Аз тамошои навори видеоие, ки марбут ба таҷлили Рӯзи Ғалаба буд, дилаш таҳ кашид. Дар он навор суҳбати журналистро бо ҷавонони раҳгузар медид, ки дар посухи суол раҳгуму саргум гашта буданд. Беш аз даҳ нафар ҷавону наврас намедонистанд, ки 9 май чӣ рӯз аст ва ба кадом хотир ҳамасола ҷашн гирифта мешавад…
- Муаллима, чаро якбора Шумо аз ин навор ёд овардед? - мепурсам аз ҳамсуҳбатам.
- Баъзе ҷавонон намедонанд, ки 9 май чаро Рӯзи Ғалаба ном гирифтаасту 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Имрӯз, ки онҳо аз меваҳои шаҳдбори истиқлолияту ваҳдат ком ширин мекунанд, бояд аз моҳияти ин вожаҳои сарнавиштсози миллат бехабар намонанд, – андешамандона посух мегӯяд Раъно Каримова.
Моро зарур аст, ки бо ёди хотираҳои то расидан ба ваҳдат, чӣ гуна ба даст омадани ваҳдати миллиро тариқи барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва мақолаҳои ВАО ба зеҳни ҷавонон ҷо кунем. Чаро ки ваҳдат ба миллати тоҷик ба осонӣ даст надодааст. Хуни ноҳақ рехт, садҳо ҷон бохта шуд, харобию гуруснагиро зиндаҳо паси сар намуданд, ки баъд рӯ ба ободӣ овардем. Воқеан, назаре ҳаст, ки он рӯзҳои мудҳишро камтар ёдоварӣ кунем. Вале, хотираҳоро бояд гуфт, агарчи талх бошаду сангин, зеро ибратомӯз асту роҳнамо ба сӯи амалҳои нек. Ва завлонаест, ки ҷавононро аз кирдорҳои ношоистаю бадхоҳӣ боз медорад. Ҷавононро аз омилҳои сар задани он ҳодисаҳои нангину сангине, ки бар сари миллати тоҷик омаданд, мудом огаҳ бояд намуд. Онҳо донанд, ки дар ҳама давру замон дасисабозону бадхоҳон ба амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ омода ҳастанд, ки мардумро фирефтаи найрангҳояшон созанд. Дар сафҳаи таърихи миллати тоҷик он рӯзҳои пурмусибат ва санаҳои фаромӯшнопазири то ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ расидан, бояд ҷовид монанд. Ваҳдатро тарғиб кунему истиқбол аз фарорасии ҷашни он намоем, - бо исрор мегӯяд Раъно Каримова.
«Аз куҷоӣ?»
Он замон Раъно Каримова дар шуъбаи ҳуқуқи иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба ҳайси мудир фаъолият мекард. Шоҳиди ин ҳама кашмакашҳо ва нобасомониҳои давр буд. Пеши чашм садҳо тани ба хун оғӯшта, мардуми сарсону саргардон, гуруснаву бехонаю дарро дид. Шоҳиди хонасӯзию ба гӯристони умумӣ табдил ёфтани мавзеъҳои обод ҳам гашт.
- Ба ёд овардани он лаҳзаҳо худ даҳшат аст. Даврае, ки бародар бародарро намешинохту нобасомониҳои давр оғоз ёфтанд, шавҳарамро ба таври гузариш ба авиатсияи Қӯрғонтеппа ба кор таъйин карданд ва дар ин шаҳр зиндагиро ихтиёр намудем. Агарчи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба рӯҳияи мардум зарбаи равонӣ расонда буд, касе дар бораи ҷанг тасаввуроте надошт. Акнун, фикр мекунам, ҳамон маҳалгароие, ки байни мардум буд, сабаби ҳодисаҳои минбаъда шуд, - ботаассуф мегӯяд мавсуф.
«Гурез! Куҷо гурезам?!»
Ҳар боре аз хотираҳои сангини зиндагиаш, ки ҷавониашро сарфи он рӯзҳои мудҳиш намуда буд, варақгардон месозад, мисли дигар модарони ташнаи сулҳ дуо мекунад, то дар фазои осудаи Ватан хандаи беғаши кӯдакон танинандоз бошад. Наметавонад ба таҳлука афтодани мардуми саргумгаштаву нидои «Ҷанг сар шуд…» -ро аз лавҳи хотираш пок созад.
- Моҳи майи соли 1992 дар рухсатии ҳомиладорӣ қарор доштам. Занги телефони хона садо дод. Гӯширо бардоштам, аз он сӯ як дӯстам овоз баровард: «Раъно гурез, ҷанг сар шуд!». Дар ҳайрат будам. Аз худ пурсидам, ки «ҷанг бо кӣ?». То имрӯз ба ин суол ҷавоб наёфтаам. Воқеан, он рӯзи сиёҳе буд, ки ба сари миллат омад ва то ҳанӯз доғи он аз қалбҳо зудуда нагаштааст. Яке писар гум карду дуюмӣ падар, савумӣ ёру бародар. Маро низ бародар ҳадафи тири нохалафе гашт ва се фарзанд аз ӯ ятим монд. Агарчи бароям ёди он рӯзҳо хеле дарднок асту сангин, гоҳе ба андеша меравам, ки он давраҳои бесарусомонӣ ва бемаънии рӯзгори миллатро ба қалам бикашам, то дарсе бошад барои ҷавонон, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Саҳми бонувон дар таҳкими ваҳдат
Соли 1993. Замоне, ки ҳанӯз ҳам нафарони силоҳбадаст «ҳукмронӣ» доштанд, Раъно Каримова раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон таъйин гашт. Мебоист бо он бехирадони ситамгар забон ёфт, кор кард ва мушкили мардуми одиро осон намуд. Кумакрасонаш бонувони корозмудаву таҷрибаандӯхта - Низорамоҳ Зарифова, Қимат Рустамова ва Латофат Насриддинова буданд. Насиҳаташ медоданд, ки дар муносибат бо мардум пуртаҳаммулу боандеша бошад.
- Ҳамагӣ 36 сол доштам. Сарфи назар аз даргириҳои он замон, вақте бо боварӣ ба ман масъулиятро вогузор карданд, бо неруи зиёд аз пайи кор шудам. Воқеан, ун рӯзҳо бо мардум забон ёфтан ниҳоят душвор буд. Ҳама дар ҳолати ошуфтагӣ қарор доштанд ва касе ба касеву чизе бовар намекард. Бонувони фарзандмурдаву ёру бародаргумкардаро сарҷамъ намудам. Аввалин иқдомамон ташкили қабристони умумӣ буд, зеро шабона сагҳо аз ҳар гӯшае мурдаҳоро ба кӯчаҳо мебароварданду муҳити мотамзадаро пураламтар месохтанд. Сипас, бонувони ғамзада бо эътироз дар даст расмҳои фарзандону наздикони фавтидаашон ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо илтиҷо мекарданд, ки пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад, -
мегӯяд муаллима.
«Шукр, ки ба ваҳдат расидем»
Раъно Каримова баъдан дар вазифаҳои масъул кор кард, аз соли 1999 муовини раиси вилояти Хатлон ва панҷ сол раиси ноҳияи Муъминобод буд. Вакили Маҷлиси Олии кишвар ҳам интихоб шуд ва имрӯз дар вазифаи роҳбарии раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
- Ҷавонии мо солҳои мушкилу нобасомонии кишвар номаълум сипарӣ гашт. Аз ҷавонӣ ҳамқадаму ҳамнафаси сиёсат будам. Шукр, ки ба ваҳдат расидем. Ин ганҷи бебаҳоро, ки аксари давлатҳои дунё орзуи ба даст оварданашро доранд, чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дорем ва ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем. Шукр, шукр ва боз ҳам шукр! – ифтихормандона хулоса мекунад ҳамсуҳбатам.
Қутбияи Неъматулло