Дар мактаб аз сахтгириҳои раиси тозагии синф бачаҳо чунон ҷонсарак шуда буданд, ки ба гоҳи дидани ӯ дар кӯчаву майдончаҳои фаротар аз дабистон ҳам, духтур омад, гуфта, гарду чанги дасту рӯи худро пок ва либосашонро ба тартиб меоварданд. Дар ҷавоби танзу шӯхиҳои аз паяш шунида, ба нохуни ангуштонаш ишора мекард:Дар рустои Навободи ноҳияи Муъминобод дар хонадони табиби эҳёгари Беморхонаи марказӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Модараш ҳам ба симати хоҳари шафқат фаъолият дошта, дуи зодманд ҷиҳати маълумоти олӣ гирифтани духтаронашон заҳмати зиёд мекашиданд. Бо мақсади тарбияи дурусти фарзандон табиби эҳёгар барои духтаронаш реҷаи махсусе ҷорӣ намуда, буд, ки наврасон аз субҳи барвақт то шомгоҳон ягон соат вақти бекорӣ надоштанд.
Дар чунин муҳити таваҷҷуҳи зодмандон ба тозагиву зебопарастӣ ва ҳавасмандкунии фарзандон ба илму донишандӯзӣ , Оқила дар баробари омодагӣ ба дарсҳо ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун рағбат пайдо карда, аз духтарони хушсалиқаи мактабу деҳистони зодгоҳаш ба ҳисоб мерафт.Ҳосили заҳматҳои пайвастаи падар дар тарбияву шаклгирии хислату худшиносии фарзандон буд, ки овони мактабхонӣ дар қатори ду тан довталаб ба медали тилло дабистонро хатм намудам, аз баҳори 17-солагӣ қисса оғоз кард табиби момодоя Оқила Амирова. Бо маслиҳату дуои падар нахуст ба филиали Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дохил шуда, баъди хатми соли дувум таҳсилро дар Душанбе идома дод. Баъди хатми ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино давраи интернатураро дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб гузашта, аз соли 2000 бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ӯро ба Шурообод, (ҳозира ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) фиристоданд.
Мурури солҳо ба гоҳи аз беморхона рухсат додани занону кӯдакони шифоёфта, касро ҳисси фараҳмандиву хушбинӣ фаро мегирад, ки ҳамчун табиб сабаби хушбахтӣ ва сазовори бовариву эҳтироми чандин хонавода мегардад.Баъди як муддати фаъолият ба симати мудири шуъбаи таваллудхона табиби ҷавонро ба вазифаи директори Маркази солими репродуктиви ноҳия таъин карданд, ки тайи 12 соли фаъолият дар ин самт муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба солимии модару кӯдак ҳалли худро пайдо намуданд.
Дар мадди аввал бо фаҳмондадиҳии хонаводаҳо вобаста ба моҳияти ба қайдгирии занони ҳомила ва риояи фосилаи таваллуд, зиёд мушкилиҳои самти солимии модару кӯдакони навзод бартараф шуда, ҳодисаҳои исқоти ҳамл, камхуниву дигар бемориҳои осебпазири занони ҳомила коҳиш ёфт. Он солҳо, ки дар ноҳия табибони бемориҳои занона намерасиданд, тариқи ташкили гурӯҳҳои сайёр деҳа ба деҳа гашта, сокинонро ба ташхису табобат фаро мегирифанд.
Ёд дорам, солҳои донишҷӯӣ падарам ба омӯзиши илми осебшиносӣ пардохта, маро насиҳат дода буд, ки шавқ раҳбару ирода устувор бошад, дар синни бознишастагӣ ҳам бо касби илму ҳунарҳои нав метавон ба халқ хизмат намуд. Аз ин рӯ, зимни муоинаву муолиҷаи беморон андешаву пешниҳоди мутахассисони касалиҳои марбут ба вазъи солимии модарони ҳомиларо шунида, сипас, ба муолиҷаи бемор мепардозам, то муваффақ гардам,-мегӯяд ӯ. Оқила Амирова тули солҳои 2012–2021 дар доираи як лоиҳаи башардӯстона рисолати касбии худро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома бахшида, расондани ёрии тиббӣ ба занону кӯдакони дар шароити вазнини иҷтимоӣ сукунатдоштаро таҷриба намуд.
