07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАҒЙИРОТ ДАР ҚОНУН «ДАР БОРАИ ПРОКУРАТУРАИ ТОҶИКИСТОН» МАСЪУЛИЯТИ ПРОКУРОРОНРО МЕАФЗОЯД

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, иброз медорад, ки ин Лоиҳа бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни конститутсионии мазкур бо муқарррароти Конститутсия (Сарқонун) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ба гуфти А. Холмуҳаммадзода дар таҳрири нави қонун омадааст, ки  мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар баробари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дигар арзишҳое, ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат муқаррар мекунанд, инчунин ҳуқуқу озодиҳои сокинони мақоми шаҳрвандии хориҷидошта ва бешаҳрвандро низ ҳимоя мекунад.

Аз иловаҳои пешниҳодшуда ба қисми 2-и моддаи 16, тарҳи нави қонун бармеояд, ки агар аз тарафи прокурор тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мубориза бо фасод ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо риоя нашавад, муҷрим аз фаъолият дар мақомоти мазкур озод карда мешаванд. Яъне агар тӯю маъракаҳои гузаронидаи прокурор ба талаботи қонун мухолифат кунад, аз вазифа сабукдӯш мешавад.

Инчунин, тибқи қонуни нав аз ин пас, барои гузаронидани амалиёти тафтишотӣ дар баробари иҷозаи прокурор ризоияти суд ҳам зарур аст.

Тибқи тағйироти ба қисми 2-и моддаи 23 Қонуни мазкур воридшуда бошад, дахолати прокурор ба фаъолияти хоҷагӣ ва ё аз ҷониби он иваз намудани вазифаи мақомоти тобеи идора ва мақомоти назорат манъ аст. Сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 3-и моддаи 24 дар таҳрири пешниҳодшуда муқаррар мекунанд, ки прокурор дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати шаҳрванд, давлат, корхона, муассиса, ташкилот, новобаста аз шакли моликияташон, аз ҷумла, ҷиҳати барқарор кардани зарари расонидашуда ба суд муроҷиат кунад, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун парвандаи ҷиноятӣ, истеҳсолотӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намояд, дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ё моддӣ кашидан истеҳсолот оғоз кунад, маводро барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор фиристонад.

Дар асоси қонуни нав аз ин пас прокурор дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд. Ҳамчунон, иштироки прокурор дар мурофиаи судӣ ҳангоми баррасии даъвои прокурор ҳатмӣ мебошад.

Дар асоси тағйироти нав ба қонуни мазкур Прокуратураи генералӣ ва Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, прокуратураҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокуратураҳои ба онҳо баробар, Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи прокуратура бо забони давлатӣ мебошанд.

Зимни муҳокимаи парлумонӣ зикр гардид, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади самаранокии фаъолияти мақомоти прокуратура нигаронида шуда, масъулияти онҳоро дар фаъолияти минбаъдаашон зиёд менамояд.

 

Ҷамолиддин Сайфиддинов

:.  Ҳуқуқ 24.12.2014 10:16 2939

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz