Ғизошиносон панҷ нӯшикиеро ном бурданд, ки шахсро аз фарбеҳӣ эмин медоранд. Ғизошинос Сюзан Боуэрман изҳор доштааст, ки нӯшокии газдори парҳезӣ барои нест кардани чарбуи шикам кӯмак мерасонад.
Нӯшокиҳои солиме мавҷуданд, ки боиси зиёд гардидани вазни бадан намегарданд, баръакс, барои нест кардани равғанҳои вистсералӣ (чарбуҳое, ки узвҳои ҳаётан муҳими қисми шикамро мепечанд) ёрӣ мерасонанд, - гуфта мешавад дар матлаби портали амрикоии Eat This, Not That.
Тавре ғизошинос Сюзан Боуэрман, директори таълим ва омӯзиши умумиҷаҳонии ғизо дар Herbalife Nutrition шарҳ медиҳад, нӯшокиҳои ширин қанди хунро зиёд менамоянд, ки боиси дучор шудан ба вазни барзиёд мегардад.
"Нӯшокиҳое, ки сатҳи қанди хунро паст карда, вазни баданро кам месозанд, вуҷуд надорад”, - гуфт ӯ.
С. Боуэрман нӯшокиҳои бекалорияро аз воситаҳои ёрирасон дар мубориза бо равғани вистсералӣ номид, аз ҷумла чой, қаҳва ва содаи парҳезиро ном бурд, ки таркиби онҳо бидуни шакар аст. Дар баробари ин, табиб маслиҳат дод, ки ба нӯшокиҳое, ки аз ширинкунандаҳои сунъӣ истеҳсол мешаванд, бо кадом ғизоҳо истеъмол мегарданд, ба назар гиранд.
"Агар шумо картошкабирёне, ки дорои миқдори зиёди равған аст, истеъмол намоед, маҳз ҳамон ба гирифтани вазни барзиёд мусоидат менамояд, на оби газдори парҳезӣ," - таъкид намуд ӯ.
Дар ин феҳрист дар ҷои дувум чойи сабз қарор дорад. Он дорои кофеин ва катехинҳо - моддаҳои фаъоли биологии рустанигӣ мебошад.
"Ин ду ҷузъи муҳим ба раванди бошиддати оксидшавии чарби бадан ва нестшавии онҳо мусоидат мекунанд", – мегӯяд парҳезшинос Рейчел Дикман. Ҳамзамон, ӯ таъкид менамояд, ки барои раҳо шудан аз фарбеҳӣ аз чойи сабз сӯистеъмол кардан нашояд, зеро он кафолати ба зудӣ лоғаршавиро намедиҳад, вале дар умум ин чой таъсирбахш аст.
Дар рӯйхати навбатӣ чойи сиёҳи шириннашуда қарор дорад. Он аз флавоноидҳои табиӣ бой аст, ки ба кам кардани равғанҳои висцералӣ мусоидат менамояд.
Нӯшокии чорум қаҳва аст. Аз ҳисоби оне, ки дар таркибаш кофеин дорад, иштиҳоро пахш карда, ҳамчунин ба хориҷ шудани гармӣ аз бадан мусоидат менамояд, ки ба ин тариқ, калорияҳои истифодашуда зуд хориҷ мегарданд.
Бауэрман, ҳамчунин маслиҳат дод, ки коктейлҳои протеиндорро, ки дар таркиби худ зардоб доранд, бинӯшанд.
"Агар шумо чунин коктейлҳоро истеъмол фармоед, он барои кам кардани равғани висцералӣ ёрӣ мерасонад. Шумо муддати тӯлонӣ худро сер ҳис намуда, ба истеъмоли ғизоҳои карбогидратдор майл намесозед", - шарҳ дод ӯ.
Ҳамчунин, коктейлҳои иборат аз сафедаҳо барои аз даст надодани вазни мушакҳо ҳангоми лоғаршавӣ кӯмак мекунанд, ки ин барои вазнпартоӣ бағоят муҳим аст.
Ситора АШӮРОВА