Дар давоми бештар аз 50 сол Гулчеҳра Икромбекова ҳамчун духтури бемориҳои сироятӣ ба мардум хизмат мерасонад. Фаъолияти самараноки касбӣ ва саҳми арзандааш дар муолиҷа ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо нишони «Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР» ва ифтихорномаҳои зиёд қадр гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, нахустин табибони ҷарроҳ дар вилоят аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ аз солҳои 60-уми асри гузашта ба хидмати дардмандон камар бастанд. Пешоҳанги соҳа Алимамад Одинамамадов пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба зодгоҳаш баргашта, дар шуъбаи ҷарроҳии касалхонаи вилоятӣ ба кор шуруъ кард. То ин вақт амалиёти ҷарроҳиро духтуроне, ки аз Россия, Арманистон ва Украина меомаданд, анҷом медоданд. Ба хизмати ин духтурон мардум арҷ мегузоранд ва ашхоси солманд бо сипос номҳои Т.Г Коновалова, Ф.И Любушкина, Ахвеледиани, Красюк, Мамедов ва дигаронро ба ёд меоранд. Духтури ҷавон Алимамад Одинамамадов бо камоли ҷиддият ба фаъолият пардохта, ҳамзамон, роҳбарии касалхонаро ба уҳда гирифт.
Кордонӣ ва қобилияти ташкилотчигии кадри ҷавонро ба назар гирифта, пас аз чанде ӯро сардори шуъбаи нигаҳдории тандурустии ВМКБ таъин намуданд. Бо кӯшишҳои ӯ хатмкунандагони зиёди макотиб барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳуҷҷат супурда, пас аз соҳибкасб шудан ба зодгоҳашон баргаштанд ва вазъи таъминоти муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои пизишкӣ беҳтар гардид. Ҳамчунин, ба шарофати талошҳои пайвастааш Омӯзишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Хоруғ аз нав фаъол шуд, ки нақшаш дар тайёр намудани кадрҳои миёнаи тиббӣ калон аст. Дар давраи фаъолияти Алимамад Одинамамадов ба сифати сардори шуъбаи нигаҳдории тандурустии вилоят, дар ноҳияҳо ҳам шуъбаҳои ҷарроҳӣ кушода шуданд.Ман ҳам як сол ҳамчун ҳамшираи тиббӣ дар шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолият доштам ва бо тавсияи ӯ ба Донишгоҳ дохил шудам. Афсӯс, ки,-мегӯяд Гулчеҳра Икромбекова, риштаи умри ин некмард дар айни ҷавонӣ канда шуд, вале дар қалби шогирдону ҳамкасбонаш хотироти равшан ва нек боқӣ гузошт. Ҷарроҳ Амонулло Мамадсултонов низ чун роҳбари беморхонаи вилоятӣ ва ҳам Омӯзишгоҳи тиббӣ дар тайёр намудани кадрҳои миёнаи тиббӣ саҳми пурсамар дорад. Дониши ӯро ба назар гирифта ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун омӯзгор даъват намуданд.
Муаллим бо дониши мукаммал ва малакаи зеҳниаш байни шогирдон маҳбубияти зиёд ёфт. Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба шаҳри Хоруғ баргашта, дар касалхонаи вилоятӣ ҳамчун духтури ҷарроҳи дараҷаи олӣ ба кор шуруъ кард. Ӯ нахустин пизишке буд, ки ҷарроҳии шушро дар шуъба оғоз намуд ва шогирдонаш бомуваффақият таҷрибаи устодро идома медиҳанд. Дар сафи ин ҷарроҳони номдор як қатор табибони ҷарроҳ, ба мисли Сиҷотшо Гулаёзов, Қурбонҷон Солеҳҷонов, Аскархон Ҷумъахонов, Қурбон Сабзалиев, Ширинбек Давлатмамадов, Ошурмамад Назришоев, Шодӣ Гулаёзов, Исмоил Асматбеков, Некушо Музаффаров ва дигарон ба арса ворид шуданд. Сиҷотшо Гулаёзов солҳои тулонӣ сарварии шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятиро бар уҳда дошт ва сипас ба ҳайси сарҷарроҳ таъин шуд. Дар ин вазифа вай кадрҳои зиёд ба воя расонда, пойгоҳи моддӣ ехникии касалхонаҳои ноҳиявӣ ва вилоятиро беҳтар гардонд. Маҳз бо ташаббуси ӯ бинои нави сеошёнаи ҷарроҳӣ дар маркази вилоят ба истифода дода шуд. Табиб Сиҷотшо аввалин шуда, ҷарроҳии ҷоғарро ба роҳ монд ва ҳоло шогирдон бидуни душворӣ ин амалиётро ба хубӣ анҷом медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои С. Гулаёзовро ба назар гирифта, ӯро бо унвони Духтури шоистаи Тоҷикистон қадр намуд. Ӯ байни мардум бо забони нарму дили пок ном бароварда буду хотираи нек дар қалбҳо гузоштааст. Қурбонҷон Солеҳҷонов дар давраи фаъолияти касбиаш ҳамчун духтури сабукдаст байни мардум шуҳратёр гардид. Духтури ҷарроҳ Қурбоналӣ Сабзалиев фаъолияти худро аз ноҳияи дурдасти Мурғоб оғоз карда, дар муддати кӯтоҳ соҳибэҳтироми сокинони мавзеи баландкӯҳ гардид. Ба шароити душвори иқлимӣ нигоҳ накарда, пизишки ҷавон дар ин ҷо фаъолияти пурсамар дошт. Сипас, ӯро ба беморхонаи вилоятӣ даъват карданд. Табиби ҳозиқ Қ.Сабзалиев ҷарроҳиҳои мураккаб мегузаронд. Бо талошҳои ӯ дар беморхонаи вилоятӣ шуъбаи хунгузаронӣ кушода шуд ва солҳои тулонӣ роҳбариашро устод бар уҳда дошт. Фаъолияти шуъба кори ҷарроҳиро хеле осон гардонд. Соли 1997 дар бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ бо саъю талошҳои духтури ҷарроҳ Аскархон Ҷумъахонов шуъбаи кӯдакона фаъол гардид. Ӯ бо шогирдаш Исмоил Асматбеков ҷарроҳии илтиҳоби кӯрруда, санги гурдаи кӯдакон ва бисёр бемориҳои хатарноки ковокии шикам ва шушро анҷом медоданд.
Ҷарроҳ Шодӣ Гулаёзов дар умри кӯтоҳу пурбаракати худ дар ҷодаи ҳифзулсиҳатии сокинони вилоят хизмати арзанда анҷом дод. Ӯ аз пизишки одии шуъбаи ҷарроҳӣ то мудири шуъба расида, солҳо роҳбарии беморхонаи вилоятиро бар дӯш дошт. Бо назардошти хизматҳояш дар як даъват ӯро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ба омӯзишу парвариши кадрҳои тиббӣ шумораи занон дар муассисаҳои табобатӣ афзоиш ёфта, айни ҳол бештар аз 60 дарсади кормандони соҳаро бонувон ташкил медиҳанд. Пизишкони дараҷаи олӣ, ба мисли Ҷамила Худоёрбекова, Озода Шодмонбекова, Мунира Аноятова, Писта Гадомамадова, Сабдавлат Гулҳаёзова, Мобека Сабзалиева, Меҳринисо Назаралиева ва дигар мутахассисони варзидаро мардум аз аввалинҳо ва беҳтаринҳо ном мебаранд. Ба гуфтаи Гулчеҳра Икромбекова, дастоварди табибони тоҷик барои дар муддати кӯтоҳ пешгирӣ намудан ва табобат кардану аз байн бурдани бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон бори дигар бунёдӣ ва пешрафта будани илми тибби тоҷик ва дорои касбияти баланду ворисони арзандаи Сино будани табибони кишварро собит сохтанд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