Ҳар нафари ба «Осоишгоҳи Баҳористон» оянда нахуст бо муовини аввали осоишгоҳ-сардухтури муассиса Гулнора Ғафурова дидор мебинад ва ӯ бо табассуми малеҳу зебанда, бо лабони пурханда, бо каломи ширин мизоҷро пешвоз гирифта, набзашро санҷида, мувофиқ ба маризияш даво менависад.
Гулнорабону дар миёни аҳли кормандон аз муомилаву муносибати некбинонаву ғамхоронаи сардухтури муассиса ёд оварда, ҳамвора зикр мекунад, ки хислатҳои неки инсонии ин бонуи кордон ӯро дар ҷомеа, обруманд гардондааст.
Аз кӯдакӣ орзу дошт, ки духтур шаваду хилъати сафед ба бар гирифта, ба беморон хидмат расонад.
- Соле, ки мактабро хатм намудам, дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфту волидонам маро барои таҳсил дар шаҳри Душанбе иҷозат надоданд. Бинобар ин, дар филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 1998 факултаи муолиҷавиро бо тахассуси духтури амрози занона хатм кардам. Инак, 23 сол аст, ки ба ташхису табобати мардум машғулам, - мегӯяд табиби корозмуда ва меафзояд:
- Фаъолияти тиббиам аз беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт. Инчунин, дар таваллудхона низ шуғл варзидам. Солҳои 2001–2011 мудири дармонгоҳи Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов будам.
Соли 2011 Гулнорабону дар ҶДДМ «Осоишгоҳи Баҳористон» ба ҳайси духтури амрози занона ба фаъолият пардохта, то соли 2016 бо дарки масъулияти баланд рисолати касбии хешро анҷом дод. Роҳбарияти муассиса заҳматҳои шабонарӯзияшро қадр ва соли 2016 ӯро муовини аввали директор - сардухтури осоишгоҳи мазкур таъин намуданд.
- Шахсоне, ки барои муолиҷаву табобат меоянд, кадом хидматрасониҳо пешниҳод мегарданд?- мепурсам аз ӯ.
- Осоишгоҳ номгӯи хидматрасониҳо, аз қабили гармидармонӣ, нерудармонӣ, гилдармонӣ бо лойи «Саки»-и Украина, лазердармонӣ, намакдармонӣ, сӯзандармонӣ, обдармонӣ, муолиҷаи сутунмуҳра, гӯшу гулуву бинӣ, маҳс, муолиҷаи амрози занона, ташхиси рентгенӣ ва ғайраро пешкаш менамояд.
Ҳайати кормандони осоишгоҳ таҳти роҳбарии Рустам Маҳмудов барои истироҳату фароғати хуши истироҳаткунандагон тамоми шароитро фароҳам овардаанд. Хидматрасониҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шудаанд. Зеро ба ин ҷо сайёҳону истироҳаткунандагони хориҷӣ низ ташриф меоранд ва табиист, ки сатҳи омодагию хидматрасонӣ дар истироҳатгоҳ бояд мувофиқи талаботи байналмилалӣ бошад. Давраҳои табобатӣ асосан аз 10 рӯз иборат буда, бо номҳои махсус амалӣ мегарданд. Муолиҷаи системаи гардиши хун–«Дили солим», узвҳои нафаскашӣ–«Нафаси озод», системаи асаб–«Асабҳои ором», узвҳои ҳозима–«Меъдаи солим», узвҳои таносул – «Оилаи хушбахт», системаи мушаку устухон –«Роҳгардии хушхиром», системаи эндокринологӣ – «Табъи хуш», ҳамчунин, барномаи санаторию курортии 6-рӯза барои калонсолон бо номи «Истироҳати табобатӣ» ва барои кӯдакону наврасон таҳти унвони «Кӯдакии хушбахтона» аз зумраи онҳо аст.
«Осоишгоҳи Баҳористон» дар соҳили Баҳри тоҷик, дар минтақаи аз ҷиҳати экологӣ тоза воқеъ буда, табиати зебою руҳафзо дорад. Иқлими баҳрӣ ба ҷисм таъсири мусбат мерасонад ва хотири инсонро болида мегардонад.
- Як лаҳзаи хотирмонро аз раванди кор дар осоишгоҳ бароямон қисса мекардед?
- Табиби номдоре аз Федератсияи Россия тавассути интернет дар бораи осоишгоҳ маълумот гирифта, баъди чанде ҷиҳати табобату фароғат ба ин макон омад. Давраҳои табобатиро комилан гирифт ва ҳангоми рафтан бо ризояту хушҳолӣ ба аҳли кормандон хайрухуш намуда, гуфт: «Ман хидматҳои шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам». Пас аз рафтанаш, дар арафаи ҳар иду маросим ба ҳамаи он ашхосе, ки дар давраи истироҳаташ ба ӯ хидмат карда буданд, туҳфаҳо мефиристад, занг мезанад. Албатта, ин гуна хотираҳо аз ёд зудуда намешаванд.
Дилафрӯз АВАЗ,
рӯзноманигор