РАВЗАНИ ОШНОӢ:
Наргис Маҷидова зодаи деҳаи Ҳакимии ноҳияи Нуробод мебошад. Соли 2003, яке аз аввалинҳо шуда, пас аз хатми мактаби зодбум, тибқи Квотаи президентӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид. Соли 2009, пас аз хатми Донишгоҳ, ба зодгоҳ баргашта, як сол интернатураро дар беморхонаи марказии ноҳия бо сарбаландӣ гузашт. Имтиҳонҳои давлатиро бомуваффақият супурда, соҳиби тахассуси педиатр-духтури кӯдакон шуд.
Соли 2010, баъди оиладорӣ, сартабиби беморхонаи минтақавии деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов таъин гашт. Панҷ соли заҳматҳои шабонарӯзӣ, роҳбариву кордонӣ, масъулиятшиносиву меҳрубониҳояш ӯро байни мардум обрӯманд гардонд.
Ба лаёқати ин кадри ҷавону кордон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таваҷҷуҳ намуд. Масъулиятшиносӣ ва меҳнат¬дӯстиву донишашро ба инобат гирифта, соли 2015 Наргис Маҷидоваро муовини раиси ноҳия таъин намуданд, ки дар ин вазифаи сиёсию иҷтимоӣ панҷ сол фаъолият бурд. Дар ин баробар, ӯ аз ҳавзаи интихоботии Юс дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод вакилиро низ ба зимма дошт. Алҳол, муовини сартабиби беморхонаи марказии ноҳия дар бахши модару кӯдак аст.
Имрӯз кас баъди дидани шаҳраки муосири Дарбанд, маркази маъмурии ноҳияи Нуробод, бовар намекунад, ки деҳаи дурдасти кӯҳистони кишвар дар як муддати кӯтоҳ симояшро ба куллӣ тағйир додааст. Тули 10–15 соли охир, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бунёдиву созандагӣ дар ин ҷо вусъати тоза касб намуда, биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат афрохтанд. Сокинон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тамоми ҷабҳаҳо ва, бахусус бунёдкориҳои азим, боифтихор сухан мегӯянд ва шукронаи сулҳу амониро бо меҳнати ҳалол, софдилонаву содиқона ба ҷо меоранд.
Соҳаи тибби ноҳия низ дар ин раванд хеле рушд намуда, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Бинои беморхонаи марказӣ, ки аз се ошёна иборат аст, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Шабакаи гар¬мидиҳии он бо неруи барқ ва ангишт фаъолият намуда, дар фасли зимистон дафтари кории табибон ва ҳуҷраҳои беморон гарму озодаанд.
Ифтитоҳи беморхонаи марказии Нуробод соли 2009-ум зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия рост омад. Пешвои миллат дар ҷараёни шиносоӣ бо бинои нав, сифати баланди корҳои сохтмониро зикр намуданд, техникаву таҷҳизоти хуби замонавиро низ, ки ба беморхона ба тозагӣ ворид шуда буданд, аз назар гузаронда, баҳри бо шароити боз ҳам беҳтару мутахассисони сатҳи баланд таъмин кардани он ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ба гуфтаи муовини сардухтур Наргис Маҷидова, алҳол дар ноҳия 42 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ (КАТС), 5 беморхонаи минтақавӣ, 5 маркази саломатии деҳот, 1 Маркази давлатии эпидемиологӣ, 29 бунгоҳи тиббӣ ва 9 дорухонаи хусусӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Барои ҳифзи саломатии зиёда аз 76 ҳазор аҳолӣ 210 корманди соҳа, ки 43 нафараш тахассуси олӣ дорад, камари ҳиммат бас¬тааст. Шумораи бонувони табиб ба 15 нафар мерасад.
Дар шуъбаи ҷарроҳӣ 5 духтури соҳибпеша фаъолият дорад. Ин пизишкони ҷавону ҳозиқ амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ, аз қабили ҷарроҳии чурра, санги талха, илтиҳоби кирмрӯда, ворикосел, қайсарӣ, эхинакоки ҷигар, тонзиллотомия, полипотамия ва ғайраро мегузаронанд.
- Солҳои пеш волидон духтарони кӯҳистонро намемонданд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намоянд. Ҳоло бошад, зодмандон барои ба хондан рафтани духтарҳо бо ҳам рақобат доранд. Барои ба даст овардани як квота зиёда аз 10 духтар довталаб аст. Солҳои қабл пизишкбонувон як ё ду нафар буданд. Ин мушкилии аввалиндараҷаи соҳа ва занони ноҳия ба шумор мерафт. Бонувони мо барои одитарин муоинаву муолиҷа ба ноҳияи Рашт ё шаҳри Душанбе мерафтанд. Ҳатто дар мавридҳои зарурӣ барои гирифтани кӯдак аз батни модар дар амали қайсарӣ дасткӯтоҳ будем, ҳоло вазъият ба дараҷаи олӣ тағйир ёфтааст, - мегӯяд Наргис Маҷидова.
Имрӯз дар беморхона 8 духтури бемориҳои занонаи дорои таҳсилоти олӣ фаъолият мекунад. Норасоии мутахассисони соҳа бошад, сол аз сол аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бартараф мегардад.
- Аз хурдсолӣ орзуи табиб шуданро дар дил мепарваридам. Мушкил аст кор бо беморон, вале ман, ки касбамро ниҳоят дӯст медорам, корам ҳамеша пешрав аст. Шабу нимашаб аз кор ба хона ва ё баръакс аз хона ба кор рафтан пеш меояд. Баъзан шабҳо дар беморхона ё назди маризе дар деҳаҳои дур дар гармову сармо мемонам, - қисса мекунад Наргисбону.
То соли 2001 пизишконро аз пойтахт тибқи қарордод мехонданд. Дар шароити сангини кӯҳистон пизишкони шаҳрӣ ду-се моҳ тоқат мекарданду бармегаштанд. На мошин буду на роҳ, на техникаҳои нигоҳдории ҷодаҳо. Тавассути занбар аз роҳи дур маризонро ба бемористон меоварданд. Баъзан бо сабаби дер кардан, беморон мефавтиданд…
- Албатта, дар ҷое кор ҳаст, камбудию мушкилот низ пайдо мешаванд, — меафзояд Наргисбону.- Сарфи назар аз ин, итминони комил дорам, ки таҳти роҳбарии сартабиби ҳозиқу пуртаҷриба Раҷабалӣ Мусамиров, дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, камбудиву норасоиҳо рафъ мешаванд, барои табибон тамоми шароит фароҳам аст, то дар ҳифзи саломатии мардум саҳми бориз дошта бошем…
Далер САФАР,
ноҳияи Нуробод