 13 номгӯйи фанҳо оғоз ёфтааст ва аксари хонандагонамон иштирокчии он мебошанд. Кӯшиш мекунем, то вақти хонандагон сарфи корҳои беҳуда нашаваду тариқи ҳамин гуна озмунҳо онҳоро ба хондану бозомӯзӣ ҳавасманд намоем, - иброз медорад сарвари муассиса.

Воқеан ҳам, имрӯзҳо бо такя ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мушоҳида мегардад, ки дар қиёс бо солҳои қаблӣ падару модарон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки кӯдаконро доимо зери назорат қарор дода, онҳоро ба шуғли манфиатнок сафарбар намоянд.  

 

Қутбия   
:.  Ҳуқуқ 07.11.2019 12:05 1699

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz