Суҳбати ихтисосӣ бо дандонпизишки Пажӯҳишгоҳи илмӣ - клиникии стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй
Зубайда Анварӣ:
- Аксари табибони бемориҳои дарунӣ бар он назаранд, ки носолимии дандони инсон боиси хуруҷи маризиҳои узвҳои ҳозима мегарданд. Ба мисоли дарди меъдаю рӯда, талхадон ва ғайра. Шумо ҳамчун дандонпизишк дар ин маврид чӣ андеша доред?
- Воқеан, барои ғуншавӣ ва афзоиши микроорганизмҳо ковокии даҳон, яъне забону дандон ва комҳо муҳити мусоиданд, ки сипас онҳо тариқи гулу вориди узвҳои дарун мешаванд. Як дандони пӯсида бас аст, ки садҳо ҳазор микробу бактерияҳои дар он инкишофёфта кори узвҳои дарунро вайрон намояд. Бо дандонҳои пӯсидаю дардманд низ хоидани хӯрок басо ногувор аст, ки ин ҳолат ҳазми ғизоро дар меъда мушкил мегардонад. Аз ин хотир, мебоист бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои пӯсиши дандон, ки дарди он аз нӯшидани оби хунук ва ширинӣ оғоз меёбад, ба дандонпизишк муроҷиат намуд.
- Одамон асосан бо кадом намуди маризиҳои узвҳои ковокии даҳону дандон муроҷиат менамоянд?
- Дар таҷрибаи беш аз 20 соли дандонпизишкӣ кам нафареро вохӯрдаам, ки дар марҳилаи аввали пайдоиши дарди узвҳои ковокии даҳон ё дандон ба табиб муроҷиат намояд. Табиист, ки ин хислати мардуми мост. Онҳо пас аз дарду ранҷи зиёд ва ҳадди осеб дидани асаби решаҳои дандон рӯ ба табиб меоранд.
Пародонтит, пародонтоз ва гингвит аз ҷумлаи бемориҳои бофтаи мулоими дандон мебошанд, ки аксар аз ин бемориҳои стоматологӣ дард мекашанд. Бо риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ милкҳои дандон осеб дида, пӯсиши дандон ва сипас илтиҳоби милки дандон сар мешавад. Дар ин сурат, ба хотири расондани ёрии тиббӣ ба бемор табиб маҷбур аст, асабҳои решаи дандонро безарар гардонад. Пешгирии пӯсиши дандон ва сари вақт ба дандонпизишк муроҷиат намудан, имкони дурудароз нигоҳ доштани дандонҳои табиист.
- Пӯсиши дандон, ба истилоҳ «кариес» ва дарди шадиди дандон дар бонувон бисёр вақт дар давраи ҳомиладорӣ ва пас аз таваллуди тифл ба назар мерасад…
- Бале, дар баробари риоя накардани тарзи нигоҳубини дандонҳо нарасидани витаминҳо ва калсий дар организм низ боиси пӯсиши дандон мегарданд, ки воқеан, ин ҳолат дар давраи ҳомиладории бонувон рух медиҳад. Мусаллам аст, ки бо инкишоф ёфтани кӯдаки батн, меъёри миқдори калсий дар организми зан кам мешавад. Мутаассифона, на ҳар вақт аз ҷониби духтурон ба занҳои ҳомила тавсияи истифодаи калсий дода мешавад. Бонувон, қабл аз давраи ба нақша гирифтани ҳомилагӣ, бояд дар баробари истеъмоли кислотаи фолий, инчунин, витаминҳо ва калсий нӯшанд. Ҳамчунин, хӯришҳо ва ғизоҳое омода намоянд, ки аз калсий бой бошанд, ба мисоли тухм, маҳсулоти ширӣ, гӯшту моҳӣ ва ғайра.
- Истифодаи доруҳои карахткунанда барои саломатии модару кӯдаки батн хатарнок нест. Фарз кардем, зани ҳомила бо дарди шадиди дандон ба назди Шумо меояд. Дар ин ҳолат чӣ кор мекунед?
- Воқеан, ин ҳолатҳоро зиёд дучор шудаем. Дар баробари илмҳои замона соҳаи стоматология низ пешравӣ дорад ва кашфиёти муосир кори табибон ва ҳам дарди беморонро сабук намудааст. Хамираи «Девит» беҳтарин усули бедардкунии дандон аст, ки бо истифода аз он бе доруҳои карахткунанда, ҳатто илтиҳоби милки дандон табобат карда мешавад.
Баъдан, пештар ташхиси рентгении занҳои ҳомила мумкин набуд, ҳоло бошад, бо истифода аз техникаҳои муосири рентгенӣ чоғу дандонҳо ташхис мешаванд.
- Ба фикри Шумо алҳол бузургтарин таҳдид ба солимии дандонҳо чист? Стресс ё худ афсурдаҳолӣ, ки руҳияи аксари одамон дучори ин ҳолати психологӣ аст, ғизо ё муҳити экологӣ?
- Ин ҳама ба солимии дандон бетаъсир намемонанд. Ғизо омили муҳими солимии ҳам бадан ва ҳам дандонҳо мебошад, ки тариқи истеъмоли он организм бо витамин ва калсий таъмин мегардад. Муҳити зист низ бетаъсир буда наметавонад, зеро истеъмоли аз ҳад зиёди фторид бо об на танҳо ба дандонҳо, балки ба узвҳои дарунӣ низ зарар мерасонад. Миқдори оптималии фтор набояд аз 1,5 мг/л зиёд бошад. Афсурдаҳолӣ ва эҳсосоти манфӣ боис мегардад, ки одам ба беҳдошти дандонҳо аҳамият надиҳад. Ё бруксизм (ғиҷиррос кардани дандон ҳангоми хоб) як мушкили хеле маъмул аст, ки аксар вақт аз афсурдаҳолӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа дандонҳо сахт кафида, сири дандон фарсуда мешавад, ки ниҳоят кариес ё пӯсиши дандон ба амал меояд. Илова бар ин, аз сабаби сахт фишурдани дандонҳо ҷоғ, гардан, сар ё гӯш дардманд мешавад.
- Дандонҳои солим, зебо ва сафед доштан орзуи ҳар кас аст, бахусус бонувон. Технологияи навин имкон фароҳам овардааст, ки истифода аз усулҳои ҳозиразамон дар соҳаи стоматологӣ дандонҳои каҷшудаю зардгаштаро рост ва сафед намуд. Магар он ба солимии дандон зарар намерасонад?
- Барои дандонҳои каҷро рост намудан, усули нав, яъне брекет ё худ симбандии дандонҳо истифода мешавад, ки ин нигоҳубини хоссаро тақозо мекунад. Дар мавриди нашустани дандонҳо ва мондани боқимондаҳои хӯрок зери симҳо сири дандон вайрон мешавад ва онҳо мепӯсанд.
Ҳар он чизе, ки барои сафед кардани дандон истифода мешавад, ба сири дандон бетаъсир намемонад. Зеро таркиби он мавод моддаҳои кимиёвӣ доранд, ки сири дандонро вайрон менамояд. Бархе аз бонувон аз ҳар гуна маҳлулҳо ё мавод барои сафед намудани дандонҳо истифода мебаранд, ки ин комилан хатост. Зеро дар шароити хона сафед кардани дандон ғайриимкон аст.
Баъзан бемороне, ки дандонҳояшон аз таъсири дуди сигор зард шудааст ё санг пайдо намудааст, ба мо муроҷиат менамоянд. Баъди сафед кардани дандонҳо ба онҳо тавсия медиҳем, ки аз маҳлулҳо ва махсус дорувории барои мустаҳкамкунии сири дандон истифода баранд.
- Ва ниҳоят, дар мавриди нигоҳубини дандонҳо, бахусус дандонҳои сунъӣ, ки имрӯз аксар аз он истифода менамоянд, чанд тавсия медодед…
- Қаблан усули дуруст шустани дандонро мебоист риоя кард. Имрӯз дар бозору мағоза чуткаҳое, ки барои тарзи дуруст шустани дандонҳо мувофиқанд, фаровон дар фурӯш мебошанд. Ҳар рӯз 2 бор на камтар аз 2 - 3 дақиқа дандонҳои болою поинро шуста, бо чутка ҳар ду тарафи даҳонро даврзанон тоза намоед, то боқимондаҳои ғизои истеъмолнамуда ба пуррагӣ аз дандонҳо пок шаванд. Усули дигари нигоҳубини дандонҳо истифодаи гиёҳобҳо мебошад. Масалан, чайқондан бо обгиёҳҳои чойкаҳак, шалфей ва бобуна дандонҳоро мустаҳкам намуда, газаки онҳоро мегиранд.
Интихоби хамираи дандоншӯйӣ низ нозукии худро дорад. Барои пешгирӣ аз кариес ё пӯсиши дандон метавон хамираҳои дандоншӯйии фтордорро истифода намуд. Онҳое, ки аллакай сири дандонашон осеб дидааст, барояшон хамираҳои дандоншӯйии таркибашон аз гиёҳҳо омодашуда муфидтар мебошад.
Воқеан, солҳои пеш дандонҳои сунъиро калонсолон мемонданд, вале имрӯз аксари ҷавонон аз ин намуди дандонҳо истифода мебаранд. Дандонҳои сунъӣ низ мисли дандонҳои табиӣ нигоҳубини хоссаро тақозо менамоянд. Бахусус, дандонҳои сунъии гирифташаванда бояд ҳар шаб аз даҳон гирифта ва дар зарфи тоза нигоҳ дошта шавад. Саҳар пеш аз истифода онро бо чутка тоза шуста, баъд истифода намуд. Вагарна, аз таъсири микробу бактерияҳои беруна ҷоғу милки дандонҳо осеб дида, боиси пайдоиши дигар бемориҳои вобаста ба дандон мегардад.
Қутбия зикриллоева