09

Мая, 2025
Ҷумъа

09

Мая, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОДАРИ САРБОЗ

 

08-201936Адо намудани хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан барои ҷавонмардон дар ҳама давру замон амали бошарафу пурифтихор аст.

Имрӯзҳо ҷавонон ва падару модарон хуб дарк месозанд, ки хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мисли солҳои пешин набуда, дар қисмҳои низомӣ шароити хуб муҳайё ва муносибати афсарон бо сарбозон хуб аст.

Дар қисми ҳарбии «Н»-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳатӣ наздикону пайвандон ба дидорбинии сарбозон меоянд. Фазои толорро суҳбатҳои гарму самимии падару модарон, ҳамсарон, хоҳарон ва дигар хешовандон бо аскарон пур месозанд. Онҳо туҳфаҳои худ­ро рӯйи миз монда, аз ҳоли якдигар мепурсанд ва шукронаи неъмат ва оромии кишвар менамоянд.

Марҳамат Бойматова моҳи апрели соли равон бо писараш Сиёвуш Шафиев ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Данғара рӯ овард, то Сиёвушро барои хизмати ҳарбӣ номнавис намоянд.

- Ин хоҳиши худи ӯ буд. Агарчи ҳамсолонаш пайи ҳам ба хизмат мерафтанд, ба номи ӯ ҳанӯз даъватнома наомада буд. Ман фикрашро ҷонибдорӣ кардам ва хоҳари калонам Сайнисо Раҳмонова низ аз ноҳияи Ҷайҳун ҳамроҳ бо писараш ба комиссариати ҳарбӣ омад ва мо - хоҳарон писарони худро ба хизмат гуселондем. Писари маро ба Душанбе ва писари хоҳарамро ба шаҳри Бӯстон ба хизмат фиристоданд. Дар ду ҳафта як бор ба аёдати писарам меоям. Сиёвуш аз хизматаш қаноатманд аст. Модар ҳолати фарзандро ба як нигоҳ пай мебарад ва мебинам, ки ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонии Сиёвуш хеле хуб аст, - бо қаноатмандӣ изҳор дошт М. Бойматова.

Модар бар он назар аст, ки хизмат ба Ватан мардро обутоб дода, ба қадри арзишҳои бузурги инсонӣ мерасонад, ба монанди падару модар ва наздикону пайвандонро дӯст доштану қадр кардан, афзудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ва амсоли инҳо.

08-20194Сокини шаҳри Кӯлоб Имомризо Қурбонов – сарбози қисми ҳарбии мазкур, ки се моҳ қабл бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ омадааст, мегӯяд, ки адо намудани хизмати ҳарбӣ вазифаи ҳар як ҷавонмарди бонангу ор мебошад.

- Се вақт бо хӯроки гарм ва сарулибоси наву тоза таъмин ҳастем. Солҳои қабл гапҳои зиёде атрофи бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбӣ зиёд буданд. Имрӯзҳо чунин рафтору муносибат аз байн рафтаанд. Насиб бошад, бародари хурдиамро худам ба хизмати Модар - Ватан гусел хоҳам кард, - иброз дошт сарбози қаторӣ И. Қурбонов.

Рӯзигул Содиқова, модари Имомризо Қурбонов, аз хизмат дар қисми низомии фарзандаш изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки дар дилхоҳ рӯзи истироҳатӣ метавонад ба дидорбинии фарзандаш ояд.

- Аз хизмати писарам розӣ ҳастам. Бигзор бо сари баланд хизмат намояд. Ман чор писару як духтар дорам. Ду писари бузургам дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил карда, дар кафедраҳои ҳарбии ин таълимгоҳҳо аз омодагии ҳарбӣ гузаштаанд. Писари сеюмам Имомризо бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ омад ва писари хурдиам, ки алҳол хонандаи мактаб аст, ба аёдати бародараш меояд ва аз шароити хуби будубоши сарбозон воқиф шуда, аллакай ҳаваси хизмат карданро дар дил мепарварад, - гуфт Рӯзигул Содиқова.

Модари дигар – Мавлуда Ахмедова аз Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ писараш Сироҷиддин Маликовро хабаргирӣ омада, иброз дошт, ки 10 моҳ боз Сироҷиддин адои хизмат карда, то ҳанӯз аз чизе шикоят накардааст.

08-201937- Писари ман аз хизмати худ қаноатманд аст. Ӯ бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ рафт ва хато накард. Вайро дида, аз деҳаи мо 6 нафар ҷавон ихтиёран ба хизмат рафт, - гуфт Мавлуда Ахмедова.

Модарон иброз доштанд, ки дар муҳлати муқарраршуда барои рухсатӣ гирифтану ба аёдати наздикону пайвандон рафтани сарбозон то кунун аз ҷониби роҳбарияти қисми ҳарбӣ монеа эҷод нашудааст.

- Падару модари солхӯрда дорам, ки зиёд хоҳиши дидани набераи сарбозашонро мекарданд. Аз сардори қисми низомӣ рухсат пурсидам ва хоҳиши маро ба ҷо оварданд. Ду рӯз бобову бибӣ писарамро меҳмондорӣ карданд ва рӯзи сеюм субҳи барвақт ӯ хушҳолу қаноатманд ба қисми низомӣ баргашт, - иброз намуд Марҳамат Бойматова.

- Агар ҷавонмардон ба хизмати ҳарбӣ наоянд, пас марзу буми Ватани моро кӣ ҳимоя мекунад? Мо чӣ касем, ки барои манфиати ин Ватан коре карда натавонем? Ғайри мо касе хонаи моро тозаву озода ва обод намекунад. Тоҷикистонро бояд мисли хонаи худ дӯст дорему аз душманон эмин дорем. Ватанро аз ҳарвақта дӯсттар бояд дошт, - гуфт дар интиҳо Мавлуда Ахмедова.

 

Ситора Ашӯрова

:.  Ҳуқуқ 26.08.2019 06:51 1202

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz