07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ» БАРОИ БАРРАСӢ ПЕШНИҲОД ШУД

 

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» доираи шахсонеро фаро мегирад, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ҷиноят содир намуда, аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содирнамудаашон ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд.

Лоиҳаи Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ки шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз маҳбас ва идомаи минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Ҳамчунин, аз адои ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ғариҳабсӣ занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва шуш, бемории дил, шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд.

 Ғайр аз ин, маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд ва ба онҳо то 5 сол ҳукми маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Шахсоне, ки нисбат ба онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ғариҳабсӣ таъин карда шудаанд ва ҳамчунин шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то як солу шаш моҳ боқӣ мондааст, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, ҷосусӣ, таҳрибкорӣ ва ҷиноятҳои ба терроризм алоқамандро содир намудаанд, аз адои минбаъдаи ҷазо ва ҷавогарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Мувофиқи лоиҳаи Қонуни мазкур кам кардани мӯҳлати ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ нисбат ба дигар маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ Қонуни мазкур нисбат ба зиёда аз даҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки авфи охирин дар Тоҷикистон соли 2011 бахшида ба 20-солагии истиқлолияти давлатӣ эълон шуда буд. Дар натиҷа аз муассисаҳои ислоҳотии кишвар зиёда аз 4 ҳазору 300 нафар, ки гуфта мешавад аз ин шумор 196 зан ва 153 ноболиғанд, ба озодӣ баромада, мӯҳлати ҷазои наздики 5 ҳазор маҳбусиён кам карда шуд. 

 

Гулноза БОБОМУРОДОВА
:.  Ҳуқуқ 28.10.2014 06:10 3327

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz