Бемориҳои варикозӣ аз зумраи маризии маъмул мебошад, ки аксаран бонувон гирифтори он мешаванд. Бо гузашти синну сол онҳо аз дарди пойҳо ва миён шикоят намуда, ба гуфтаи мутахассисон бо сари вақт муроҷиат накардан ба духтур ҳолати саломатиашон нохуб мегардад.
Дар ин бора табиб, ҷарроҳи рагҳои хунгард, номзади илми тиб Аноҳито Сафарова андешаҳои ҷолиб иброз доштанд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони маҷалла мегардонем:
- Аз он ки дар бадани инсон хун пайваста дар гардиш аст, рагҳои хунгард низ бевосита дар ҳаракатанд. Тавассути рагҳо хун аз боло ба поён ё баръакс, аз поён ба боло, ба дил ҳаракат мекунад. Ҳаракати озодонаи хун боиси кори дуруст ва пурраи мушакҳо мешавад, вагарна баръакси кор, боиси баланд шудани фишори раги варид (вена)-ҳо ва васеъшавии рагҳо мегардад.
Омилҳои зиёде боиси гирифторшавии бемориҳои рагҳои варикозӣ мебошанд. Яке аз омилҳои ин намуди маризӣ ирсист. Бахусус, дар байни кӯдакону мардҳо ин беморӣ чун ирсият мавҷуд аст. Аз ин хотир, онҳое, ки ирсӣ дорои ин беморианд, дар мавриди пешгирии он бояд муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.
Ё ин ки вазни зиёдатӣ, ҳомиладории пайи ҳам, қабули доруҳои ҳормоналӣ, вайроншавии давраи ҳайзбинӣ дар занон(климакс), бардоштани бори вазнин, пӯшидани тагпӯши танг ва пойафзолҳои пошнабаланд ва инчунин, онҳое, ки гирифтори бемориҳои гуногуни музмини ҳамроҳшаванда (диабети қанд, бемориҳои системаи дилу раг, бемориҳои гурда) бештар ба маризии варикозӣ мубтало мешаванд. Аз кори доимии нишаста низ мушакҳо ғайрифаъол ва заиф мешаванд, ки боиси вайрон шудани гардиши хун дар бадан (организм) мегардад.
Дар ҷараёни фаъолият аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки агар дар як рӯз беш аз 40 нафар муоина шавад, 90 фисадашон аллакай бемории рагҳои варикозӣ доранд. Аксаран баъди ба дараҷаи ниҳоӣ расидан ба табиб муроҷиат мекунанд, зеро дар давраҳои аввал дарди сахт дар пойҳо эҳсос намешавад ва ниҳоят зарурати гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ пеш меояд.
- Варами доимии узвҳои поёнӣ (аввал дар пойҳо ва буғумҳо пайдо мешавад), пайдоиши доғҳо ё нуқтачаҳои сиёҳ, захмҳо ва хушкии пӯсти пойҳо нишонаҳои аввалини бемории рагҳои варикозӣ мебошанд. Дар чунин марҳилаҳо шахс хастагии зиёд, нафаскашии шадид ва тапиши дилро эҳсос менамояд.
- Флебит, яке аз мушкили рагҳои варикозӣ мебошад. Дар ин ҳолат рагҳои илтиҳобӣ метавонанд ба тромбофлебит оварда расонанд. Яъне, ба ғайр аз деворҳои рагҳо, бофтаҳои атрофи он низ илтиҳоб мешаванд. Дар пойҳо аломатҳои дарднок мушоҳида мешаванд, пӯст дар минтақаҳои илтиҳоб сурх мешавад ва ҳарорати бадан баланд мегардад.
Дар мавриди аз ҳар гуна таъсири беруна, яъне осебу зарбаи ночиз, хунравии венаҳо ба вуҷуд меояд ва метавонад боиси талафоти зиёди хун ва хатари бузург бошад, ки онро хунравии венозӣ мегӯянд.
Тромбози амиқ низ аз зумраи мушкили рагҳои варикозӣ мебошад, ки он дар натиҷаи вайрон шудани гардиши хун ва деворҳои рагҳои зарардида ба вуҷуд меояд. Лахтаи хун каналҳои венаҳоро мебандад ва боиси тромбози амиқи рагҳо мегардад.
Барои дучори чунин мушкили рагҳои варикозӣ нашудан мебоист бемориро сари вақт табобат намуд. Духтури ботаҷриба рагҳои варикози пойҳоро дар зуҳури ибтидоии он муайян мекунад.
Даврае, ки бемории СOVID – 19 оламро фарогир буд, аксаран дар таҳлилҳо ғафсии хун ё лахташавии хун зиёд мушоҳида мешуд. Ҳамчунин, дар гирифторони бемориҳои саратон, ҳепотит ва сиррози ҷигар лахташавии хун дида мешавад.
- Дар ҳама самтҳои қишри ҷомеаи муосир бо рушди бемайлони технология пешравию равнақ дида мешавад. Тибби муосир низ аз ин истисно нест. Таҷҳизоти тиббии замонавӣ имкон медиҳад, ки дар як амал аз иллати рагҳои варикозӣ наҷот ёфт.
Алҳол, барои табобати рагҳои варикозӣ усулҳои гуногуни натиҷабахш истифода мешаванд. Ба мисоли ҷарроҳӣ, истифодаи усулҳои консервативӣ (дармонбахшии компрессионалӣ, доруворӣ, физиотерапия) ва усулҳои муосири ғайриҷарроҳӣ, аз қабили табобати лазерӣ ва ғайра.
Солҳои охир усули ҷарроҳӣ, ба истилоҳ ҷарроҳии анъанавӣ хеле кам истифода мешавад. Табобати лазерии рагҳои варикози пойҳо яке аз усулҳои маъмулист, ки дар муддати кӯтоҳ, тақрибан дар давоми 40 – 60 дақиқа тариқи шуои лазерӣ мушкилӣ бартараф мегардад.
- Муҳимтарин пешгирии рагҳои варикозӣ ин тарзи ҳаёти солим ва ташкили дурусти меҳнату истироҳат мебошад. Аз ин хотир, ҳамчун табиб, бахусус ба бонувон тавсия медиҳам, ки қаблан фосилаи байни ҳомиладориро риоя намоянд. Истеъмоли ғизои солим ва худдорӣ намудан аз хӯрдани хӯрокҳои равғанӣ, шӯру бирён ва шуғл варзидан ба машкҳои ҷисмонӣ зарур аст.
Баъдан, дар давраи пайдоиши аввалин рагчаҳои кабуд дар болои пӯсти пойҳо муроҷиат ба духтур ҳатмист. Истифода аз бинтҳои эластикӣ (рӯзона печондани пойҳо аз кафи по то боло) ба манфиат мебошад.
Қутбия Неъматулло