Тавре иқрор меояд, ба камбахтии бонувони музофоти дурдасти ин кишвар, ҳамчунин, норасоии ғизои солим, маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва дигар нобаробариҳои гендерӣ таъсири манфӣ мерасонданд. Мутаассифона, ҳатто наварӯсон ҳам аввалин давраиҳомиладориро бе назорати табибон паси сар карда, насли худро дар шароитҳои ниҳоят мушкилу тоқатфарсо ба дунё оварда, ба воя мерасонанд. Қатъи назар аз кумакҳои башардӯстона ва роҳандозӣ гардидани хизматрасонии ройгон ба занону кӯдакони навзод, давоми 9 соли фаъолияти мо маргу мири модару кӯдак дар ин кишвар коҳиш наёфта буд. Ҳатто дар шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон, ки маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаи ёрии тиббӣ ба ҳисоб мерафт, бонувон дар ҳолатҳои мушкил ҳам ба табибон муроҷиат намекарданд ва баъзеашон ҳатто аз одитарин маслиҳату машварати табибон бенасиб мемонданд, - иброз дошт дар идома Оқила Амирова.
Дар вилоятҳои Нимрӯз ва Бадахшони ин кишвар, ки ба ҳайси табиби бемориҳои занона фаъолият доштам, лаҳҷаи гуфтору либоспӯшӣ , анъана, урфу одатҳои бонувонаш шабеҳи занонинавоҳии кӯҳистони тоҷик аст. Аммо сатҳи зиндагӣ ва шароитҳои иҷтимоии модарони ду кишвари ҳамсояро қиёс намуда, ба қадри заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар мерасам, ки ба диёри дар гирдоби ҷангу даргириҳо уфтодаи мо сулҳу осоиш овард. Дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро ба мамлакати дар ҳоли рушду инкишоф ва садру мизбони ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил дод. Пас аз гардишҳои бузурги сиёсӣ дар Афғонистон, номбурда аз соли 2021 ба Ватан баргашта, баъди чанд муддати фаъолияти касбӣ ба вазифаи мудири шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таъин шуд.
Ба фарқ аз солҳои пешин, вобаста ба муҷаҳҳазгардонии шуъбаи таваллудхона бо таҷҳизоти муосири тиббӣ , фароҳамоварии шароитҳои муоинаву қабули занони зоё ва, умуман дар сами солимгардонии модару кӯдак беҳбудиҳои зиёд мушоҳида мешаванд. Норасоии табибони дорои маълумоти олӣ аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустии ноҳия ба ҳисоб рафта, ба қавли табибони собиқадор, ба вақти интихоби одилонаи довталабон ба Квотаи президентӣ барои таҳсил дар муассисаҳои олии тиббӣ , мушкили мазкур роҳи ҳал пайдо мекунад. Ба иқрори мудир, алҳол дар Беморхонаи марказии ноҳия 4 духтури бемориҳои занона ва дар муассисаҳои тиббии ҳафт ҷамоати деҳот ҳамагӣ 1 табиби момодоя фаъолият доранд, ин дар ҳолест, ки лоақал дар ҳар деҳкада бояд як табиби бемориҳои занона дошта бошем. Чаро, ки бо фарорасии фасли сармо гузаргоҳҳои деҳаҳои дурдаст баста шуда, омаду рафти сокинон ба маркази ноҳия мушкил мегардад. Хушбахтона, сар аз моҳи майи соли гузашта бо ташаббуси роҳбарияти олии кишвар ва ҷалби шарикони рушд дар ноҳия Барномаи хизматрасонии маҷмуӣ ба модару кӯдак идома дорад. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин як беморхонаи замонавӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти пешрафтаи тиб сохта ба истифода дода мешавад.Айни замон бо мақсади омода намудани мутахассисони оянда духтурони момодоя ва табибони бемориҳои гуногунро ба бозомӯзиҳои дарозмуддат фаро гирифтем, ки тибқи барномаи мазкур баъди чаҳор соли такмили ихтисос бояд чун мута- хассисони олидараҷа дар ин беморхона кор карда тавонанд. Ин ва дигар иқдомҳои ҷадид, гоми устуворе дар татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба сокинони минтақаҳои дурдасти кишвар арзёбӣ мегардад,- мегӯяд Оқила Амирова.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин