Зиёда аз сӣ сол аст ба дидаҳо нур мебахшад. Дар маркази бемориҳои чашми ВМКБ, дар шаҳри Хоруғ, камолоти касбӣ ёфтасту чун табиби ҳозиқ маҳбуб гаштаст.
Ашхоси дардманд бар ин боваранд, ки бемории чашм, бахусус, вақте инсон аз қувваи босира маҳрум мемонад, аз ҳама дарднок ва сангин аст.
- Аз оби марворид чашмҳоям парда гирифтанду биноиро аз даст додам. Ноумедӣ ба дилам панҷа зад, зиндагиро баробари марг медонистам. Хеле дер ба пизишк муроҷиат намудам ва умед надоштам, ки боз дунёи равшанро мебинам. Вале ба шарофати табиби ҳозиқ Мобека Сабзалиева ҷарроҳии чашмонамро анҷом доданд, боз дунёи рӯшанро дидаму шукр мегӯям. Гӯё аз нав таваллуд шуда бошам, худро бардам ва ҷавонтар ҳис мекунам, - баён дошт Парвин Хокмамадова, ки пас аз ҷарроҳии бомуваффақият ва табобат дар марказ бо қалби лабрези сипос аз нурбахшон дар иҳотаи хешовандони шоду масрураш варақаи ҷавоб шудан аз марказро ба даст мегирифт.
Алҳол М. Сабзалиева роҳбари маркази вилоятии бемориҳои чашм дар Хоруғ аст. Дар марказ зиёда аз 15 намуди ҷарроҳии чашм, ба шумули тамоми намудҳои захми чашм ва чашмпарда бо сифати баланд анҷом дода мешаванд. Вале барои ҷарроҳӣ дар қисми шаффофи шабакаи чашм усули лазерӣ истифода мешаваду дар ихтиёри марказ ҳанӯз чунин таҷҳизоти зарурӣ ва гаронарзиш қарор нагирифтааст. Бо талаби роҳбари марказ табибон ба хотири ҷилавгирӣ аз сарсониву саргардонии беморон ҳар нафари қабулшударо дурусту дақиқ ташхис мекунанду имконияти табобаташ дар марказ набошад, барояш дар беморхонаҳои пойтахт табобат гирифтанро тавсия менамоянд.
- Чанде пеш ҳис намудам, ки дар чашмам ноқисие ба амал омада истодааст. Ба маркази бемориҳои чашм муроҷиат намудам. Пизишк Мобека аз аломатҳои нороҳатии ман муфассал пурсон шуда, ба ташхиси чашмам шуруъ намуд. Вақти зиёдашро ба маълум намудани беморӣ бахшид. Мегӯянд, ки муносибати хуби табиб ба мизоҷ равондармонӣ ва ними табобати бемориҳост. Аз фарҳанги баланди муносибати ин табиби ҳозиқ аз лаҳзаҳои аввал худро хеле сабук ҳис намудам. Пизишк маро дилпур намуд, ки чашм танҳо аз таъсири луоб тира шудааст ва имкони табобат ҳаст, аммо барои ҷарроҳӣ ба пойтахт рафтан лозим меояд. Зеро таҷҳизоти ҳозиразамони лазерӣ дар вилоят нест.
Дар шаҳри Душанбе ба Маркази ҷумҳуриявии касалиҳои чашм ва клиникаи хусусии бемориҳои чашми «Солим Мед» коғази ташхисро нишон додам. Баъди ташхиси такрорӣ бо асбобҳои замонавӣ дар ҳар ду табобатхона натиҷаи ташхиси аз тарафи бемориҳои чашми вилоятӣ гузарондашуда тасдиқ гардид. Пурсиданд, ки дар Хоруғ аз ташхиси кадом духтур гузаштам ва чун номи Мобека Сабзалиеваро гирифтам, изҳор доштанд, ки ӯро хуб мешиносанд ва ба маҳорати касбиаш баҳои баланд доданд. Пас аз муолиҷа ва сиҳат ёфтан ба хона баргаштаму нисбати пизишкони муолиҷакунанда ҳам дар вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ дар қалбам меҳри беандоза ҷо гирифт, - мегӯяд собиқадори соҳаи маориф, сокини шаҳри Хоруғ Абдулҳусейн Хушназаров.
Соле, ки дар Хоруғ Маркази ташхиси тиббии Оғохон боз шуд, Мобека дар қатори табибони аввалине буд, ки ба ин Марказ даъват гардида, аз имтиҳони ҷиддии мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ гузашт. Лекин ӯ ҷойи кори пештараашро тарк накард, зеро ин ҷоро барояш хонаи дувум медонад.
Мобека Сабзалиева дар оилаи духтур таваллуд шудааст ва аз хурдӣ хуб медонад, ки табибӣ касби фахрӣ бошад ҳам, масъулияти баланд ва садоқату ҷоннисории касбӣ талаб менамояд. Падараш Қурбоналӣ Сабзалиев яке аз аввалин духтурони дорои маълумоти олии Бадахшон зиёда аз чил сол умри худро сарфи хидмати халқ намуд. Ӯ ҷарроҳи беҳтарини касалхонаи вилоятӣ ба шумор мерафт ва аз теғи ҷарроҳиаш ҳазорҳо нафар сокинони вилояту ҷумҳурӣ шифо ёфтаанд.
Мобека дар кӯдакӣ ҳайрон мешуд, ки барои чи падар, агарчанде баъзан дер аз кор бармегардад, шабона боз, вақте ки дигарон дар хобанд, хеста ба ҷои кор меравад. Вақте калонтар шуд, сабабашро донист, вале чунин сарборӣ ва ташвишу тараддудҳои падар дар интихоби касбаш монеъ нашуданд. Ҳанӯз дар овони мактабхонӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил мекард ва дӯстдоштаи ҳамсинфону муаллимон буд, қарор дод, ки дар оянда мисли падар духтур шуда, ба халқ хизмат намояд.
Соли 1986, баъди хатми МТМУ № 5 - и шаҳри Хоруғ Мобека ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил гардид. Таҳсил барояш мушкил набуд. Зеро аз фанҳои биология, химия ва забони русӣ дониши хуб дошт. Бо ҷиддият ва масъулияти беше ба таҳсил пардохту адабиёти илмиро мехонд ва аз устодон ба таври фардӣ маслиҳат мепурсид. Вақти интихоби ихтисос тасмимаш қатъӣ буд, ки мисли падараш ҷарроҳ мешаваду бо маслиҳати падар пизишки чашмро интихоб намуд.
Баъди хатми Донишгоҳ соли 1992 бо қарори комиссияи тақсимоти мутахассисони ҷавон М. Сабзалиева ба ихтиёри раёсати тандурустии вилоят фиристода шуд ва ӯро ба шуъбаи касалиҳои чашми касалхонаи вилоятӣ сафарбар намуданд. Роҳбарияти шуъба Мобекаи ҷавонро хуш пазируфт ва дар доираи имконият барояш шароит муҳайё намуд. Табибони соҳибтаҷриба супориш гирифанд, ки ба мутахассиси ҷавон мунтазам дар ташхиси беморон ёрӣ расонанд. Ба гуфтаи табиби пуртаҷриба, собиқадори соҳаи тиб, Корманди шоистаи Тоҷикистон Қудрат Чарсемаков, фазилатҳои баланди инсонӣ ва касбии бонуи ҷавон аз рӯзҳои аввал зоҳир гашта, ӯ мавриди эҳтирому эътибори аҳли кормандон қарор гирифт.
Бо гузашти солҳо таҷриба ғун мешуд, малака ва эҷодкорӣ ривоҷ меёфту Мобека Сабзалиева бо заҳматҳои пайваста, инсондӯстиву касбияти баландаш чун пизишки ҳозиқу кордон байни ҳамкасбону маризон шуҳратёр гардид.
Мобека модари се духтар асту яке ба ҳайси мутахассиси равоншинос дар Донишгоҳи Торонтои Канада кор мекунад. Духтари миёна дар Донишкадаи Москва ихтисоси пизишки равоншиносро меомӯзаду духтари хурдиаш, ки айни ҳол мактабхон аст, мегӯяд, ки ба мисли модар пизишки чашм мешавад.
Дар Бадахшон омилҳои табиӣ ба афзоиши бемориҳои чашм сабаб мешаванд. Аз таъсири нурҳои ултрабунафш дар шароити баландкӯҳӣ, бахусус фасли баҳор ашхоси зиёд аз илтиҳоби баҳорӣ шикоят мекунанд. Пизишкони марказ ба манзури ҷилавгирӣ аз ин намуди бемориҳои чашм байни сокинони маҳалҳои дурдаст тарғиботи густарда роҳандозӣ намудаанд.
Ҳамарӯза шахсони зиёд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Маркази бемориҳои чашм ва Маркази тибби Оғохон соатҳо дар навбат меистанд, зеро медонанд, ки ба онҳо пизишки соҳибтаҷриба, меҳрубону хайрхоҳ, кордону дилсӯз, накукору ширингуфтор, хушмуомилаю соҳибтаҷриба хизмат мерасонад. Аз наздаш болидахотиру бо умед ва боварӣ ба шифои комил ёфтан мебароянду дар ҳаққаш суханони нек мегӯянд, ба мисли Парвин Хокмамадова, ки гуфта буд: «Ай нури дидагонам…».
М.ШОҲҶАМОЛ, шаҳри Хоруғ