11

Июл, 2025
Ҷумъа

11

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАСЛИҲАТИ ҲУҚУҚӢ

 

04 201916Ба суолҳо судяи суди шаҳри Душанбе
Гулнисо Ҳамидзода посух мегӯяд

 

Суол:

Ман бо шавҳарам дар асоси никоҳи динӣ зиндагии якҷоя дорем ва онро ба расмият надаровардаем. Фарзанди нахустини мо ба наздикӣ сесола мешавад, вале то ҳанӯз шаҳодатномаи таваллуд надорад. Барои гирифтани шаҳодат­номаи таваллуд кадом ҳуҷҷатҳои иловагӣ лозим аст?

Сарвиноз Саидмуродова,
ш. Душанбе

 

Посух:

-Дар асоси моддаи 50, қисми 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шаҳрванд хоҳад, ки кӯдак насаби падарро дош­та бошад, дар ин сурат барои муқаррар кардани падарӣ ба суд муроҷиат менамоянд. Барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд аз САҲШ ҳалномаи суд асос мегардад. То семоҳагии кӯдак гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ройгон аст ва баъди ин муддат ҷарима супурда мешавад.

 

Суол:

-Чанд моҳ пештар духтарам бо се фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуд. Азбаски имкони нигоҳубини фарзандонро надоштем, ду писарро ҳамроҳи падараш гузоштем. Духтарам барои дидорбинии бачаҳояш равад, хонаводаи собиқ шавҳараш иҷозати вохӯрӣ бо кӯдаконашро намедиҳад. Ба куҷо муроҷиат кунем?

Гулбаҳор Шукурова,

ноҳияи Шаҳринав

 

Посух:

-Дар моддаи 56 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобою бибӣ, бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Г. Шукурова метавонад ба суд муроҷиат намояд ва дар асоси ҳалномаи суд тартиб ва вақти муошират бо фарзанди ӯ муайян карда мешавад.

 

Суол:

-Дар асоси ҳалномаи судӣ баъди ҷудо шудани писарам аз занаш собиқ келинам дар хонаи мо мас­кун карда шуд. Аммо, ӯ рӯзе ҳам дар ин хона зиндагӣ накардааст. Хонаи мо ҳамаги се ҳуҷра дорад ва бояд писари дигарамро хонадор кунам, вале, аз сабаби надоштани хона, имкони барпо намудани сури арӯсии писарамро надорем. Вақте келини собиқам дар хона зиндагӣ намекунад, оё суд метавонад ҳукми худро бекор кунад?

Шарофиддин,
ноҳияи Синои ш.Душанбе

 

Посух:

-Дар ин маврид шаҳрванд метавонад, ки дар мавриди аз ҳуқуқи истифодаи манзил маҳрум кардани ин келин ба суд муроҷиат намояд ва собит созад, ки келин аз кай боз маскуни ин хона нест. Лекин, шаҳрванд дар ҳолати фарзанд доштани ин келин чизе нагуфтааст. Агар ӯ фарзанд дошта бошад, суд манфиати фарзандонро низ ба назар мегирад.

 

Суол:

-Аз бобоям, ки ӯро ман нигоҳубин мекардам, ба таври шифоҳӣ ба ман 8 сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда буд. Ман дар он замин хонаи истиқоматӣ бунёд намудам ва беш аз 10 сол аст, ки дар он зиндагӣ дорам. Модарам, ки аз мерос даст кашида буд, аз олам гузашт. Вале, тағоҳоям ин қисмати заминро ба номам ҳуҷҷат намекунанд. Дар ин ҳолат чӣ кор кунам?

Саид,
шаҳри Ҳисор

 

Посух:

-Агар тағоҳои Саид меросро қабул карда бошанд, онҳо, ки фарзандони мӯйсафеданд, меросхӯрони нав­бати аввал маҳсуб меёбанд. Дар ин ҳолат танҳо бо роҳи муросо ӯ метавонад ин қитъаи заминро ҳамчун туҳфа аз тағоҳояш қабул намуда, дар асоси ҳалномаи суд ба расмият дарорад.

 

:.  Ҳуқуқ 19.04.2019 11:44 1417

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz