Чанд сол пеш бо тақозои кор бо зани меҳнатдӯст, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, муаллифи чандин китобҳо Хайринисо Ҷӯраева суҳбате оростам. Муошират бо ин бонуи хушзавқ ба ман неру бахшиду то дер зери таассуроти он меандешидам. Ба қавли халқ, ин зани сариштакору бомаърифату меҳнатдӯстро ҳарфҳояш басо гуворо буданд. Аз он рӯзҳо солҳои зиёде сипарӣ шуданд.
Имрӯз ман бо фарзанди олим Хуршеда Ҷӯраева рӯ ба рӯ суҳбат меорояму он лаҳзаҳо пеши назар ҷилвагар мегарданд. Бале, Хуршеда ҳам дар сурат, ҳам дар сират, ба модараш монанд аст, аммо пешаи падарро писандидааст. Мегӯяд: «Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз».
Падари Хуршеда Абдуалӣ Ҷӯраев, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, ҳамчун ҷарроҳ дар беморхонаи Қарияи Боло фаъолият мекард.
Дар идомаи суҳбат бо як табассуми малеҳ гуфт:
–Бобои модариам низ табиби шинохтаи мардумӣ буда, дар охирҳои асри Х1Х бо номи Мулло Пӯлоди табиб шуҳрат дошт. Шояд таъсири хонаводагӣ бошад, ки пизишкиро баргузидам ва 38 сол боз ба табобат машғулам.
Хуршеда Ҷӯраева зодаи шаҳри Душанбе, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 таҳсил намудааст. Овони мактабхонӣ дар корҳои ҷамъиятӣ хеле фаъол буд.
Соли 1978 ташкилоти ҷавонони мактаб Хуршеда Ҷӯраеваро вакили анҷумани ҷавонони (съезди ЛКСМ) Тоҷикистон интихоб карданд ва ӯ аз номи ҷавонон сухан гуфт.
Хуршеда Донишгоҳи тиббиро сарбаландона ба итмом расонда, интернатураро дар таваллудхонаи №3-юми шаҳри Душанбе хатм кард. Фаъолияти кории худро дар таваллудхонаи №2-юми пойтахт оғоз намуд. Ҳафт сол аз устодаш, сардухтури таваллудхона Кароматхон Умарова нозукиҳои ихтисосро омӯхт. Бо тақозои касби ҳамсараш (Абдурашид Сангинов, муовини прокурори ноҳияи Бобоҷон Fафуров таъин шуда буд) ба Хуҷанд кӯчид ва дар беморхонаи Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд ва аз соли 1993 дар беморхонаи марказии шаҳри Чкалов (алҳол Бӯстон) ба фаъолият пардохт.
Боре дар қабулгоҳи Хуршедабону бо зани хушрӯе ҳамсуҳбат шудам.
–Шукр,–гуфт вай,–қариб хонавайрон шуда будам. Охир, хонае, ки тифл надорад, он ҷо ғамхона аст. Чаҳор сол рӯи фарзандро надидам. Ҳама дарҳоро кӯфтам, мурод ҳосил нашуд. Бо тавсияи ҳамсояам назди Хуршеда Ҷӯраева омада, табобат гирифтам, соҳиби фарзанд шудам.
Хуршеда имрӯз аз қиблагоҳӣ, аз устодаш, аз ҷумла, аз Каромат Умарова миннатдор аст, ки бо ҳидояти онон навъҳои табобати гинекологӣ ва намудҳои ҷарроҳии дохили шикаму пластикиро азбар кардааст.
Духтури дараҷаи олист. Ҳамзамон, бо нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон қадр гардидааст.
Дар оиладорӣ низ муваффақ аст. Фарзандонаш Шаҳноза, Сангин ва Ҳакимҷон имрӯз дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намуда, баҳри баланд бардоштани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар адои вазифа менамоянд. Хуршедабону соҳиби 10 набера буда, дар партави сулҳ даврони фароғат меронад.
Гули ҶАҲОН,
шаҳри Бӯстон